• 20.07.2019

Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

  • 19.07.2019

Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

  • 07.02.2019

Арӯси 72- солаю домоди 19-сола

Як ҷавони 19-сола ба пиразани 72-сола бо тамоми ҳастӣ ошиқ шудааст. Гари баъди ду ҳафтаи шиносоӣ бо Алмеда Хардвики 72-сола пешниҳоди оиладоршавӣ карда буд ва акнун онҳо якҷоя умр ба сар мебаранд. Ҷавон гуфтааст, ки чашмони кабуди Алмеда ӯро ошиқи зор гардониданд. Вай аз айёми наврасӣ ба духтарон таваҷҷуҳ надоштааст. Вақте ки Гари дар бораи […]

  • 07.02.2019

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» 7-сола шуд

Яке аз барномаҳои пурбинандаи телевизион дар Тоҷикистон 7 сол аст, ки сокинонро аз хабару рӯйдодҳои ҷолиби кишвар ва ҷаҳон огоҳ мекунад. Барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон»-и рӯзноманигори тоҷик Фатҳиддин Замон ҳафтсолагии фаъолияташро таҷлил мекунад. Барнома таҳлиливу сиёсӣ буда, масоили зиёди сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангиро дар бар мегирад. «Тоҷикистон ва ҷаҳон» 7 феврали соли […]

  • 07.02.2019

Ҳалокати чаҳор узви як хонавода аз бӯйи газ

Дар вилояти Павлодари Қазоқистон чаҳор узви як хонавода — зану шавҳар ва ду кӯдаки онҳо — аз газ заҳролуд шуда, фавтиданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳанд, ки ҷасади 4 узви як хонавода рӯзи чаҳоршанбе дар манзили хусусие пайдо шуд. Онҳо аз бӯи газ фавтидаанд. Мақомот ному насаби фавтидаҳоро нашр карданд: Рустам Бекболотов (соли таваллуди […]

Дин 0
  • 07.02.2019

Омӯзгороне, ки хайр намекунанд бемаош мемонанд

Дар баъзе аз ноҳияҳои Ӯзбекистон кормандони муассисаҳои давлатӣ ошкоро ба қарори ҳукумат норозигӣ баён доранд, ки интиқоли маоши якрӯзаи «буҷавиҳо»-ро ба беҳсозии вазъи зистмуҳитии атрофи баҳри Арал пешбинӣ мекунад. Як омӯзгор аз ноҳияи Ҷалолқудуқи Ӯзбекистон гуфт, ӯву чанд ҳамкораш барои он натавонистанд моҳонаашонро дарёфт кунанд, ки қарори мазкурро «бо хоҳишу ташаббуси хеш» иҷро накарданд. Ба […]

  • 07.02.2019

Сергей Лавров аз Донишгоҳи славянии Россия ва  Тоҷикистон дидан кард 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва  Тоҷикистон ҳамроҳи ректорашон Нуралӣ Солеҳов Вазири  корҳои хориҷии Россия Сергей Лавровро пешвоз ва бо ӯ акс мегиранд. Сергей Лавров дар рафти сафар ба Тоҷикистон дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон суханронӣ  кард. Дар даромадгоҳ вазирро донишҷӯёни тоҷик ва рус бо либосҳои […]

  • 07.02.2019

Сафина: Рӯйхати сиёҳ надорем

Носир Саидов, директори телевизиони “Сафина” мегӯяд, ки муассисаи тобеъи ӯ “рӯйхати сиёҳ” надорад ва ҳамаи сарояндагони тоҷик ҳуқуқи баромад карданро тариқи ин телевизиони фарҳангӣ, доро ҳастанд. Ин нуктаро Носир Озодович зимни нишасти матбуотии ниҳоди  тобеъаш, имрӯз дар шаҳри Душанбе баён намуд. “Шумо кадом сарояндаро мешиносед, ки дар телевизиони “Сафина” надида бошед. Мо ба ҳама дар […]

  • 07.02.2019

Сайдуллои Амин тарки дунё кард

Достонсарои тоҷик Сайдуллои Амин шаби 7 феврал дар синни 79 дар зодгоҳаш – ноҳияи Қубодиён аз олам чашм пӯшид. Сайдуллои Амин 7 декабри соли 1940 дар деҳаи Гузари Болои ноҳияи Қубодиён ба дунё омада, тамоми умр дар Қубодиён зиндагӣ ва эҷод кардааст. Сайдуллои Амин бештар дар мавзӯъҳои таърихӣ шеъру достон менавишт, ки маъруфтаринҳояш «Абӯмуслимнома”, «Достони […]

  • 07.02.2019

Ҳуқуқшинос бо пора ба даст афтид

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар як ҳуқуқшиноси «Агроинивестбонк»-ро барои гирифтани пора боздошт кардааст. Нисбати ӯ бар асоси моддаи 279-и Кодекси ҷиноятӣ ,парванда боз намуд.Сӯҳроб Раҳимов, ҳуқуқшиноси «Агроинивестбонк» аз як муштарии бонк барои аз гарави бонк озод намудани се манзил 2500 доллар талаб карда, ҳангоми гирифтани 1500 доллар дастгир шуд. Сӯҳроб Раҳимов […]

  • 07.02.2019

Ташкили фоҳишахонаву кордкашӣ аз хабарҳои ВКД

Даромади муфт аз ҳисоби ташкили фоҳишахона Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 6-уми феврали соли 2019 хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 31-солаи сокини пойтахт ва зани 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, марди 33-сола […]

  • 07.02.2019

Тест: Бой мешавӣ ё фақир?

Хушбахтӣ дар боигарӣ нест мегӯянд, вале дар зиндагии мо пулу мол нақши хеле бузургро мебозад. Шумо имкони бой шуданро доред ё не? Барои ба ин савол ҷавоб пайдо намудан, ба саволҳои санҷишнома аз сидқи дил ҷавоб диҳед. Инак, рафтем! Саволи 1: Ба шумо 100.000 сомонӣ пешниҳод мекунанд ва барои дар давоми сол чанд карат зиёд […]

  • 07.02.2019

Хайрулло Ибодзода ба Нурсултон Назарбоев Эътимодномаи супорид

Сафири Фавқулода ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода 6 феврал дар Кохи «Ақорда» ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора  бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд. Президенти Қазоқистон зимни муроҷиат ба сафирон, таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, Сарвари Қазоқистон иброз дошт, ки […]

  • 07.02.2019

“Аҳмақии” Януковичро худаш гуфт

Виктор Янукович намояндагони Иттиҳодияи Аврупоро гунаҳкор кард, ки моҳи феврали соли 2014 ӯро фиреб додаанд. Янукович гуфт, ки аврупоиҳо ӯ водор намуданд, ки бо мухолифон созиш кунад, «вале баъдан аз мақом барканор шудани ӯро қонунӣ арзёбӣ намуданд». «Маро аҳмақ карда партофтанд», — гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ дар Маскав.Президенти собиқи  Украина гуфт, ки чанд рӯз […]

  • 07.02.2019

Шумораи одамони қочоқшуда афзудааст

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки танҳо дар соли 2017 даҳҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон мавриди қочоқ ва ё истисмор қарор гирифтаанд.  Бино ба омори такондиҳандае, ки як идораи мубориза бо ҷинояткории Созмони Миллали Муттаҳид нашр кард, дар он сол 86 шаҳрванди Тоҷикистон ба дасти қочоқбарон афтодаанд, ё дар кишваре мисли ғулом истифода шудаанд.Оморро намояндагони Идораи мубориза […]

concert
App Banner