Хатлон

  • 11.09.2019

Соҳибмансабон хизматгоранд ё худхоҳ?

Аз корҳои созандагиву ободкорӣ дар манотиқи мухталифи кишвар пайваста тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар гузоришу хабарҳо пахш мегарданд: яке шукрона мекунад, теъдоди дигар хулоса мекунанд, ки ин ҳама худнамоишдиҳии масъулин фиреби назар ва хокпошӣ бар чашми мардум аст.

  • 06.09.2019

Сафирон мафтуни Ховалингу Балҷувон шуданд (Видео)

31 августи соли равон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корпусҳои дипломатӣ, сафирон ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, аз ҷумла Россия, Британияи Кабир, Афғонистон, Эрон, Қатар, Ҳиндустон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо ба ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон сафар намуда, аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои ҷаззоби он дидан намуда, бо ёдгориҳо, урфу одати мардуми тоҷик аз наздик шинос шуданд.

  • 02.09.2019

Раис ятимонро сила, масъулинро танбеҳ медиҳад (Видео)

Мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Ҳамадонӣ Ҳамагӣ 1 фоизи ҷавонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ба хизматӣ ҳарбӣ мераванд. Хотирбинӣ мекунед. Нисбати масъулин чора намебинед. Танҳо аз пайи камбағалон медавед. Канӣ фаъолияти назарраси бахшҳои ҷавонон ва идеологияи ноҳия? Вазифаи шумо танҳо рақсу бозӣ нест! Ин нуктаро 24-уми августи соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон […]

  • 28.08.2019

Ҳавзҳои шиноварӣ: Чаро дар Хатлон масъулин майли сохтан надоранд?

Кам будани ҳавзҳои шиноварӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо дар вилояти Хатлон яке аз сабабҳои ҳамасола ғарқ шудани даҳҳо ҷавон дар кӯлу дарёҳо мегардад.

  • 13.08.2019

Уштури бегардан: Роҳҳои валангори Вахш кай таъмир мешаванд?

Роҳҳои вайрону валангари маҳаллии ноҳияи Вахш ронандагонро нигарон кардааст. Аз ин ҳолат беш аз ҳама ронандаҳои таксӣ, ки ҳамарӯза аз роҳ истифода мебаранд, дар ташвишанд.

  • 28.07.2019

Беморхонаи Шаҳритуз: Мушкилоти 20-сола кай ҳалли худро меёбад?

Бинои асосии беморхонаи ноҳияи Шаҳритуз ба иллати фарсудаву таъмирталаб будан зиёда аз ду даҳсола инҷониб мавриди истифодаи пурра қарор намегирад.

  • 24.07.2019

Ҷавони 20-сола аз сандуқ 50 000 сомонӣ дуздидааст

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Ҳисор бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

  • 24.07.2019

Ҳалокати ҳамсари ронанда дар садама

Дар натиҷа ҳамсари ронанда, Шарифова Саломат, соли таваллудаш 1955, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

  • 22.07.2019

Раисони 6 ноҳияи Хатлон барканор шуданд

Раисони ноҳияҳои Ёвон Амирбеки Темур, Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор, Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон, Восеъ Ғафурзода Мусо, Вахш Шарбатулло Азизулло ва раиси ноҳияи Носири Хусрав Садриддинзода Нуриддин аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

  • 19.07.2019

Кӯлоб: Ҳайвонҳо чӣ ҳол доранд?

Аз ҳисоби буҷаи ҳукумат ба Боғи ҳайвоноти шаҳр 23 000 сомонӣ ҷудо мешаад, ки ин маблағи ночиз аст. Сари вақт нарасидани ғизои ҷонварон яке аз мушкилиҳои асосии мост.

  • 18.07.2019

Кумитаи рушди маҳал ба Кулоб рафт

Бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2019, №3127(24.2) дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

  • 17.07.2019

Мардикорзанони Хатлон: Кӣ, кай ба доди онҳо мерасад? (Видео)

Наздики се сол мешавад, ки ҳамарӯза бонувони зиёде аз шаҳру ноҳияҳои атрофи Бохтар ин ҷо ҷамъ меоянд. Аксари онҳо аз шавҳарашон ҷудо шуда, дар оила дастёр надоранд ва маҷбуранд, ба чунин навъи рӯзгузаронӣ ва кори сангин таҳаммул кунанд.

  • 16.07.2019

Хатлон: Сохтмони 34 иншоот ба таъхир афтодааст

Дар вилояти Хатлон сохтмони 34 иншооти таъиноти гуногун ба таъхир гузошта шудааст. Сохтмон дар ин иншоот солҳои пеш оғоз гардида, вале бо сабаби маблағгузорӣ нашудан корҳои сохмтонӣ қатъ гардиданд.

App Banner