• 26.06.2019

Ифтитоҳи роҳи нави автомобилгард дар Рашт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Рашт як қисмати роҳи маҳаллиро, ки пурра навсозӣ карда шудааст, мавриди истифода карор дод.

  • 25.06.2019

Швейтсария 133 миллион доллари Гулнора Каримоваро ба Ӯзбекистон бармегардонад

Додситонии кулли Швейтсария 24 июн хабар дод, ки 133 миллион доллари аз суратҳисоби Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов мусодирашударо ба Ӯзбекистон таслим мекунад.

  • 24.06.2019

Хатлон: 6 ҳазор сокин ҷойи корашонро аз даст доданд

Давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 188 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондааст, ки дар натиҷа, 6 ҳазор шаҳрванд ҷоий кории хешро аз даст доданд.

  • 24.06.2019

Зуҳуров: 1800 сомонӣ барои корхонаи семент маоши паст аст

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба зарарнок будани фаъолият дар корхонаи семент барои саломатии инсон 1800 сомонӣ муқаррар шудани маоши миёна дар корхона одилона нест.

  • 21.06.2019

Дар Русия меваҳои аз Тоҷикистон воридшударо нобуд карданд

Дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав кормандони Назорат бар маҳсулоти кишовазии ин кишвар аз вуруди зардолуи олудаи ҳашарот ҷилавгирӣ карданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ин ташкилот дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав, ин зардолу дар бағоҷи мусофири тоҷикистонӣ кашф ва мусодира шудааст. Назорат бар маҳсулоти кишовазии Русия гуфтааст, ки феълан вуруди зардолуи тару тоза аз Тоҷикистон […]

  • 19.06.2019

Мушовири Президенти Ӯзбекистон ба фасод гумонбар шуд

Аҳмад Юнусхўжаев,мушовири раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар фасод ва истифодаи нодуруст аз маблағҳои буҷет ба миқдори калон гумонбар шудааст.

  • 18.06.2019

Швейтсария аз Тоҷикистон пуштибонии молӣ мекунад

Ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар соли 2018 13 696,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод (содирот-1 639,9 ҳазор доллари ИМА ва воридот – 12 056,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

  • 12.06.2019

«Тоҷиксодиротбонк» харидор меҷӯяд

“Тоҷиксодиротбонк” барои фурӯши 80 дарсади саҳмияҳояш харидор меҷӯяд. Ин миқдор саҳмияҳои бонкро 300 миллион доллар нарх гузоштаанд. Эълони фурӯши саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо – “Тоҷинвест” – нашр кард.

  • 12.06.2019

Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад

Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст дубора ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шавад.Ба ин манзур ҳукумат 5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст.

  • 07.06.2019

«Hyatt Regency»-и Дерипаска ба фурӯш меравад

«Тоҷинвест», идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо ба Тоҷикистон аз фурӯши меҳмонхонаи Hyatt Regency дар шаҳри Душанбе хабар дод.

  • 07.06.2019

Бонки Ҷаҳонӣ ба бахши обрасонии Душанбе 30 миллион доллар дод

Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъи обрасонӣ ва таъмини сокинони Душанбе бо оби софи ошомиданӣ ба миқдори 30 миллион доллари амрикоӣ кумаки билоиваз ҷудо кардааст.

  • 07.06.2019

Қатъи интиқоли неруи барқ дар баъзе қисматҳои Душанбе

Ба далели иҷрои корҳои таъмирӣ дар хатҳои барқи шаҳри Душанбе ба баъзе аз минтақаҳои пойтахти Тоҷикистон интиқоли неруи барқ қатъ мегардад.

  • 03.06.2019

Навбат барои харидории маводи ғизоӣ

Дар фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон садҳо нафар барои харидории маводи зарурии хӯрокворӣ, ба мисли биринҷ, шакар, орд ва равғани растанӣ бо нархҳои давлатӣ навбат мепоянд.

App Banner