Иқтисод

  • 20.09.2019

Олмон ба Тоҷикистон ҳудуди 10 миллион евро ҷудо мекунад

Бонки рушди Олмон тасмим гирифтааст, барои иҷрои тарҳҳои бахши кишоварзии Тоҷикистон 9,6 миллион евро ҷудо кунад. Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин замина Неъматулло Ҳикматуллозода ва Андреас Шнайдер, масъули бахши Бонки рушди Олмон дар Тоҷикистон санади ҳуқуқиро имзо карданд. Олмон аз нахустин кишварҳои Аврупоист, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф карда, робитаҳои […]

  • 19.09.2019

Мукофотпулӣ ба раиси Шаҳритуз

Дар  шаҳри Бохтар даври якуми мусобиқаи меҳнатии 15 – рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2019 натиҷагирӣ шуд. Ин мусобиқа  бо мақсади қадршиносӣ кардани пахтакорони пешқадами вилоят роҳандозӣ гардида, ҳар 15 рӯз ҷамъбаст карда мешавад. Пахтакорони ноҳияи Шаҳритуз дар даври аввали мавсими пахтачинӣ ғолиб шуда, ба раиси ин ноҳия аз ҷониби раиси вилоят Қурбон […]

  • 19.09.2019

Хатлон: Қарзи андоз ба 176 миллион сомонӣ расид

 Ба иттилои Абдурозиқ Солиев, муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон ҳаҷми қарзи андоз дар вилоят ба 176 миллиону 147 ҳазор сомонӣ расидааст, ки аз ин 116 миллионаш қарзи мушкилситон ҳисобида мешавад.    Ба гуфти манбаъ дар вилоят 6 ҳазору 106 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 12 ҳазору 260 андозсупоранда ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, 26 ҳазору 203 соҳибкори […]

  • 19.09.2019

Пешниҳоди хариду фурӯш бо пулҳои миллӣ

Александр Дадаев, раиси Иттиҳоди соҳибкорон ва саноатгарони Туркманистон дар ҷаласаи байниҳукуматии Комисияи ҳамкориҳои Туркманистону Қирғизистон пешниҳод кард, ки аз хариду фурӯш бо доллар даст кашанд. Дар суханронии рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Бишкек Дадаев гуфт, доду гирифт байни ду кишвар бо манати туркманӣ ва соми қирғизӣ ба роҳ монда шавад. «Агар соҳибкории хусусӣ то соли […]

  • 16.09.2019

Пахтачинии иҷборӣ дар Ӯзбекистон

Дар баъзе аз ноҳияҳои Ӯзбекистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд. Кормандони баъзе аз муассисаҳои давлатӣ бо вуҷуди ваъдаи мақомоти ӯзбек, ки имсол касеро иҷборан ба пахтачинӣ намебаранд, ба пахтазорҳо сафарбар шуданд. Кормандони бархеи муассисаҳои давлатии вилояти Андиҷон 14 сентябр дастаҷамъона ба пахтазорҳо сафарбар шуданд. Аз онҳо иҷборан баёнот гирифта шудааст, ки «бо хоҳиши худ […]

  • 13.09.2019

Боз бӯҳрон. Бӯҳрони ҷадиди ҷаҳонӣ аз куҷо маншаъ мегирад?

Аз замони бӯҳрони ахири ҷаҳонӣ 10 сол сипарӣ мешавад ва боз хатари бӯҳрони иқтисодӣ пайдо шудааст. Ҳоло ин бӯҳрон аз куҷо сар мезанад? Вақте бозорҳои молӣ ба ҳадди ниҳоӣ мерасанд, назари ҷамъияти сармоягузорӣ мутафовит мешавад. Бештари онҳо бовар доранд, ки бозор мушкили феълиро паси сар мекунад ва имкон дорад рушди иқтисод идома пайдо кунад. Бахши […]

  • 13.09.2019

Афзоиши ҷиддии қарзи берунии Тоҷикистон

Қарзи берунии Тоҷикистон аз хатти 50 дарсади Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии (ММД) гузаштааст. Дар гузориши “Мусоидат ба имконоти рушди Тоҷикистон”-и Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки дар муддати 5 соли оянда Тоҷикистонро лозим аст, 40 дарсади қарзҳои берунии худро пардохт кунад. Дар ин гузориш далели баякбор боло рафтани мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ба миқдори 500 миллион доллар […]

  • 11.09.2019

Афзоиши муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон

Дар соли ҷорӣ муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар7 моҳи соли 2019 аз Тоҷикистон 357 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки далели болоравии теъдоди […]

  • 10.09.2019

РОҒУН. ДИДОР БО ПРЕЗИДЕНТ

Хушбахтам, ки Ҷашни Соҳибихтиёрии Тоҷикистонро имсол дар Роғун пешвоз гирифтам. Чархи дувум гардон шуд ва як рукни қавии дигар ба кохи истиқлоли ин кишвар афзуд. Шубҳае нест, ки дар кишвар ид болои ид омад ва гоми дигаре гузошта шуд, то Тоҷикистон ба содиркунандаи муҳими барқ дар минтақа табдил ёбад. Ҳарчанд ҳамсояҳо ба фикри барқи боз […]

  • 10.09.2019

Нахустин электробус дар кӯчаҳои Тошканд

Нахустин электробус, ки оғози моҳи сентябр ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон оварда шуда буд, рӯзи шанбеи гузашта дар кӯчаҳои шаҳр ба гардиш даромад. Ба иттилои мақомот, автобуси санҷишӣ рӯзи 7 сентябр ба гардиш даромад. Vitovt Electro E420 бо низоми захирасозии энержӣ муҷаҳҳаз аст, ки гардиши нақлиётро давоми 21-25 км таъмин мекунад. Электробус давоми 6-8 дақиқа неру […]

  • 09.09.2019

Фаврӣ: Чархаи дуюми Роғун ба кор даромад

Чархаи дуюми неругоҳи барқи обии Роғун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Рӯзи 9 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ бо ҳузури беш аз 10 ҳазор нафар сохтмончиёни неругоҳ ва меҳмонони дохилию хориҷӣ бо калимоти “Бисмиллоҳу раҳмон-ир-раҳим” бо пахши тугма расман чархаи дуюми неругоҳи Роғунро фаъол кард. Чархаи аввали неругоҳи Роғун рӯзи 16-уми ноябри […]

  • 06.09.2019

Мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Роғун

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар иртибот ба оғози фаъолияти агрегати дуюми неругоҳи Роғун ба 42 нафар аз сохтмоничиёни он мукофотҳои давлатӣ супурд. Рӯзи 6 сентябр Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими тақдими ҷоизаҳо ҳозиринро ба муносибати руйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфт. […]

  • 06.09.2019

Воридоти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 50 фоиз афзоиш ёфтааст

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба миқдори 71,8 миллион метри кубӣ гази табиӣ  бо арзиши 9 миллион доллар ворид кардааст. Интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон пас 6 соли танаффус дар моҳи апрели соли гузашта оғоз шуда ва дар соли 2018 дар маҷмӯъ 54 миллион метри кубӣ газ ворид […]

App Banner