• 08.06.2019

Шаҳритус дар зери партов 

Дар баъзе нуқтаҳои партовгоҳ ҳатто қуттиҳои партовпартоӣ дида намешавад. Ҳамин тавр, нуқтаҳои партовгоҳҳо имрӯз беназорат мондааст, ки ин хавфи паҳн шудани ҳар гуна бемориҳои сироятиро дар ноҳия зиёд мекунад.

  • 06.06.2019

Ронандаи фирорӣ боздошт шуд

Кормандони милитсия Холназаров Фирӯзҷонро, ки дар ҳолати фирор қарор дошт дар як мудати кӯтоҳ дастгир намуданд.

  • 01.05.2019

12500 сомонӣ пора барои ҷудо кардани қитъаи замин

Дар ноҳияи Хуросон раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи мазкури вилояти Хатлон Насриддинзода Муқимро бо гирифтани 12500 сомонӣ пора дастгир ва парвандаи ҷиноӣ оғоз намудаанд.

  • 29.04.2019

Ҳалокати Махфират ва Бобораҷаби хурдсол дар ду ҳодисаи нохуш

Дар кӯчаи Испечаки пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Сатурн” Бедилов Ҳусейн Бобораҷаби хурдсолро пахш намуд, ки ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ хурдсол ҷони худро аз даст дод.

  • 19.04.2019

30,9 грамм афюнро фурӯхту 10 сол гирифт

Муниршоҳ Ибодов барои ба даст овардани фоида ба шахси ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда, ба номи шартии «Тура» маводи нашъадори навъи афюнро ба микдори 30,9 грамм фурӯхтааст ва дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.

  • 12.04.2019

Бунёди Оғохон дар дарёи Панҷ пули иртиботӣ месозад

Бунёди Оғохон дар дарёи Панҷ пули иртиботӣ бунёд хоҳад кард, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад.

  • 17.03.2019

Рекси девона киро куштан мехоҳад?

Агар як инсони камбизоатро саг газаду худи саг фавтад, бояд ҷабрдида ба ҳисоби миёна 450 сомонӣ ваксинаи зидди бемории ҳориро харидорӣ намояд. Маблағро пайдо накунад чӣ? Вой, бар ҳоли бемор.

  • 17.03.2019

Говдуздон дастгир гардиданд

Ба хонаи шаҳрванд С. Гулрухсор, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Истиқлол даромада, аз он ҷо 2-сар чорвои калони шохдорро, ки 8500-сомонӣ арзиш доштанд, дӯздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

  • 13.03.2019

Бохтар-навсозии боғи марказӣ

Тибқи иттилои шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои навсозии боғ як миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

  • 13.03.2019

Хатлон: 450 зан дар мақоми хизмати давлатӣ

Аз ҳисоби занон 843 нафар вакил, аз ҷумла як вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 181 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 616 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.

  • 22.02.2019

Хатлон: Боздошти 11 ҳазору 245 кг маҳсулоти бесифат

Кормандони маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Бохтар давоми 12 моҳи соли 2018 барои пешгирии бемориҳои сироятёбии одамон ва ҳайвонот, расонидани хизмати пулакӣ, назорати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва умуман ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Тибқи иттилои Ҳомид Гулмуродов, сардори маркази номбурда дар соли 2018 11 ҳазору 245 кг маҳсулотҳое, ки тибқи хулосаи […]

  • 22.02.2019

Хатлон: 27 маркази инкишофи кӯдак аз фаъолият боз монд

Бо сабабҳои гуногун дар оғози соли 2019 27 маркази инкишофи кӯдак дар вилояти Хатлон баста шуд. Ба иттилои масъулони Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар соли 2018 теъдоди ин марказҳо ба 740 адад ва фарогирии кӯдакон 17881 нафарро ташкил медод. Дар ҳамин замина манбаъ иттило медиҳад, ки ин шумора дар соли таҳсили […]

  • 20.02.2019

Ваъдаҳо ба Президент: корхонаи “Нуриҳои Осиё” ба он вафо накард

Калонтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар вилояти Хатлон мувофиқи ваъда бояд  1-уми феврали соли 2018 ба истифода дода мешуд ва наздики 1000 нафар бо ҷойи кор таъмин мешуданд. Аммо бо гузашти як сол фаъолияти ин корхона аз ҷониби сармоягузори чинӣ ба таъхир меафтад. Чаро? Ширкати ваъдахилоф Мутобиқ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва […]

App Banner