• Administrator
  • 05.02.2019
  • 0

Ҳавопаймоҳои Туркманистон дигар ҳақи парвоз ба Аврупоро надоранд

Оҷонси амнияти авиатсионии Аврупо рӯзи 4 феврал ширкати ҳавопаймоии «Хатҳои ҳавоии Туркманистон»-ро шомили рӯйхати сиёҳ ва парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатро ба кишвари Иттиҳоди Аврупо манъ кард.

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Бритониё хабар медиҳад.

Ба навиштаи нашрияи «Хроника Туркменистана», ҷониби Туркманистон бояд риояи меъёрҳои байналхалқии амниятиро тасдиқ кунад. Аммо дақиқ нест, ки ширкат кадом меъёрҳоро вайрон кардааст.

Дар робита ба манъи парвозҳо чанд парвози ҳавопаймоҳои ширкат ба Аврупо бекор шуд.

Нашрияи Independent менависад, дар робита ба таҳавуллоти охир то 5 ҳазор одам, ки мебоист, тавассути ҳавопаймоҳои ширкати Туркманистон аз Ҳиндустон ба Аврупо парвоз мекарданд, мумкин аст, зиён бинанд. Парвозҳои Ишқобод-Франкфурт ва Ишқобод-Порис ҳам манъ шуданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner