• 05.02.2019

Байти Лоиқу угро ба Бозор

Лоиқ бо хоҳиши мо шабзиндорӣ кард, Бозори ташнаи угро дар ҳавои сарду қаҳратун дар истгоҳ соате чанд моро интизорӣ кашид. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ, каме хомӯш шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар баъзе аз гӯшаҳои диёрамон нооромиву бетартибиҳо идома доштанд. Дар ҳамон  солҳо, банда дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  фаъолият мекардам ва бо тавсияи раиси ҳамонвақтаи ин созмон […]

  • 05.02.2019

Суғд: Гирифторони ВНМО 80 нафар зиёд шудааст

Гирифторшавӣ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар вилояти Суғд соли 2018  80 ҳодиса зиёд шудааст. Бино ба гуфти сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд  Фаррух Мақсудзода давоми соли 2018 дар вилоят 389 нафар бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки синну соли шумораи умумии онҳо 30-то 49 сола аст: -“Дар қайди марказ 2384 […]

  • 05.02.2019

          Ғафуров:  5482 оила  соҳиби  Сертификати замин шуданд

Бо 7 адад қарорҳои раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 6014 оилаҳои эҳтиёҷманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва масоҳати 0, 06 гектарӣ дода шуд.  Бино ба гуфти раиси ноҳия Зариф Назирӣ Аз 6014 оилаҳои эҳтиёҷманде, ки ба онҳо қитъаи замин ҷудо карда шуд 5482 оилаҳо бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ корҳои сохтмониро […]

  • 05.02.2019

Қудои президент муовини раиси Хадамоти амният шуд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 феврал қудои худ Ботир Турсуновро муовини аввали раиси Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар таъйин кард. Ба гуфтаи як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон, зидди муовини пешини раиси Хадамоти амнияти давлатӣ Ҷаҳонгир Эгамови 46-сола ва як қатор мақомҳои баландпояи дигари ин ниҳод бо ҷурми фасодкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мирзиёев […]

  • 05.02.2019

Ҳисор: Ҳамлаи саги одамхӯр ба кӯдакон

Дар деҳаи Кафшдузони шаҳри Ҳисор як саги ваҳшӣ аз кӯҳ фаромада, шаш сокини ин деҳаро газидааст ва боз ба чанд сокини деҳаи мазкур ҳамла намудааст. Мардуми деҳоти Шоҳон,Чашмабозор ва Нилу, ки ба ин деҳа наздиканд аз рафтани фарзандонашон ба мактаб дар тарсу ҳаросанд. Як нафар сокини деҳаи мазкур ба сомонаи Тajikistantimes.com дар тамос шуда, гуфт, […]

  • 05.02.2019

Садамаи марговар дар Норак. (3 акс)

Санаи 16 январи соли ҷорӣ дар деҳаи Чашмаи ҷамоати Дуконии шаҳри Норак, соати тахминан 12-21-и шаб садамаи нохуше ба вуқуъ пайваст, ки якбора ҷони се ҷавонро рабуда, пайвандони як авлодро мотамзада гардонд. Як нафар шоҳиди ҳодиса ба хабарнигори «Тajikistantimes.com» оиди садама чунин гуфтааст. Рузи сар задани фоҷеа сари чанбараки мошини тамғаи Опел хечбек Манучеҳр Бекови […]

  • 05.02.2019

Диловар Қодирзода директори Маркази тадқиқоти стратегӣ таъин шуд

Мувофиқи хабарҳои дарёфтӣ,ки ҳануз расман тасдиқ нагардидаанд, Диловар Қодирзода, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Ӯ дар ин вазифа Худойбердӣ Холиқназарро, ки солҳои охир  ин ниҳоди тадқиқоти стратегиро  роҳбарӣ мекард, иваз намуд. То ин дам Диловар Қодирзода доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор  наздики 7 сол […]

  • 05.02.2019

Гуфтушуниди Лавров бо Раҳмон

5 феврали соли 2019 дар Қасри миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,    Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, изҳор […]

  • 05.02.2019

Роҳи Хуҷанд боз баста шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ-ягона роҳ ба шимоли кишвар манъ шудааст. Масъулини ширкати IRS мегӯянд, ки боришот дар роҳ шадид аст ва онҳо водор шуданд, ки ҳаракат дар роҳи мазкурро боздоранд.Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS  гуфтааст ,ки аз субҳи имрӯз ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз километри 47-ум ба Хуҷанд ва аз самти ноҳияи Айнӣ […]

  • 05.02.2019

Ҷавоҳиротдузд дастгир гардид

Ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ бо ариза зани 57-солаи сокини кӯчаи Карамшои ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш 1500-сомонӣ, ҷавоҳироти тиллоӣ ва масолеҳи сохтмониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5350-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия […]

  • 05.02.2019

79000-долларро гирифту барнагардонд

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. Номбурда, моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор, марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо баҳонаи ба тиҷорат машғул шудан, 79000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 […]

  • 05.02.2019

Духтарчаи дусола дар садама ҳалок гардид

Рӯзи 4-уми феврали соли 2019, тахминан соати 18:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Алимардонов Айниддин Ҳазратқулович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Кӯлоб», дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Искандаров Хушнуд Яқубович, соли таваллудаш 1993, сокини […]

  • 05.02.2019

Толеъномаи 5 феврал 2019

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар ин рӯз табъатонро болидаву саломатиятонро эҳтиёт кунед. Агар хаста шуда бошед, дар хона истироҳат кунед. Барои табобати дандон рӯзи мусоид аст. Ҳангоми робита бо фарзандон садо баланд  накунед, ҳақ будани худро бо зурӣ нишон надиҳед. Аз пашша фил сохта, бо рашки беасос ҳам худ ва ҳам ёратонро азият надиҳед. Савр ( […]

  • 05.02.2019

Ҳавопаймоҳои Туркманистон дигар ҳақи парвоз ба Аврупоро надоранд

Оҷонси амнияти авиатсионии Аврупо рӯзи 4 феврал ширкати ҳавопаймоии «Хатҳои ҳавоии Туркманистон»-ро шомили рӯйхати сиёҳ ва парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатро ба кишвари Иттиҳоди Аврупо манъ кард. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Бритониё хабар медиҳад. Ба навиштаи нашрияи «Хроника Туркменистана», ҷониби Туркманистон бояд риояи меъёрҳои байналхалқии амниятиро тасдиқ кунад. Аммо дақиқ нест, ки ширкат кадом […]

  • 05.02.2019

Имрӯз барф меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар додаанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар шарқи вилоят барфи шиддатнок меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард шуда, ҳарорат  […]