Варзиш

  • 15.10.2019

Тоҷикистон-Япония: 0:3

Дастаи мунтахаби футболбозони Тоҷикистон дар бозии интихобии Бозии қаҳрамонии соли 2022 аз дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби калони  0 бар 3 мағлуб шуд. Бозии ин дастаҳо шоми сешанбеи 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Япония, ки тими пурзӯр ва ботаҷриба аст, аз оғози қувваозмоӣ ташаббусро ба даст гирифта […]

  • 11.10.2019

Қирғизистон-Мянма: 7:0

Тими мунтахаби футболи Қирғизистон 10 октябр дар майдони худ варзишкорони Мянмаро бо ҳисоби 7:0 шикаст дод. Ин бозӣ дар доираи даври дувуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол ва Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд, ки 5 сентябри соли равон оғоз гашта буд. Он рӯз дастамаи мунтахаби Қирғизистон бозиро бо ҳисоби 0:1 ба тими Тоҷикистон дар […]

  • 10.10.2019

Довари бозии Тоҷикистон-Япония мушаххас шуд

Бозии интихобии Тоҷикистон бо дасти мунтахаби Японияро мутахассиси футбол аз Ироқ доварӣ хоҳад кард. Бино ба маълумоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, ин бозӣ рӯзи сешанбеи 15 октябр дар доираи бозиҳои интихобии Бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи “F” баргузор хоҳад шуд. Ин манбаъ гуфтааст, ки бозиро гурӯҳи доварон аз Ироқ ба раҳбарии судяи 29-солаи […]

  • 08.10.2019

Варзишкори ӯзбек пас аз муҳориба дар Грозний ҷон дод (видео)

Варзишкори ӯзбек дар риштаи муҳорибаҳои омехта (ММА) Бекзод Нурматов пас аз рақобат бо варзишкори рус Беслан Исоев дар мусобиқаи шаҳри Грозний, ки 4 октябр баргузор шуд, аз олам даргузашт. Ҷасади Нурматовро 8 октябр ба ватан оварданд. Бекзод дар мусобиқаи «Absolute Championship Akhmat 100» дар Чеченистон аз рақибаш Исоев бо хол шикаст хӯрда буд. Ба гуфтаи […]

  • 06.10.2019

Вирджил Ван Дейк беҳтарин муҳофизатгари сол

Муҳофизатгари нотакрори ҳолландӣ Вирджил Ван Дейк 8-уми июни соли 1991 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падараш Рон ван Дейк устои телевезион ва модараш Холлен Фо Сиу корманди ҳарбӣ мебошанд.

  • 30.09.2019

5 футболбози сердаромад дар соли 2018-2019 киҳоянд?

Футболбозон дар баробари шахсиятҳои машҳур буданашон инчунин нафарони сарватманд низ ҳастанд. Тибқи назарсанҷии сомонаи “Футбол-Фан” дар робита бо сомонаи “Форбс” муайян карда шуд, ки дар соли 2018-2019 кадом бозингарон дар садри сердаромадтаринҳои футбол қарор доранд.

  • 26.09.2019

Каутиниоро бибияш футболбоз кард

Филипе Каутинио Коррея 12-уми июни соли 1992 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, дар оилаи муҳандис Хосе Карлос Корреа модар Эсмеларда Каутинио ба дунё омадааст.

  • 26.09.2019

Дилшод Назаров муваққатан аз ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд

Дилшод Назаров – гурзандози машҳури тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро ба истифодаи допинг гумонбар шуда ва аз иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар маҳрум гардидааст. The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, рӯзи 24-уми сентябр номи Дилшод Назаровро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки дар истифодаи […]

  • 25.09.2019

КҲФ кӯҳнавардони русро наҷот дод

Гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи  Тоҷикистон  (КҲФ) дар кӯҳистони Фони минтақаи Зарафшон ду кӯҳнаварди русро наҷот додааст. Ба гуфтаи Умеда Юсуфова, сухангӯи КҲФ, кӯҳнавардон Кудрини 58-сола ва Писарчуковскаяи 39-сола ҳангоми фатҳи қуллаҳои кӯҳистони Фон ба урдугоҳ барнагаштаанд. Дар ин бора Константин Гарнага, раҳбари гурӯҳи кӯҳнавардони Русия ба КҲФ хабар додааст. Вай гуфт, билофосила гурӯҳи ҷустуҷӯию […]

  • 25.09.2019

Сармураббии тими миллии Ӯзбекистон барканор шуд

Дар ин бора Эътилофи футболи Ӯзбекистон хабар дод. Эктори Купери аргентинӣ моҳи августи соли гузашта сармураббӣ таъйин шуда буд. Таҳти роҳбарии вай тими миллии Ӯзбекистон дар Ҷоми Осиё-2019 дар марҳилаи 1/8 финалӣ шикаст хӯрда буд. «Эътилофи футболи Ӯзбекистон аз Эктор Купер ва ҳайати мураббиёнаш барои фаъолият дар Ӯзбекистон изҳори сипос мекунад ва орзуи муваффақият дорад», […]

  • 24.09.2019

IAAF тими варзиши сабуки Русияро аз ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳон маҳрум кард

Дастаи мунтахаби Русия бори дувум аз ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук маҳрум шуд. Эътилофи байналхалқии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) рӯзи душанбе муҳлати қарори манъи иштироки варзишгарони русро дар мусобиқаҳо дубора дароз кард. Фаъолияти Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук ҳанӯз моҳи ноябри соли 2015 пас аз он қатъ карда шуд, ки Оҷонсии ҷаҳонии […]

  • 12.09.2019

Дар Тошканд қаҳрамони ҳафткаратаи Ӯзбекистон кушта шуд

Бино ба иттилои пулиси шаҳри Тошканд, шаби 10 ба 11 сентябри соли равон дар қаҳвахонаи воқеъ дар ноҳияи Юнусободи пойтахти Ӯзбекистон миёни ду гуруҳи ҷавонон низоъ сар задааст. Ҷавонон барои идомаи баҳс аз қаҳвахона берун шуда, ба занозанӣ давом додаанд. Дар натиҷа се нафар бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтаанд. Яке аз онҳо Муслимбек […]

  • 12.09.2019

Домоди президент аз Украина мураббӣ даъват кард

Виктор Земтсев, қаҳрамони Украина сармураббии тими мунтахаби Федератсияи триатлон (варзиши омехтаи иборат аз шиноварӣ ва дучархаронӣ)-и Ӯзбекистон таъйин шуд. Ин федератсияро Отабек Умаров, домоди хурдии президент Шавкат Мирзиёев роҳбарӣ мекунад. Ба иттилои Кумитаи Олимпии Ӯзбекистон, Земтсеви 45-сола, ки қаҳрамони ҷаҳон ва қаҳрамони даҳкаратаи мусобиқаи триатлон аст, аз 15 август то 8 сентябри соли ҷорӣ тими […]

App Banner