Иҷтимоъ

  • 06.09.2019

Бадахшон камбағал дораду гадо не!

Гузаштагони мо умри бобаракати худро бо нимсерию нодорӣ гузаронидаанд. Ҷомеаи башарӣҳар қадар рушд ёбадҳам, лекин як қишри камбағал, бенаво дар он боқӣ мемонад. Инсонҳо баъзан бо гуноҳи худашон ба ин рӯзи сиёҳ гирифтор мешаванду баъзан зарбаҳои мушти зиндагӣ онҳоро ба чунин ҳол мерасонад. Чун рӯи чаҳорроҳаи тақдир уфтоду пай бурд, ки оҳангҳои гиряву нолаашро бидуни худаш нафари дигаре намешунаваду шоми рӯзгораш пайваста тиратар мегардад, иҷборан бо нигоҳҳои имдодталабона, дидаҳои пури сиришк дасти ларзонашро тарафи роҳгузарон дароз карда мегӯяд:

  • 06.09.2019

Тақвияти чораҳои амниятӣ дар рӯзҳои ид

Дар иртибот ба 28-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон кормандони ниҳодҳои қудратии кишвар чораҳои амниятиро тақвият додаанд. Дар назар аст аз 7 то 13 сентябр дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон тадбирҳои амниятӣ ташдид шуда, маҳали таҷаммӯи сокинон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ посбонӣ мешавад. Дар Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр ҷашни истиқлол дар саросари кишвар ба таври тантанавӣ таҷлил мегардад. […]

  • 05.09.2019

1150 нафар аз шаҳрвандии Ӯзбекистон маҳрум шуданд

Рӯйхати ашхосе, ки аз шаҳрвандии Ӯзбекистон маҳрум хоҳанд гашт, нав шуд. Сафорати Ӯзбекистон дар Москва шумори онҳоро 1150 нафар номидааст. Бино ба хабарҳо, ин афрод беш аз се сол дар хориҷ аз кишвар кор карда, худро то ҳол дар қайди консулгариҳо намондаанд. Дар рӯйхати мазкур 947 қазоқтабор, 84 рус, 43 ӯзбек, 25 қарақалпоқ ҳаст. Ҳамчунин […]

  • 05.09.2019

Эътирозҳои зиддичинӣ дар панҷ шаҳри Қазоқистон

Сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон чандин рӯз мешавад, зидди бунёди 55 корхонаи чинӣ дар ин кишвар ва сафари президент Қосимҷомарт Тоқаев ба Пекин эътироз доранд, ки қарор аст, рӯзҳои 11-12 сентябр сурат бигирад. Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи апрели соли 2019 дар ҷараёни сафараш ба Пекин хабар дод, ки бо Чин дар робита ба «55 […]

  • 04.09.2019

Дар Душанбе ду меҳмонхонаи панҷситорадор бунёд мешавад

Дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои пойтахти Тоҷикистон ду меҳмонхонаи бисёрошёнаи 5-ситорадор қомат рост хоҳанд кард. 4 сентябр  Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ , раиси шаҳри Душанбе дар маросими гузоштани санги асоси ин ду иншооти бузург ширкат доштанд. Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts” дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва […]

  • 04.09.2019

Қаср дар болои…қабр

Оромгоҳи «Сариосиё»-и шаҳри Душанбе соли 1935 ташкил ёфтааст. Дар он шахсиятҳои шинохта, ходимони барҷастаи сиёсию фарҳангӣ ба монанди Аҳмад Бобоқулов, Раҳим Ҳошим, Аслӣ Бурҳонов, Минҳоҷ Ғуломов, Тӯтӣ Ғаффарова, Салоҳатбегим Айнӣ, Усмон Қурбонов, Турсун Ӯлҷабоев, Мастон Шералӣ, Қаҳҳор Маҳкамов, Ҳоҷӣ Содиқ, Зиёдулло Шаҳидӣ, Меҳрубон Назаров, Ҳилол Каримов, София Тӯйбоева, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Мастибек Тошмуҳаммедов, Суҳроб Қурбонов, Маҳмуд Воҳидов, Кароматулло Қурбонов ва дигарон мадфун мебошанд.

  • 04.09.2019

Ҳавопаймо надорем!

Аҳли оилаамон ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунем.

  • 03.09.2019

Қатъи интиқоли об дар бархе аз қисматҳои Душанбе

Ба далели гузарондани корҳои таъмирӣ интиқоли оби нӯшокӣ  дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муддати як шабонарӯз, аз  соати 22:00 –и  3 сентябр  то соати 22:00- и 4  сентябри соли  равон  қатъ мегардад. Бино ба иттилои Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, қатъи интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Шараф, […]

  • 02.09.2019

Мирзиёев мақбараи Ислом Каримовро зиёрат кард

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон аз Маҷмааи ёдгории илмию маърифатӣ ба номи Ислом Каримов дидан карда ва ба пояи муҷассамаи Президенти нахустини ин кишвар гулчанбар гузошт. Ислом Каримов рӯзи 2 сентябри соли 2016 вафот карда ва дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд дафн шуда буд. Бар асоси қарори Шавкат Мирзиёев ҳамасола рӯзи 2 сентябр ба унвони Рӯзи […]

  • 02.09.2019

Раис ятимонро сила, масъулинро танбеҳ медиҳад (Видео)

Мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Ҳамадонӣ Ҳамагӣ 1 фоизи ҷавонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ба хизматӣ ҳарбӣ мераванд. Хотирбинӣ мекунед. Нисбати масъулин чора намебинед. Танҳо аз пайи камбағалон медавед. Канӣ фаъолияти назарраси бахшҳои ҷавонон ва идеологияи ноҳия? Вазифаи шумо танҳо рақсу бозӣ нест! Ин нуктаро 24-уми августи соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон […]

  • 30.08.2019

Шаҳрдорӣ майдонча месозад, сокинон хароб мекунанд (Видео)

Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 13 майдончаи варзишӣ бо харҷи 9 миллиону 750 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

  • 28.08.2019

Мӯъҷиза: Сангбориш дар Ховалинг

Аввал гумон кардам, ки ин зан афсона мегӯяд. Ҳарчанд ҷиддияти чеҳрааш мансубияти ӯро ба ин тоифа тасдиқ намекард. Қомати баланду пайкари маҳини ӯ занҳои австралиягӣ, тарҳи рӯяш мардуми ориёнажодро ба хотир меовард. Агар ду қавораи барҷастаи гандумгуни ожангзадааш намебуд, яқин кас гумон мекунад, ки ин зан аврупоист. Аз ҳама бештар чашмони ӯ бароям мароқангез буданд. Бори аввал чунин чашмонро медидам. Ҳарчанд зан заминӣ метофт, вале чашмонаш қаҳрамонони филмҳои афсонавиро пеши назар меоварданд.

  • 28.08.2019

Ҳавзҳои шиноварӣ: Чаро дар Хатлон масъулин майли сохтан надоранд?

Кам будани ҳавзҳои шиноварӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо дар вилояти Хатлон яке аз сабабҳои ҳамасола ғарқ шудани даҳҳо ҷавон дар кӯлу дарёҳо мегардад.

App Banner