Ҷаҳон

  • 16.09.2019

Ширкати Тоҷикистон дар машқҳои низомии “Марказ-2019”

Машқҳои низомии  солонаи низомиҳои Русия таҳти номи «Марказ-2019» имрӯз, 16 сентябр шуруъ шуд. Ба размоишҳо, ки то 21 сентябр давом хоҳанд кард, ҷузъу томҳои Чин, Ҳинд, Покистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мепайванданд. Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки соли ҷорӣ «истифодаи неруҳои муштараки кишварҳо дар мубориза бо терроризми байналхалқӣ ва таъмини амният дар Осиёи […]

  • 16.09.2019

“Танзим”-и Тоҷикистон ба Ӯзбекистон роҳ ёфт

Сенати Маҷлиси Олии Ӯзбекистон масоили ба танзим даровардани тӯю маъракаҳоро баррасӣ кардааст. Танзила Норбоева, раиси Сенат ё Палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон ба хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, дар ҷараёни мулоқотҳо бо мардум бархе аз шаҳрвандон аз афзоиши тӯю маъракаҳои пурдабдаба  ва серхарҷ дар ин кишвар шикоят кардаанд. Ӯ таъкид кардааст, ба манзур ҷилавгирӣ аз чунин урфу одатҳои […]

  • 16.09.2019

Таҳқиқи куштори ҷавони ҳамҷинсгаро дар Тошканд

Шокир Шавкатов, як ҷавони 25 солаи ӯзбек, ки чанде пеш дар Инстаграм ҳамҷинсгаро буданашро эътироф карда буд, шаби 12-уми сентябр дар Тошканд кушта шудааст. Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ хабар дод, ки ду марди чилсола бо гумони даст доштан дар ин куштор боздошт шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, Шокир шаби 12-уми сентябр ба клубе рафта буд, ки […]

  • 16.09.2019

Писари бин Лодан кушта шуд

Доналд Трамп, президенти Амрико, марги Ҳамза бин Лодин, писари Усома бин Лодин, раҳбари пешини созмони террористии “Ал-Қоида”-ро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, писари Усома бин Лодин дар як амалиёти низомӣ дар марзи миёни Афғонистону Покистон кушта шудааст. Президенти Амрико дар баёнияе, ки рӯзи 14-уми сентябр онро Кохи Сафед нашр кард, кушта шудани Ҳамза бин Лодинро зарбаи […]

  • 16.09.2019

Қирғизҳо дар минтақаи баҳсӣ посгоҳ месозанд

Мақомоти Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба сохтмони посгоҳи назоратӣ – дар як минтақаи, ба гуфтаи онҳо, баҳсӣ ва дар роҳи байни Исфара ва Ворух муттаҳам карданд. Бишкек дар ин бора расман чизе нагуфтааст. Ҳоло байни шаҳри Исфара ва ҷамоати Ворух роҳи мустақил вуҷуд надорад. Роҳ аз байни деҳаи Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон мегузарад ва дар гузашта […]

  • 13.09.2019

Шаҳрвандони Чин бидуни виза вориди Ӯзбекистон мешаванд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 сентябр фармони ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид (виза) барои шаҳрвандони Чин бо шумули сокинони минтақаи маъмурии Ҳонконгро имзо кард. Дар ин бора Вазорати адлияи Ӯзбекистон иттилоъ дод. Бар пояи фармони Мирзиёев, сокинони Чин ва Ҳонконг аз 1 январи соли 2020 барои ҳафт шабонарӯз метавонанд, ба воситаи фурудгоҳҳои байналмилалии Ӯзбекистон бе […]

  • 13.09.2019

Лавров аз поёни ҷанг дар Сурия хабар дод

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҷанг дар Сурия ба поён расид. «Ҷанг дар Сурия воқеан поён ёфт. Ин кишвар тадриҷан ба ҳаёти осоишта ва муътадил бармегардад. Даргириҳо танҳо дар минтақаҳои берун аз идораи артиши ҳукумати Сурия, ба монанди вилояти Идлиб ва соҳили шарқии рудхонаи Фурот боқӣ мондаанд», — гуфт вазири умури хориҷии Русия […]

  • 13.09.2019

Мулоқоти Убайдуллоев бо ду сафир

Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон  зимни дидор бо Аскар Тоҷибоев, сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон равобити мутақобилан муфиди парламентиро баҳри тақвияту тавсеаи ҳамкориҳо бо татбиқи нақшаҳои мушаххаси бархӯрди ҳадаф ва манофеъи тарафҳо баррасӣ кард. Раиси Маҷлиси миллӣ аз мавзеъгириҳои муштарак ёдовар шуда, афзуд, ки баргузории Ҷаласаи чоруми Раисони парламентҳои кишварҳои Авросиё дар моҳи ҷорӣ […]

  • 13.09.2019

Боз бӯҳрон. Бӯҳрони ҷадиди ҷаҳонӣ аз куҷо маншаъ мегирад?

Аз замони бӯҳрони ахири ҷаҳонӣ 10 сол сипарӣ мешавад ва боз хатари бӯҳрони иқтисодӣ пайдо шудааст. Ҳоло ин бӯҳрон аз куҷо сар мезанад? Вақте бозорҳои молӣ ба ҳадди ниҳоӣ мерасанд, назари ҷамъияти сармоягузорӣ мутафовит мешавад. Бештари онҳо бовар доранд, ки бозор мушкили феълиро паси сар мекунад ва имкон дорад рушди иқтисод идома пайдо кунад. Бахши […]

  • 13.09.2019

Сармуҳаррир баъди нашри хабари «истеъфо»-и муфтӣ барканор шуд

Сармуҳаррири сомонаи Azon.uz-ро баъди он аз кор ронданд, ки хабари носаҳеҳе дар бораи истеъфои раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон муфтӣ Усмонхон Олимов нашр кард. «10 сентябри соли ҷорӣ дар идораи «Azon New Media» ҷаласаи фаврӣ доир ва сармуҳаррири сомонаи Azon.uz барои бемасъулиятӣ ҳангоми таҳияи хабар аз кор ронда шуд», — омадааст дар хабари идораи ин расона. […]

  • 12.09.2019

Қирғизистон 407 ҳектар заминашро ба Ӯзбекистон дод

Ҳукумати вилояти Ӯши Қирғизистон тасдиқ кард, ки 407 ҳектар замини назди обанбори Керкидани ноҳияи Араванро бар ивази минтақае дар наздикии деҳаи Гулбаар ба Ӯзбекистон доданд. Сухангӯи ҳукумати вилояти Ӯш Нуркиз Қодирбекқизӣ гуфт, масоҳати заминҳои табодулшуда яксонанд. Деҳаи Гулбаар дар даромадгоҳи ноҳияи Араван, дар канори роҳе ҷойгир аст, ки ба сӯи шаҳри Ӯш меравад. Аз тарафи […]

  • 12.09.2019

Озмоишҳои нокоми мушакҳои «Буревестник»-и Русия

Аз соли 2017 ба ин тараф Русия ҳадди ақал панҷ маротиба озомоиши мушаки дорои маҳаррики ҳастаии «Буревестник»-ро анҷом додааст, ки ҳамаи ин озмоишҳо ноком будаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNBC бо такя ба манобеи худ дар мақомоти иктишофии Амрико хабар дод. Ба иттилои мақомоти иктишофии Амирко, тӯлонитарин парвози мушаки «Буревестник» 2 дақиқа ва камтаринаш […]

  • 12.09.2019

Дар Тошканд қаҳрамони ҳафткаратаи Ӯзбекистон кушта шуд

Бино ба иттилои пулиси шаҳри Тошканд, шаби 10 ба 11 сентябри соли равон дар қаҳвахонаи воқеъ дар ноҳияи Юнусободи пойтахти Ӯзбекистон миёни ду гуруҳи ҷавонон низоъ сар задааст. Ҷавонон барои идомаи баҳс аз қаҳвахона берун шуда, ба занозанӣ давом додаанд. Дар натиҷа се нафар бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтаанд. Яке аз онҳо Муслимбек […]

App Banner