Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Фононбонк» тендер эълон мекунад

Мудири  махсуси ҶСК «Фононбонк», ки мувофиқан бо  Ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2017, тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ», таъин карда шудааст, эҳтиромона мерасонад, ки музоядаи фурӯши молу мулки ҶСК «Фононбонк» рӯзи 02.12.с.2019  соати 10:00  бо вақти маҳаллӣ,  бо  суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи  М.Турсунзода 17,  гузаронида мешавад. Дар музояда дороиҳои бонк,  амволҳои гарави сандуқи қарзии мавҷуда  ва дигар молу амволҳо ба миқдори умумии 121 номгӯй,  ба маблағи 152,6  млн. сомонӣ, ба фурӯш бароварда мешаванд. 

Барои иштирок дар музояда хоҳишмандон ва пасандоздорони бонк метавонанд дархостҳои худро ба Саридораи  ҶСК «Фононбонк»,  воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 17, пешниҳод намоянд. Дар музояда намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон низ иштирок менамояд.

Дархостҳо барои иштирок дар музояда то 29.11.2019 қабул карда мешаванд. Маблағи кафолатӣ барои иштирок дар музояда оиди хариди амволҳои ғайриманқул – 1 700,00 сомонӣ, амволҳои манқул – 450,00 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Телефонҳо барои тамос: +992 44 600 80 10; 

+ 992 44 600 80 11; +992 44 600 54 33.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.