• 16.07.2019

Вазир: Моҳи апрел нархи ҳандала 50 дирам буд! (Видео)

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар 15 июл миёни хабарнигорон ва вазир дар атрофи нархи гарони тарбуз ва содироти он ба хориҷи кишвар мубоҳисае сурат гирифт.

  • 16.07.2019

Хатлон: Сохтмони 34 иншоот ба таъхир афтодааст

Дар вилояти Хатлон сохтмони 34 иншооти таъиноти гуногун ба таъхир гузошта шудааст. Сохтмон дар ин иншоот солҳои пеш оғоз гардида, вале бо сабаби маблағгузорӣ нашудан корҳои сохмтонӣ қатъ гардиданд.

  • 15.07.2019

Вазири кишоварзӣ: Саршумори чорво кам нашудааст (Видео)

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ саршумори чорвои калон ба 2350,3 ҳазор сар ва гӯсфанду буз 5780,9 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 101,7 дарсад ва гӯсфанду буз 100,9 дарсад зиёд гардидааст.

  • 15.07.2019

Атоев: Эҳтимол муддати сабти симкортҳо бо шиносномаи нав тамдид шавад

Мақомоти Хадамоти алоқа гуфтанд, ки дар сурати то 15 август пурра иҷро нашудани раванди ивазкунии шиносномаҳои барориши соли 1996 бо шиносномаҳои ID мумкин аст муддати раванди сабти симкортҳо тамдид шавад.

  • 12.07.2019

Духтари Гулнора Каримова аз Президент хост то модарашро озод кунад

Имон Каримова низ пас аз вохӯрӣ бо модараш дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муроҷиат кард.

  • 12.07.2019

Ҷарима барои нигаҳдории чорво

Сокинони атрофи шаҳри Ишқободи Туркманистонро барои нигаҳдории чорво ҷарима мекунанд. Мақомот ба назорати манзили сокинон баромада, дар сурати пайдо шудани чорво, соҳибони онҳоро ҷарима мебанданд.

  • 12.07.2019

Ҷонибдории Тоҷикистон аз визаи ягона дар Осиёи Марказӣ

Як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кардани раводиди ҳамсон ба визаи шенгени Иттиҳоди Аврупо – Silk visa-ро баррасӣ доранд.

  • 11.07.2019

Меркелро боз табларза гирифт (ВИДЕО)

Дар як моҳи охир бори севум аст, ки ларзидани шадиди Ангела Меркел мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.

  • 11.07.2019

Масрафи беш аз 25 миллион доллар барои харидории дору

Бино ба маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 25 миллион доллари амрикоӣ дору ва таҷҳизоти тиббӣ ворид гардидааст.

  • 10.07.2019

Чаро сокинони баъзе аз ҷамоатҳои Исфара ифротӣ шуданду баъзе дигар не?

Сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара мегӯянд, маҳз хуб донистани дини Ислом ва кофӣ будани дониши дунявӣ буд, ки тавонист пеши роҳи сокинони ин ҷамоатҳоро аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ кунад.

  • 10.07.2019

Оилаи як тоҷикистонии узви ДИИШ аз Афғонистон баргашт

Аъзои як хонаводаи тоҷикистонии узви ДИИШ пас аз таҳаммули сахтиҳои зиёд ба зодгоҳашон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бозгаштаанд.

  • 10.07.2019

Тарабхонаи Месси 15 рӯз камбизоатонро бепул мехӯронад

Тарабхонаи ҳамлавари мунтахаби Аргентина ва бошгоҳи “Барселона” – Лео Месси, ки дар шаҳри Росариои Аргентина ҷойгир аст, барои шахсони камбизоат ва нодор хизматрасонии ройгонро ба роҳ мондааст.

  • 10.07.2019

Украина: Боз як зархариди ӯзбек кушта шуд

Дар Донбасс яке аз зархаридони дигари узбек, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷумҳурии мардумии худхондаи Донетск зидди артиши Украина меҷангид, кушта шуд.

App Banner