• 15.07.2019

Садамаҳо дар роҳ 4 кушта бар ҷой гузошт

Дар ду рӯзи ахир бар асари садамаҳо дар роҳҳои моишнгарди Тоҷикистон чаҳор нафар кушта ва як нафар захмӣ шудааст.

  • 15.07.2019

Дар Афғонистон боз як журналист кушта шуд

Дар вилояти Пактиё, дар шарқи Афғонистон Нодиршоҳ Соҳибзода, хабарнигори радиои маҳаллӣ кушта шуд.

  • 15.07.2019

Низомиёни рус “гурӯҳҳои террорист”-ро дар Тоҷикистон саркӯб мекунад

Низомиёни пойгоҳи 201-и Русия бо мушаку тӯп “гурӯҳҳои террорист” дар ҳудуди Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор доданд.

  • 15.07.2019

Тоҷикистон аз “тарбияти дубора”-и мусалмонон дар Чин пуштибонӣ кард

Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар канори Русия, Белорус ва 34 кишвари дигар аз сиёсати Чин дар қиболи “тарбияти дубора”-и мусалмонон дар урдугоҳҳои вижа пуштибонӣ кард.

  • 12.07.2019

Фурудгоҳи Хуҷанд дар Душанбе кӯпрукро навсозӣ мекунад

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» кӯпруки мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва пиёдароҳи он то буриши хиёбони Синоро навсозӣ мекунад.

  • 12.07.2019

Ҳ. Одиназода: Тақсимоти квотаҳои Президентӣ мақсаднок нест

Ҳайдар Одиназода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз тарзи тақсимоти квотаҳои Президентӣ барои донишҷӯён изҳорӣ нигаронӣ кард.

  • 12.07.2019

Вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар ИМА аз пойгоҳи низомӣ дидан мекунад

Баҳодур Қурбонов, вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар ҷараёни сафараш ба Амрико ба яке аз пойгоҳҳои низомии ИМА дар штати Техас ва чанд Академияи низомии ин кишвар меравад.

  • 12.07.2019

Даъвати Президент аз Қазоқистон барои сармоягузории мустақим

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон хостори ҷалби сармояи мустақими Қазоқистон ба иқтисоди кишвар ва тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон шуд.

  • 12.07.2019

Духтари Гулнора Каримова аз Президент хост то модарашро озод кунад

Имон Каримова низ пас аз вохӯрӣ бо модараш дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муроҷиат кард.

  • 12.07.2019

Ҷарима барои нигаҳдории чорво

Сокинони атрофи шаҳри Ишқободи Туркманистонро барои нигаҳдории чорво ҷарима мекунанд. Мақомот ба назорати манзили сокинон баромада, дар сурати пайдо шудани чорво, соҳибони онҳоро ҷарима мебанданд.

  • 12.07.2019

Ҷонибдории Тоҷикистон аз визаи ягона дар Осиёи Марказӣ

Як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кардани раводиди ҳамсон ба визаи шенгени Иттиҳоди Аврупо – Silk visa-ро баррасӣ доранд.

  • 12.07.2019

Гуфтугӯи нахустини Путин ва Зеленский

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бори нахуст бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский дар гуфтугӯи телефонӣ вазъ дар шарқи Украинаро баррасӣ ва табодули афкор намуд.

  • 11.07.2019

Рӯзи сиёҳи Ҳоит: Аз заминларзаи мудҳиш 70 сол сипарӣ гардид

Дар як мижа задан кулли биноҳои Ҳоит ба замин яксон шуд, дудғулаҳои чанг ба фазо хест… Ҳама ҷо тираву тор шуд. Дар баробари заминларза ва «тирпарронии» беохир боз як садо пайдо шуд, гӯё ки сангҳои бузург ба ҳам бармехӯрданд.

App Banner