Маориф

  • 22.09.2019

Файласуфи маъруфи тоҷик даргузашт

Профессор Нодир Одилов, файласуфи шинохта ва олими фозил имрӯз зиндагиро падруд гуфт. Нодир Фозилович Одилов соли 1932дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, дар солҳои 1949–1951 дар мактаби миёнаи ба номи Ф.Энгельси ноҳияи Ванҷ ҳамчун муаллими фанни забони русӣ кор кардааст. Пас аз хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дар соли 1956 аввал аспирант, сипас муаллими калон ва ниҳоят мудири кафедраи […]

  • 06.09.2019

Донишҷӯи 14-сола дар Ӯзбекистон

Сокини 14-солаи ноҳияи Китоби Ӯзбекистон Ҷасурбек Ғуломов бо касби 120,9 хол донишҷӯи Донишгоҳи давлатии вилояти Қашқадарё шуд. Ба иттилои сомонаи донишгоҳ, наврас аз ҳисоби будҷаи давлат таҳсил хоҳад кард. Ёдрас мешавем, имсол дар Ӯзбекистон маҳдудияти сини дохил шудан ба донишгоҳҳои ин кишварро бекор карданд. Пештар хабар дода шуд, ки Маматқул Бердиалиеви 78-сола, Тухтамиш Султонови 80-сола […]

  • 30.08.2019

Омӯзгорон аз ҷайби худ барои китобҳо 10 доллар месупоранд

Омӯзгорони чанд мактаби вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон шикоят карданд, ки мудирони мактабҳо аз маоши онҳо барои иҷораи китобҳои дарсӣ 10-долларӣ мегардонанд. Ба гуфтаи омӯзгорон, роҳбарияти шуъбаи маорифи маҳаллӣ дар ин бора ба мудирони мактабҳо дастур додааст. Ин дар ҳолест, ки вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон хабар дод, иҷораи китобҳои дарсӣ дар соли хониши 2019-2020 боло бурда мешавад. […]

  • 29.08.2019

Ихроҷи шаҳрвандони тақаллубкори Ӯзбекистон аз Финландия

Хадамоти муҳоҷирати Финландия баҳору тобистони соли ҷорӣ 139 шаҳрванди Ӯзбекистонро аз кишвар ихроҷ кардааст. Ба навиштаи расонаҳои финландӣ, 219 шаҳрванди дигари Ӯзбекистон дар ояндаи наздик ихроҷ хоҳанд шуд. Ба ҷуз ин, дархости 258 зодаи Ӯзбекистон барои дарёфти визаи корӣ рад шудааст. Дар шаш моҳи охир танҳо 42 тан аз ӯзбекистониҳо тавонистаанд, ҳаққи кор дар Финландияро […]

  • 27.08.2019

1 сентябр рӯзи дониш мешавад

Рӯзи 1 сентябр, ки ба рӯзи якшанбе, яъне рӯзи таътили рост меояд, Рӯзи дониш баргузор хоҳад шуд.
Дар ин бора дар фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани вақти баргузории дарс» аз 26 августи соли 2019 таъкид шудааст.

  • 23.08.2019

Вазир: Тоҷикистон ба муаллимони забони русӣ ниёз дорад

Вазири маорифи Тоҷикистон дар мактабҳои кишвар ба муаллимони соҳибихтисоси забон ва адабиёти рус талабот зиёд аст. Ба гуфтаи Нуриддин Саид, феълан дар мактабҳои Тоҷикистон танҳо 7288 муаллими забон ва адабиёти рус, ки маълумоти олӣ доранд, фаъолият мекунанд. Вазири маориф гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон  тасмим гирифтааст, мактабҳои бештари русӣ бунёд карда ва муаллимони соҳибихтисосро аз Русия […]

  • 21.08.2019

Шаҳрвандони Туркманистон аз ҳаққи таҳсил дар хориҷ маҳрум шуданд

Шаҳрвандони Туркманистон, ки қасди хориҷ шудан ба берун аз кишварро бо ҳадафи таҳсил доранд, ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Шоҳидон мегӯянд, дар фурудгоҳи шаҳри Ишқобод мақомот монеи ба хориҷ рафтани шаҳрвандоне мешаванд, ки қасди таҳсилро доранд. «Соли ҷорӣ номгӯи донишгоҳҳое нашр шуд, ки дипломашон дар Туркманистон эътироф мешавад. Аммо ҳоло ҳатто онҳоеро намегузоранд ба […]

  • 20.08.2019

Омӯзгорон маҷбуранд барои синфхонаҳо пардаю ҷевон харидорӣ кунанд

Дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Ӯзбекистон омӯзгорони мактаби русии №30 шикоят доранд, ки 30 дарсади маоши моҳи августашон барои харидории парда ва ҷевон ба синфхонаҳо ситонида хоҳад шуд. Омӯзгорон сабтеро фиристодаанд, ки дар он масъалаи харидории пардаву ҷевон барои синфхонаҳо баррасӣ шудааст. Дар он мудири мактаб Пулод Орозов ба омӯзгорон мегӯяд, ки барои харидории пардаву […]

  • 19.08.2019

Мағозаҳои Туркманистон либоси мактабиро… қарз медиҳанд

Мағозаҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон ба харидорон либоси мактабиро қарз пешниҳод мекунанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии он кишвар 15 август хабар доданд. Тоҷирон дар даҳлези хонаҳо эълони бо қарз фурӯхтани либосҳои мактабиро насб мекунанд. Дар солҳои гузашта чунин иқдоме дар Туркманистон мушоҳида нашуда буд. Ба навиштаи расонаҳо, тоҷирон маҷбуранд, молашонро ба ҳар шакли ки имкон […]

  • 15.08.2019

Киҳо дар мактаби байналмилалии президентӣ ҳаққи таҳсил доранд? (Видео)

Мактаб бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат бунёд гашт ва 1 –уми сентябри соли 2012 шахсан худашон онро ифтитоҳ намуданд.Ҳадаф аз таъсиси он таълими хонандагонест, ки тавонанд дар донишгоҳҳои пешоҳанги ҷаҳон таҳсили худро давом диҳанд ва баъдан ҳамчун кадрҳои баландихтисос ба ҷумҳурӣ баргарданду ва ба рушду нумӯи кишварамон нақши арзанда гузоранд.

  • 15.08.2019

627 шаҳрванди аз 50-сола Ӯзбекистон қасди донишҷӯӣ доранд

Маркази давлатии санҷиши дониш дар Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки ҳазор сокини калонсоли ин кишвар «барои шомил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо» ҳуҷҷат супурданд. Дар Ӯзбекистон соли ҷорӣ маҳдудияти синну солиро барои довталабони маълумоти олӣ бекор карданд. Ба иттилои мақомоти маорифи он кишвар, то санаи 13 август шумори довталабони то 25-сола 862 ҳазору 977 кас, довталабони аз […]

  • 01.08.2019

Шарофзода гуфт, ки ҳоҷати гузаштан ба хати форсӣ нест

Мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар шароити феълӣ зарурате барои табдили алифбои кириллӣ ба расмулхати форсӣ вуҷуд надорад. Гавҳар Шарофзода, раиси ин кумита дар нишасти хабарӣ дар рӯзи 31 июл таъкид кард, ки феълан дар ҳукумат нақшае барои гузаштан ба хатти ниёгон вуҷуд надорад ва барои ин эҳтиёҷ ҳам нест. Ҳамзамон, ӯ […]

  • 30.07.2019

Нархи таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ боз боло рафт

Имсол арзиши шартномаи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 6 дарсад афзоиш ёфт. То ҳол нархи шартномаи таҳсил барои як нафар солиёна ҳудуди 10 ҳазор сомониро ташкил медод. Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори донишгоҳ 30 июл зимни нишасти матбуотӣ далели ин амрро ба афзоиши теъдоди довталабон ба  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон марбут […]

App Banner