газета Тоҷикистон

  • 18.09.2019

Давлат Худоназаров: Вақте ки забонатро мебуранд

Хиёбони шаҳрошӯби «Проспект мира» дар шаҳри Маскав ҷои суҳбат бо Давлат Худоназаров буд. Аз тирезаи ошхонае, ки мо рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифта будем, метрои ҳамноми ин кӯча чун дар кафи даст метофт.

  • 17.09.2019

Дилбар Умарова: Ман беҳтарин зан ҳастам! (Видео)

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова 70 — сола шуд, аммо мавлуди ӯ дар доираи маҳдуди оила ва дӯстон таҷлил гардид. Албатта, ҳамкоронаш дар театр ӯро фаромӯш накарданд ва дар оғози мавсими имсола, ки мусовӣ ба мавлуди ӯ омад, барояш гулдаста ҳадя намуданд. Чаро ҳунарпешае, ки номаш қариб ним аср вирди забонҳост ва худаш гули сари сабади маҳфилҳост, мавлуди хоксорона доир кард? Суҳбати мо ҳам аз ҳамин суол оғоз шуд…

  • 07.09.2019

Гулназар: Суруди миллӣ аз ман нест!

Сулаймон Юдаков аз яҳудиёни Қӯқанд буда, яке аз композиторони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки “Коваи оҳангар” ва “Найрангҳои Майсара” барин асарҳои барҷастаро офаридааст.

  • 06.09.2019

Сафирон мафтуни Ховалингу Балҷувон шуданд (Видео)

31 августи соли равон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корпусҳои дипломатӣ, сафирон ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, аз ҷумла Россия, Британияи Кабир, Афғонистон, Эрон, Қатар, Ҳиндустон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо ба ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон сафар намуда, аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои ҷаззоби он дидан намуда, бо ёдгориҳо, урфу одати мардуми тоҷик аз наздик шинос шуданд.

  • 06.09.2019

Бадахшон камбағал дораду гадо не!

Гузаштагони мо умри бобаракати худро бо нимсерию нодорӣ гузаронидаанд. Ҷомеаи башарӣҳар қадар рушд ёбадҳам, лекин як қишри камбағал, бенаво дар он боқӣ мемонад. Инсонҳо баъзан бо гуноҳи худашон ба ин рӯзи сиёҳ гирифтор мешаванду баъзан зарбаҳои мушти зиндагӣ онҳоро ба чунин ҳол мерасонад. Чун рӯи чаҳорроҳаи тақдир уфтоду пай бурд, ки оҳангҳои гиряву нолаашро бидуни худаш нафари дигаре намешунаваду шоми рӯзгораш пайваста тиратар мегардад, иҷборан бо нигоҳҳои имдодталабона, дидаҳои пури сиришк дасти ларзонашро тарафи роҳгузарон дароз карда мегӯяд:

App Banner