Тоҷикистон

  • 17.09.2019

Тирандозӣ дар марз: 1 кушта ва чанд захмӣ

Дар натиҷаи тирандозӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аз ҳар ду ҷониб як нафар кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар баёнияи Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, “ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, […]

  • 16.09.2019

Чаро ман Корманди шоиста нашудам?

Ман ҳамчун омӯзгор 40 сол бе танаффус умри азизи худро сарфи таълиму тарбия намудаам. Ҳамчун зани фаъоли ҷомеа барои ободии кишвар саҳми хеш гузоштам, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Ватанро тарк накарда, барои пешрафти ҷомеа дар пойтахт адои вазифа намудам.

  • 16.09.2019

Ширкати Тоҷикистон дар машқҳои низомии “Марказ-2019”

Машқҳои низомии  солонаи низомиҳои Русия таҳти номи «Марказ-2019» имрӯз, 16 сентябр шуруъ шуд. Ба размоишҳо, ки то 21 сентябр давом хоҳанд кард, ҷузъу томҳои Чин, Ҳинд, Покистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мепайванданд. Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки соли ҷорӣ «истифодаи неруҳои муштараки кишварҳо дар мубориза бо терроризми байналхалқӣ ва таъмини амният дар Осиёи […]

  • 16.09.2019

Аз Интернет пул кор кардан мехоҳӣ? Пас даст ба кор шав!

14- 15 сентябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе бо дастгири сафорати ИМА дар Душанбе бори аввал дар Тоҷикистон Фестивали Go Viral 2019 баргузор гардид.

  • 16.09.2019

Дарди гулӯ: маслиҳат аз таҷриба медиҳам

Нӯшидани шир ба одамони сард миҷоз хеле манфиатбахш мебошад. Ҳангоме, ки дарди гулӯро эҳсос намудед, дар як истакон як қошуқи калон асал омехта карда, нӯшед барои мулоим кардани гулӯятон мусоидат мекунад.

  • 16.09.2019

ДИНСИТЕЗӢ аз КУҶО сар мезанад?

Вақте дар садаи VII дар нимҷазираи Арабистон дини ислом дар раванди худшиносии миллӣ ҳамчун падидаи динӣ-сиёсӣ зуҳур гардид, тамоюли муттаҳидшавии арабҳоро дар як давлати том инъикос мекард.

  • 13.09.2019

Мулоқоти Убайдуллоев бо ду сафир

Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон  зимни дидор бо Аскар Тоҷибоев, сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон равобити мутақобилан муфиди парламентиро баҳри тақвияту тавсеаи ҳамкориҳо бо татбиқи нақшаҳои мушаххаси бархӯрди ҳадаф ва манофеъи тарафҳо баррасӣ кард. Раиси Маҷлиси миллӣ аз мавзеъгириҳои муштарак ёдовар шуда, афзуд, ки баргузории Ҷаласаи чоруми Раисони парламентҳои кишварҳои Авросиё дар моҳи ҷорӣ […]

  • 13.09.2019

Соати девори дил

Бузургмеҳри Тоҷиддин 27-уми апрели соли 1990 дар деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети «Забонҳои Шарқ»- и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (соли 2014) ва шуъбаи рўзонаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2016) мебошад. Шеърҳояш то имрўз дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва нашрияҳои ҷумҳурияви ба нашр расидаанд. Ба наздики аввалин маҷмӯаи шеърҳояш бо унвони “Соати девори дил” аз чоп баромад.

  • 13.09.2019

Гирифтани автомашина ва тилловорӣ бо роҳи қаллобӣ

Як марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 53-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 953,3-гр маснуотҳои тилловорӣ ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати 1-моҳ онҳоро фурӯхта, маблағашро бармегардонанд.

  • 13.09.2019

Пошхурии оилаҳо: Никоҳи хешу таборӣ ё зӯроварӣ нисбати занон?

Дар  шаш моҳи соли 2019 дар қаламрави ҷумҳурӣ бо қарори суд  4404 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. “Заҳр” дар хонаи падар “Дар синни 18- солагӣ волидонам маро ба шавҳар доданд. Аммо баъди 1 соли зиндагӣ бо кӯдаки 7- моҳаи дар батнам аз шавҳарам ҷудо шудам. 5 сол аст, ки дар хонаи […]

  • 13.09.2019

Афзоиши ҷиддии қарзи берунии Тоҷикистон

Қарзи берунии Тоҷикистон аз хатти 50 дарсади Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии (ММД) гузаштааст. Дар гузориши “Мусоидат ба имконоти рушди Тоҷикистон”-и Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки дар муддати 5 соли оянда Тоҷикистонро лозим аст, 40 дарсади қарзҳои берунии худро пардохт кунад. Дар ин гузориш далели баякбор боло рафтани мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ба миқдори 500 миллион доллар […]

  • 12.09.2019

Мир Мафтун: Бобоям аз Кӯлоб ва тоқии бадахшӣ самбули ман аст!(Видео)

Мир Мафтун, сарояндаи маъруфи тоҷик аз Афғонистон аст, ки бо иҷрои сурудҳои мардумӣ дар ҷаҳони форсизабон маҳбубият ба даст овардааст. Ҳунарманд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлол бо як сафари кӯтоҳ дар Душанбе қарор дошт. Зимни ин сафар суҳбате доштем бо сароянда, ки фишурдаи он пешкаши шумо мегардад.

  • 12.09.2019

Чаро шаҳринавиҳо дар як қабристон намеғунҷанд?

Маҳалгароӣ дар Чузӣ, ки аз қавмияту миллатҳои гуногуни гӯшаву канори Тоҷикистон таркиб ёфтааст,  аз мушкилоти   нигароникунанда масҳуб мешавад.  Бо вуҷуди дар як дину мазҳаб ва сокини як ҷамоату ноҳия ва шаҳрванди як кишвар буданашон, ба истилоҳ, “хунашон дар як дег намеҷӯшад”-у мурдагонашон ҳам дар як қабристон “созиш” намекунанд. Аз ин рӯ, гӯристонҳояшонро ҷудо сохтаанду мурдагонашонро […]

App Banner