Видео

  • 11.10.2019

Абдулло Раҳнамо: Варшава саҳнаи муколама набуд! (Видео)

Барои узви ҳайатҳо танҳо як маротиба имкони суханронӣ дода мешуд. Яъне, на ибрози назар мешавад, на баҳс мешавад ва на тавсияҳо қабул мешавад.

  • 10.10.2019

ВКД Русия ва Тоҷикистон муборизаро алайҳи қочоқи наркотик ташдид мекунанд (видео)

Кормандони ниҳодҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар зарфи як соли ахир муштаракан 2,5 ҳазор ҳодисаи қочоқи маводи мухаддирро ошкор ва беш аз 760 килограмм маводи мухаддирро мусодира кардаанд.   Ин маълумот дар Ҳамоиши якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Маскав эълон шудааст. Бино ба иттилои ВКД-и Федератсияи Русия, Дар ин ҳамоиш […]

  • 05.10.2019

Умеди Ҷайҳонӣ: Забони мо тоҷикӣ не, рӯзбакист! (Видео)

Имрӯз ҳам дар Хоруғ мардум бо забони шуғнӣ сухан мекунанд, вале дар идораҳо бо забони расмӣ – форсӣ ҳарф мезананд. 1100 соли пеш дар давлати Сомониён низ чунин будааст, аҳли дарбор бо форсӣ суҳбат мекарданд, мардум бо суғдӣ.

  • 05.10.2019

Сафорати Русия: Ба пешрафти забони русӣ дар Тоҷикистон алоқамандем (Видео)

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш барои забони русӣ ва боло бурдани сатҳи он дар Тоҷикистон талош хоҳад кард.

  • 17.09.2019

Дилбар Умарова: Ман беҳтарин зан ҳастам! (Видео)

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова 70 — сола шуд, аммо мавлуди ӯ дар доираи маҳдуди оила ва дӯстон таҷлил гардид. Албатта, ҳамкоронаш дар театр ӯро фаромӯш накарданд ва дар оғози мавсими имсола, ки мусовӣ ба мавлуди ӯ омад, барояш гулдаста ҳадя намуданд. Чаро ҳунарпешае, ки номаш қариб ним аср вирди забонҳост ва худаш гули сари сабади маҳфилҳост, мавлуди хоксорона доир кард? Суҳбати мо ҳам аз ҳамин суол оғоз шуд…

  • 12.09.2019

Мир Мафтун: Бобоям аз Кӯлоб ва тоқии бадахшӣ самбули ман аст!(Видео)

Мир Мафтун, сарояндаи маъруфи тоҷик аз Афғонистон аст, ки бо иҷрои сурудҳои мардумӣ дар ҷаҳони форсизабон маҳбубият ба даст овардааст. Ҳунарманд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлол бо як сафари кӯтоҳ дар Душанбе қарор дошт. Зимни ин сафар суҳбате доштем бо сароянда, ки фишурдаи он пешкаши шумо мегардад.

  • 06.09.2019

Сафирон мафтуни Ховалингу Балҷувон шуданд (Видео)

31 августи соли равон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корпусҳои дипломатӣ, сафирон ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, аз ҷумла Россия, Британияи Кабир, Афғонистон, Эрон, Қатар, Ҳиндустон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо ба ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон сафар намуда, аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои ҷаззоби он дидан намуда, бо ёдгориҳо, урфу одати мардуми тоҷик аз наздик шинос шуданд.

  • 02.09.2019

Раис ятимонро сила, масъулинро танбеҳ медиҳад (Видео)

Мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Ҳамадонӣ Ҳамагӣ 1 фоизи ҷавонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ба хизматӣ ҳарбӣ мераванд. Хотирбинӣ мекунед. Нисбати масъулин чора намебинед. Танҳо аз пайи камбағалон медавед. Канӣ фаъолияти назарраси бахшҳои ҷавонон ва идеологияи ноҳия? Вазифаи шумо танҳо рақсу бозӣ нест! Ин нуктаро 24-уми августи соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон […]

  • 30.08.2019

Шаҳрдорӣ майдонча месозад, сокинон хароб мекунанд (Видео)

Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 13 майдончаи варзишӣ бо харҷи 9 миллиону 750 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

  • 27.08.2019

Генерал Куфӣ: Ин интихобот тақаллубӣ хоҳад шуд (Видео)

Генерал Куфӣ, раҳбари бахши Ҳизби халқи демократи Афғонистон дар Осиёи Марказӣ ва Русия буда ва аз соли 1992 дар Душанбе зиндагӣ мекунад.

  • 22.08.2019

Афғонистон: 100 сол ташнаи сулҳ (Видео)

19 август дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе 100-умин солгарди Истиқлолияти Афғонистон таҷлил гардид.

  • 21.08.2019

Ҳоҷиёни Тоҷикистон: Шайтона зада омадем, аз роҳи шайтон мегардем (Видео)

Нахустин гурӯҳи 170-нафараи зоирони тоҷик субҳи имрӯз, 21 август аз шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба Душанбе баргаштанд.

  • 21.08.2019

Фоҷеа дар Конибодом ва қаҳрамонии капитан Иброҳимов (Видео)

Фаррух Иброҳимов 23 октябри соли 1992 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, дар оила фарзанди нахустин буд. Аз соли 2010 то соли 2015 дар Институти ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Перм таҳсил карда, баъди хатм фаъолияти хизматиашро дар қисми низомии 3501 РКД ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст.

App Banner