Низомӣ

  • 16.09.2019

Писари бин Лодан кушта шуд

Доналд Трамп, президенти Амрико, марги Ҳамза бин Лодин, писари Усома бин Лодин, раҳбари пешини созмони террористии “Ал-Қоида”-ро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, писари Усома бин Лодин дар як амалиёти низомӣ дар марзи миёни Афғонистону Покистон кушта шудааст. Президенти Амрико дар баёнияе, ки рӯзи 14-уми сентябр онро Кохи Сафед нашр кард, кушта шудани Ҳамза бин Лодинро зарбаи […]

  • 13.09.2019

Лавров аз поёни ҷанг дар Сурия хабар дод

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҷанг дар Сурия ба поён расид. «Ҷанг дар Сурия воқеан поён ёфт. Ин кишвар тадриҷан ба ҳаёти осоишта ва муътадил бармегардад. Даргириҳо танҳо дар минтақаҳои берун аз идораи артиши ҳукумати Сурия, ба монанди вилояти Идлиб ва соҳили шарқии рудхонаи Фурот боқӣ мондаанд», — гуфт вазири умури хориҷии Русия […]

  • 12.09.2019

Озмоишҳои нокоми мушакҳои «Буревестник»-и Русия

Аз соли 2017 ба ин тараф Русия ҳадди ақал панҷ маротиба озомоиши мушаки дорои маҳаррики ҳастаии «Буревестник»-ро анҷом додааст, ки ҳамаи ин озмоишҳо ноком будаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNBC бо такя ба манобеи худ дар мақомоти иктишофии Амрико хабар дод. Ба иттилои мақомоти иктишофии Амирко, тӯлонитарин парвози мушаки «Буревестник» 2 дақиқа ва камтаринаш […]

  • 05.09.2019

8 хориҷӣ дар Кобул кушта шуданд

Бар асари ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба “Деҳаи Сабз” ё Green Village дар Кобул 8 нафар шаҳрванди хориҷӣ кушта шуда ва 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, ин ҳодиса рӯзи 2 сентябр рух дода ва бар асари таркиши мошини бомбагузошташуда ва тирандозӣ 16 нафар ҷон бохта ва 119 нафар захмӣ […]

  • 05.09.2019

Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар моҳи ҷорӣ дар майдони набард ё полигони вилояти Намангони Ӯзбекистон машқҳои муштараки низомии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, ҳадафи ин машқҳо, ки “Марказ-2019” ном дорад, муқовимат ба зарбаҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ маҳсуб мешавад. Бар асоси маълумоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, дар марҳилаи аввали машқҳо дар полигони Ғурумсаройи вилояти […]

  • 02.09.2019

Русия зарбаҳои ИМА алайҳи «ал-Қоида»-ро дар Сурия маҳкум кард

Неруҳои ИМА рӯзи шанбе дар шимоли Сурия иншоотҳоеро мавриди ҳадаф қарор доданд, ки ба гуруҳи террористии «ал-Қоида» марбут буданд. Дар изҳороти Фармондеҳии марказии Неруҳои мусаллаҳи ИМА омадааст, ки ҳадафи ҳамлаҳо раҳбари «ал-Қоида» дар Сурия буд. Аммо дар изҳорот гуфта нашудааст, ки ҳамлаҳо бо мушак ё бомб анҷом шуданд. Маркази таҳлили ҳуқуқи инсон дар Сурия гуфт, […]

  • 29.08.2019

“Билетбизнес” дар комиссариатҳои ҳарбӣ

Бори каҷ Рустам Ғоибов, сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд аз  Ш. Валиев ном сокини кишвар барои аз хизмати ҳарбӣ озод кардан 700 доллар ва 400 сомонӣ пора талаб кард. Ба гуфтаи Карим Иброҳимзода, сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, Ғоибов […]

  • 29.08.2019

Сарбоз қурбони сарбозозорӣ шуд

Овезалӣ Экаев, сарбози 18-солаи артиши Туркманистон, ки рӯзи 20 август кушта шуд, қурбони муносибатҳои ғайриоинномавӣ шудааст. Намояндагони мақомоти низомӣ, ки ҷасади Овезалӣ Экаевро ба наздиконаш дода буданд, сабабҳои марги ӯро шарҳ надоданд. Экаев моҳи майи соли ҷорӣ ба артиш даъват шуд. Вай аз сиҳатиаш шикоят надошт. Хешовандони сарбози фавтида гуфтанд, дар ҷасади вай нишонаҳои зиёди […]

  • 26.08.2019

Исроил иншооти Эронро дар Сурия мушакборон кард

Неруҳои ҳавоии Исроил шаби шанбе ба якшанбе минтақаи наздик ба шаҳри Димишқ, пойтахти Сурияро мушакборон карданд. Дар изҳороти неруҳои ҳавоии Исроил омадааст, ки иншооти марбут ба низомиёни гуруҳи «ал-Қудс»-и Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон мавриди ҳадаф қарор дода шуд. Ба иттилои хадамоти иктишофии Исроил, неруҳои Эрон гӯиё барои ҳамла ба иншооти ин кишвар аз хоки Сурия […]

  • 20.08.2019

Тоҷикистон дар машқи низомии бузург ширкат мекунад

Низомиёни Тоҷикистон дар машқҳои низомии муштарак, ки дар он ҳудуди 130 ҳазор нафар сарбозу афсар аз 7 кишвари ҷаҳон ба майдон хоҳанд омад, ширкат мекунанд. Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 20 август хабар дод, ки машқҳои низомии муштарак таҳти унвони “Марказ-2019” аз 16 то 21 сентябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Тибқи иттилои ин […]

  • 20.08.2019

Озмоиши мушаки болдор дар Амрико

Вазорати дифои ИМА эълом кард, ки як мушаки болдорро озмоиш намуд. То се ҳафтаи пеш озмоиши чунин мушак дар асоси созишномае, ки миёни ИМА ва Русия амал мекард, манъ буд. Пас аз қатъи иҷрои Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвози ИМА ва Русия имкониятҳо барои озмоиши аслиҳаи нав фароҳам шуданд. Ба огаҳии хадамоти матбуотии Пентагон, мушаке, […]

  • 15.08.2019

Отамбоев сарбозро накуштааст

Дар робита ба куштори сарбози неруҳои махсуси Кумитаи амнияти Қирғизистон дар ҷараёни амалиёти боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев як нафар дастгир шудааст. Хабарро вакили дифои ҷониби ҷабрдида Кайрат Загибоев тасдиқ кард. Як қатор расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеи худ дар мақомоти қудратии Қирғизистон иттилоъ доданд, ки сарбоз бо силоҳи худаш кушта шуда, […]

  • 14.08.2019

Хӯҷа-Командир дар Дубай боздошт шуд

Як масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки гурӯҳи корӣ ба раҳбарии Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат ба мақсади истирдоди Хӯҷа Раҳимович Каримов, маъруф ба Хӯҷа-Командир, яке аз фармондеҳони машҳури Фронти халқӣ рӯзи 5 август озими Дубай шудааст. Миёни Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар масъалаи истирдоди ҷинояткорон […]

App Banner