• 01.02.2019

Ҳукми суд: Русия бояд ба муҳоҷирини гурҷӣ 10 миллион евро диҳад

Зинаи болоии суди  Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон амр кард, ки ҳукумати Русия ба Гурҷистон дар робита бо ихроҷи дастаҷамъии шаҳрвандони Гурҷистон дар соли 2006 ба онҳо дар ҳаҷми 10 миллион евро ҷуброн пардохт кунад. Дар изҳороти рӯзи 31 январи суди Аврупо, воқеъ дар Страсбург гуфта шудааст, ки ин маблағ бояд дар миёни гурӯҳи 1,5-ҳазорнафарии […]

  • 30.01.2019

Русия: Таҳқиқи шиканҷаи муҳоҷир

Мақомоти тафтишотии вилояти Челябински Русия хабари шиканҷа шудани муҳоҷири 29-солаи қирғизистониро тафтиш мекунад. Гуфта мешавад, ин муҳоҷир бо гумони ҳамдаст будан дар таркиши бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск боздошт ва шиканҷа шудааст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҷабрдида ва ҳамсараш «истифодаи шиканҷаро комилан рад мекунанд». «Аммо муайян карда шуд, ки дар бадани мард осори шиканҷа ҳувайдо […]

  • 28.01.2019

Олмон: занозании тоҷикбачаҳо бо чиченҳо

Чанд рӯз боз байни паноҳҷӯёни тоҷику чечен дар шаҳри Дуйсбурги Олмон муноқиша идома дорад. Рӯзи 24 январ як гуруҳи паноҳҷӯёни тоҷик ба ҳимоят аз чанд ҳамватани худ ба як ширкати сохтмонӣ рафта, бо паноҳҷӯёни чечен «разбор” кардаанд. Чеченҳо рӯзи 27 январ ба манзили паноҳҷӯёни тоҷик омада, се нафарро шадидан латтукӯб кардаанд ва мошини БМВ-и тоҷикҳоро […]

  • 24.01.2019

Таксирони тоҷикро куштанду қарздор бароварданд (Видео)

Хуршед Ҷӯраев, зодаи шаҳри Хуҷанд, ки дар шаҳри Маскав такси меронд, шаби 17 декабр дар ҳавзаи Восточнийи пойтахти Русия кушта шуд. Ҷанозаи ӯро рӯзи 20 январ оварда, дар Хуҷанд ба хок супурданд. Аммо матбуоти Русия дар шарҳи қатли ин муҳоҷири тоҷик менависад, ки ӯро гӯё барои 200 ҳазор рубл қарзаш куштаанд. Наздикони Хуршед ба сомонаи […]

  • 23.01.2019

Тоҷикдухтар дасти зани русро шикаст

Пешхизмате дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав дасти як зани сокини пойтахтро, ки 51-сол доштааст, шикаст. Полис нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, хабар медиҳад Раёсати корҳои дохилӣ дар Маскав. «Ба шӯъбаи  полис як зани 51-сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кард. Ҷабрдида хабар дод, ки дар яке аз қаҳвахонаҳо, дар хиёбони Мир дар рафти ҷанҷол пешхизмати […]

  • 17.01.2019

Ғафуровро барои қаллобӣ дастгир карданд

Роҳбари «Маркази миллии фарҳангии тоҷикон”-и ҷумҳурии Чувашияи Русия Абдулмаҷид Ғафуров бо ҷурмиқаллобӣ ба як солу ду моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти УФСБ Чувашия хабар дод. Ба гуфтаи додгоҳ, Ғафуров дар ду маврид аз ҳамватанҳояш пул тамаъ кардааст – бори аввал ӯ аз як нафар барои қатъи парвандаи садамаи марговар 300 ҳазор рубл […]

  • 11.01.2019

Ноноварони хона $1 миллиарду  900 миллион оварданд

Бино ба маълумоти омороие, ки мақомоти Федератсияи Русия пахш кардааст, баъди чанд соли коҳиши паёпай, соли 2018  ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон — манбаи аслии даромади ҳазорон хонаводаи тоҷикистонӣ афзуда,  ба $ 1 миллиарду 900 миллион расид. Дар ин рӯйхат Ӯзбекистон бо қабули $ 2 миллиарду 50 миллион аз Тоҷикистон пешсаф аст.   Маблағи сарнавиштсоз Коршиносон […]

  • 10.01.2019

Муҳоҷир мошини “хӯҷаин”-ро сӯхт

Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 9 январ хабар дод, ки кормандони пулис шахсияти мардеро, ки ба далели муноқиша бо корфармояш мошини ӯро оташ зад, муайян карда, ӯро ба ҳабс гирифтаанд. Бино ба гузориши хадамоти матбуоти РВКД Петербург, дар поёни моши июл дар кӯчаи Водная заставаи шаҳри Виборг нафари номаълум мошини «Nissan Xtrail»-ро, ки прораби 60-солаи як […]

  • 09.01.2019

Гунаҳгор боз “сиёҳҳо?

Дар поёни ҳафтаи гузашта дар шаҳри Магнигорски Русия муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро гуруҳ-гуруҳ дастгир кардаанд. Бино ба гузориши хабарнигори «Настоящее Время» Алексей Александров аз Магнитогорск, боздошти даҳҳо муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи шанбе дар бозори «Гранд», воқеъ дар рӯбарӯи масҷиди ҷомеъ, ва дар кӯчаи Ленин сурат гирифтааст. Дар кӯчаи Ленин қабл аз боздошти муҳоҷирон тамоми […]

  • 07.01.2019

Магнитогорск: Муҳоҷири ӯзбек 8 нафарро наҷот дод

Алан Абдуллоев, муҳоҷири 23-сола аз Ӯзбекистон дар Магнитогорски Русия то омадани дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳашт одамро аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ наҷот дод. Расонаҳои Русия аз ӯ ба унвони «қаҳрамони воқеӣ» ном мебаранд. Абдуллоев, ки дар яке аз сохтмонҳои Магнитогорск кор мекард, субҳи 31 декабр барои адои намоз бархост ва бо шунидани садои […]

  • 03.01.2019

Магнитогорск: Ҷасади Раҷабмоҳ ва се тифлашро пайдо карданд

Ҷасади Раҷабмоҳ Улфатова, зани тоҷик ва се кӯдакаш, ки дар зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи шаҳри Магнитогорск монда буданд, пайдо гардид. Ҷасадҳои ин модар ва се кӯдаки тоҷик шаби гузашта аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорски Русия пайдо шуданд. Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, ки дар шаҳри Магнитогорск қарор дорад, субҳи 3-юми […]

  • 02.01.2019

Фоҷиа дар Магнитогорск

Фурӯ рафтани қисме аз як бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск субҳи31-уми декабр рух дод. Бино ба фарзияи ибтидоии мақомоти Русия, ҳодиса дар пайи таркиши газ сурат гирифтааст. Дар вақти сар задани ҳодиса Шуҳрат Улфатови 28-сола боҳамсар ва се тифлаш дар ҳамин бино буданд. Маъмурони наҷот Шуҳратро аз зери вайронаҳо зинда берун овардаанд, аммо тақдири ҳамсар ва се тифлаш номаълум […]

  • 28.12.2018

Қасди куштор ва худкушии муҳоҷири тоҷик дар Петербург

Субҳи 26 декабр дар як манзили иҷораи муҳоҷирони тоҷик дар хиёбони Дачний дар шаҳри Санкт-Петербург муноқишаи хунине рух додааст. Абдул Ш.-и 27-сола, ки ба сабаби кор наёфтан дар ҳолати бади равонӣ қарор дошт, аввал ба шиками ҳамватани 37-солааш Назар Н. ва сипас ба чашми Гулнораи М.-и 27-сола корд зада, дар ниҳоят қасди ҷони худ кардааст. […]

concert
App Banner