• Administrator
  • 27.05.2019
  • 0

Дар Рамазон исрофкорӣ дар кишварҳои арабӣ авҷ мегирад

Ба навиштаи маҷаллаи бритониёии Economist, дар моҳи шарифи Рамазон дар кишварҳои арабӣ беш аз 600 тоннаи маводи ғизоии истифоданашуда ба партов меравад.

Масалан, дар Миср дар моҳи Рамазон 67 дарсади маводи ғизоӣ, бо шумули меваю сабзавот исроф ва вайрон мешавад. Дар ин моҳ ҳар рӯз ҳар сокини ин кишвар 1 килою 800 грамм маводи хӯрокиро ба партов мерезанд.

Ба навиштаи маҷалла, дар шаҳри Дубай бошад дар моҳи Рамазон 55 дарсади маводи ғизоии барои ифтор омодашуда истифода намешавад ва ба партовгоҳ мепартоянд.

Дар Баҳрайн дар моҳи Рамазон ҳар рӯз 600 тонна маводи ғизоии вайроншударо ба партов мерезанд.

Дар Арабистони Саудӣ ҳар сол ҳар нафар 427 кило маводи ғизоии исрофшударо ба партов меандозанд, ки ин рақам нисбат ба кишварҳои Аврупо ва Америка се баробар бештар будааст.

Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз кишварҳои мусалмоннишин  дар Осиё ва Африқо сокинон хӯроки серӣ намехуранд ва аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner