Ҳуқуқ

  • 16.08.2019

Прокурори генералии Қирғизистон ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд

Суди ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳукми собиқ Прокурори генералии Қирғизистон Аида Саляноваро ба ҳабси хонагӣ иваз ва аз боздошт озод кард. Ба гуфтаи хоҳари Салянова — Чинора Турдалиева, қарори додгоҳ дар ин замина 15 августи соли равон содир шудааст. Сомонаи Centralasian.org бо истинод ба  хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, Саляноваро 15 август барои […]

  • 15.08.2019

Тоҷике дар Русия ба 12 сол зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Красноярски вилояти Самараи Русия як шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир ба 12 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти прокуратураи вилояти Самара, фарди гумонбар рӯзҳои 23-24 ноябри соли 2018 ба миқдори 25 килограмм маводи мухаддири героинро аз Толяттӣ харидорӣ карда ва озими шаҳри Кемерово шудааст. Дар ҳудуди ноҳияи […]

  • 14.08.2019

Хӯҷа-Командир дар Дубай боздошт шуд

Як масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки гурӯҳи корӣ ба раҳбарии Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат ба мақсади истирдоди Хӯҷа Раҳимович Каримов, маъруф ба Хӯҷа-Командир, яке аз фармондеҳони машҳури Фронти халқӣ рӯзи 5 август озими Дубай шудааст. Миёни Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар масъалаи истирдоди ҷинояткорон […]

  • 14.08.2019

Яке аз созмондиҳандагони ошӯби зиндони Хуҷанд маҳкум ба ҳабси абад шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Амиралӣ Давлатовро, ки яке аз тарроҳони ошӯб дар зиндони Хуҷанд ном бурда мешавад, ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Гуфта мешавад, ҳукми Давлатов ва 32 нафар аз гумонбарони дигари ошӯб охири моҳи июл содир шуд. Баъзеҳо ба муддати тӯлонии зиндон, бақия ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардидаанд. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифтааст ва […]

  • 13.08.2019

Зидди Отамбоев дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош айб эълом шуд

Додситонии кулли Қирғизистон зидди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳаводиси деҳаи Кой-Тош айб эълом кардааст. Ба гуфтаи додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов, дар робита ба ҳаводиси мазкур чанд парвандаи ҷиноӣ боз ва зидди ҷонибдорони Отамбоев айбҳои алоҳида эълом карда шуд. «Имрӯз зидди Отамбоев барои ташкили бетартибии оммавӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, гаравгонгирӣ, […]

  • 13.08.2019

Духтару ҷавони тоҷикро дар Русия 20 сол ҳабс таҳдид мекунад

Дар вилояти Пензаи Русия пулис ду нафарро ба иттиҳоми фурӯши маводи мухаддири героин боздошт кардааст. Дар ҷараёни бозрасӣ маълум шудааст, ки онҳо духтари 26-сола ва ҷавони 23-солаи шаҳрванди Тоҷикистон буда, ки аз моҳи май то августи соли ҷорӣ ба фурӯши героин мағул будаанд. Ҳангоми тафтиши маҳали истиқомати ин ду нафар 139 бастаи героин кашф ва […]

  • 07.08.2019

Шавҳар ба бадани занаш 10 корд зад

Марди 26-солаи сокини деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан  ба далели муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсараш, зани 25-соларо ба қатл расондааст. Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон,  ин мард рӯзи 5 августи соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа ҳамсарашро, ки аз беморхонаи марказӣ ба хонааш бармегашт, дар дохили автомашинаи кирокаш (таксӣ) бо корд 10-маротиба ба […]

  • 06.08.2019

Трамп: Омилони кушторҳои дастаҷамъӣ ба ҳукми қатл маҳкум шаванд

Президенти ИМА Доналд Трамп 5 август дар вокуниш ба тирпарониҳои Огайо ва Техас ба таҳияи қонуне дастур дод, ки барои анҷомдиҳандагони кушторҳои дастаҷамъӣ бар пояи бадбинӣ ҳукми қатл пешбинӣ мекунад. «Ба Вазорати адлияи ИМА дастур медиҳам, қонунеро таҳия кунад, ки барои содиркунандаҳои ҷиноят дар асоси бадбинӣ ё куштори дастаҷамъӣ ҳукми қатл пешбинӣ мекунад. Ин сангинтарин […]

  • 05.08.2019

Истиқболи ИА аз тасмими бастани зиндони «Жаслиқ»-и Ӯзбекистон

Эдуардс Стипрайс, роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон аз қарори Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар дар робита ба бастани зиндони «Жаслиқ» истиқбол кард. Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, қарори мазкур ҳамкориҳои Ӯзбекистонро бо Иттиҳоди Аврупо ба сатҳи нав хоҳад расонд. Мирзиёев 2 август қарор «Дар бораи маҳви маҳбаси «Жаслиқ» дар ноҳияи Кунград»-ро имзо кард. Чанд созмони дигари […]

  • 05.08.2019

Президенти Ӯзбекистон хостори муҷозоти «ҳокимони хоин» шуд

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба зердастонаш дастур дод, ки масъалаи аз мақом барканор кардани ҳокимони вилоятҳои Фарғона, Хоразм ва Қашқадарёро баррасӣ кунанд. Мирзиёев рӯзи 2 август дар як ҷаласа дар робита ба тахриби манзилҳо ва амволи сокинон дар бархе аз ноҳияҳои Ӯзбекистон изҳори назар кард. «Ман ба Абдулло Орипов (сарвазир) ва Зайниалобиддин Низомиддинов (раиси дастгоҳи […]

  • 02.08.2019

Дар Қирғизистон дар ним сол 118 арӯс рабуда шудааст

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Қирғизистон 118 ҳолати арусрабоӣ ё ала качуу сабт шудааст. Дар ин бора сардори хадамоти амнияти ҷамъиятии ВКД Қирғизистон Улан Рисбеков хабар дод. «Аз ин теъдод 94 ҳолат бо ҳадафи издивоҷ, 12 ҳолат бо ҳадафи маҷбур кардан ба издивоҷ содир шудааст. Бештари парвандаҳои ба додгоҳ ирсол шудаанд», — гуфт Рисбеков. […]

  • 02.08.2019

Нидерландия сатру ниқобро манъ кард

Дар Нидерландия аз 1 августи соли равон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба бар кардани либосе расман манъ карда шуд, ки рӯйро мепӯшонад. Ин маҳдудият ба фаранҷӣ ва навъҳои он, аз ҷумла ниқобу бурқаъ дахл дорад. Пӯшидани онҳо дар муассисаҳои таълимӣ, беморхона ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ шуд. Вазорати умури дохилии Нидерландия аз кормандони пулис […]

  • 31.07.2019

Шаҳрдори пешини Теҳрон ба қатл маҳкум шуд

Додгоҳ шаҳрдори пешини Теҳрон Муҳаммад Алии Наҷафиро бо гуноҳи куштани ҳамсари дувумаш ба қатл маҳкум кард. Хабаргузории «Мизон» 30 июл аз қавли сухангӯи вазорати адлияи Эрон Ғуломҳусейн Исмоилӣ навишт, додгоҳ маълум кард, ки куштор дидаву дониста шудааст. Наҷафии 67-сола барои доштани силоҳи ғайриқонунӣ ба ду сол дар зиндон маҳкум шуд. Аз ҳукмҳо ба Додгоҳи олӣ […]

App Banner