• 22.07.2019

Раисони 6 ноҳияи Хатлон барканор шуданд

Ба иттилои расида бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони 6 ноҳияи вилояти Хатлон аз вазифаҳояшон барканор гардидаанд. Раисони ноҳияҳои Ёвон Амирбеки Темур, Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор, Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон, Восеъ Ғафурзода Мусо, Вахш Шарбатулло Азизулло ва раиси ноҳияи Носири Хусрав Садриддинзода Нуриддин аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

  • 22.07.2019

Президент вафот кард?

Бар асоси хабарҳои агентиҳои иттилоотии Русия, Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури 62-солаи Туркмистон бар асари бемории гурда даргузаштааст.

  • 12.02.2019

Хатлон: Фавти се узви як оила аз дуди ангишт

Се узви як хонавода дар ноҳияи Кӯшониён бо эҳтимоли зиёд бар асари хориҷ шудани дуди ангишт дар хонаи худ ҳангоми хоб фавтидаанд. Ҳодиса шаби рӯзи 10 ба 11-уми феврал рух додааст ва ҷасади падар Зокир Шокирови 49-сола, писараш Анас Шокирови 19-сола ва духтараш Мадина Шокироваи 18-соларо ҳамсояҳо субҳи рӯзи 11-уми феврал аз хонаи хобашон пайдо […]

  • 12.02.2019

Тоҷик Эйр ва Сомон Эйр — ки бурду ки бохт?

Агенти авиатсияи гражданӣ дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо иштироки намояндагони ВАО дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар «нишасти матбуоти доир намуд.  Нахуст директори  Агенти авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Икром Субҳонзода оиди натиҷаҳои фаъолияти Агенти  дар соли 2018 ба рӯзноманигорон маълумот дода зикр намуд: «Айни ҳол […]

  • 12.02.2019

Маоши Месси 8,3 миллион евро

Феҳристи футболбозоне, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии аврупоӣ маоши аз ҳама баланд мегиранд, эълон шуданд. Рӯйхати онҳо дар сомонаи нашрияи L’Equipe чоп шудааст. Дар садри ин рӯйхат ҳамлагари «Барселона»-и Испания Лионел Месси қарор дорад. Ӯ дар як моҳ 8,3 миллион евро (ба ҷуз пардохти андоз) фоида мекунад. Мақоми дувумро ҳамлагари «Ювентус»-и Италия Криштиану Роналду касб намудааст. […]

  • 12.02.2019

442 миллион зарар аз ҷиноят

Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари ин ниҳод Сулаймон Султонзода баргузор гардид,ки дар маҷмӯъ аз фаъолияти ин ниҳод Агентӣ  дар соли сипаришуда маълумот дода шуд. Мувофиқи гуфти  директори Агентӣ, дар ин давра дар сохторҳои гуногун  зиёда аз 1248   тафтишот гузаронида шуда, ба маблағи 601,4 миллион сомонӣ […]

  • 12.02.2019

Боздошти марди шуғнонӣ бо сангҳои қимматбаҳо

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт марди 48-солаи сокини ноҳияи Шуғнон бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ дастгир карда шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 41-адад сангҳои рангашон гуногун мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-адад сангҳои «Ёқут» вазнаш 10,23 грамм, 1 адад санги «Лаъл» вазнаш […]

  • 12.02.2019

Аарон Рэмзи ҳамдастаи Роналду шуд

Нимҳоятгари бошгоҳи «Арсенал»-и Лондон Аарон Рэмзи бо дастаи “Ювентус”-и Италия қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи шаҳри Турин хабар медиҳад. Футболкори уэлсӣ ба хулосае омад, ки қарордоди ҳамкориро бо бошоҳи лондонӣ тамдид накунад ва аз ин фурсат “Ювентус” истифода карда, пешниҳоди бастани қарордодро бо ниммуҳофизатгар анҷом дод. Бадин васила аз […]

  • 12.02.2019

Саге, ки дар кафи даст меғунҷад

Намояндагони китоби Гиннес расман саги зоти чихуахуаро бо лақаби Милли саги хурдтарини ҷаҳон эълон намуданд. Ин сагчаи хурдакак аз они сокини Пуэрто-Рико Ванесса Сэмлер аст. Дарозии қади Милли, яъне, аз сутунмуҳра то нӯги панҷаҳои пояш 9,65 см, буда, вазнаш тақрибан 0,5 кг будааст. Сагчаи хурдтарини ҷаҳон аз рӯйи андоза шакли гурбаро дорад ва бо осонӣ […]

  • 12.02.2019

Обунаи маҷбурӣ боиси барканории мудири мактаб гашт

Мудири мактаби №10 ноҳияи Янгиюли Ӯзбекистон Шавкатҷон Риззоев барои маҷбуран обуна кардани омӯзгорон ба нашрияҳои даврӣ аз мақом барканор шуд. Дар ин бора расонаҳо Ӯзбекистон бо такя ба вазорати маорифи он кишвар хабар медиҳанд. Риззоев дар моҳи январ ба омӯзгорон дастур додааст, ки якбора ба чанд маҷалла обуна шаванд. «Роҳбари мактаб дар асоси моддаи 181 […]

  • 12.02.2019

Тахриби биноҳои 130-сола дар Тошканд

Мақомоти Ӯзбекистон тасмим доранд, ки дар маркази шаҳри Тошканд биноҳои қадимиро тахриб кунанд. Бархе аз ин биноҳои истиқоматӣ ҳанӯз дар соли 1891 сохта шудаанд. Сокинон зидди тахриб кардани биноҳо ҳастанд. Ба гуфтаи сокинон, намояндагони ширкати хусусии «Muhandis-Konsulting» ваъда кардаанд, ки дар ҷои биноҳои қадимӣ хонаҳои баландошёна месозанд ва барои сокинон дар биноҳои нав манзил медиҳанд. […]

Дин 0
  • 12.02.2019

Баргузории фестивали «Чакомаи гесӯ» дар Хоруғ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ даври ниҳоии фестивали «Чакомаи гесӯ»  баргузор гардид. Дар он сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, урфу одат, расму суннат ва ҳунарҳои қадимиву дастовардҳои имрӯзаи худро ба намоиш гузоштанд.      Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Зубайда Раҷабова гуфт, ки «яке аз ҳадафҳои аслии […]

  • 12.02.2019

“Микроавтобус” чорабинии навбатии БДА (Видео)

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати микроавтобусҳои мусофирбар чорабинии мақсаднок оғоз гардид. Ин чорабинӣ аз 5 феврал то 5 марти соли равон идома хоҳад кард. Мақсад аз гузаронидани ин амалиёт пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои аз меъёри муқарраргардида зиёд гирифтани мусофирон дар микроавтобусҳо, аз хатсайри муқаррагардида баромадани онҳо, бе иҷозатнома мусофиркашони кардан ва […]

  • 12.02.2019

Дар интихоботи президенти 44 номзад иштирок мекунад

Дар интихоботи президентии Украина теъдоди рекордии номзадҳо — 44 кас иштирок хоҳанд кард. Президенти кунунии кишвар Петр Порошенко низ яке аз номзадҳои асосӣ ба шумор рафта, мегӯяд, дар панҷсолаи дувуми президентияш кишварро ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО шомил хоҳад кард. Бино ба назарпурсиҳои ахир, дар интихоботи президентии 31 март сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко ва […]

  • 12.02.2019

Имрӯз борон меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,  дар баъзе ҳолат боридани барфи кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. […]

concert
App Banner