• Mardon
  • 02.08.2019
  • 0

Дар шарқи Туркманистон «буҷавиҳо»-ро иҷборан ба пахтазор мебаранд

Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон муассисаҳои давлатиро вазифадор кардаанд, ки кормандони худро ба пахтазорҳо сафарбар ва маблағ ҷамъоварӣ кунанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Лебап, дар вилоят мавсими чеканкаи ниҳоли пахта оғоз шудааст. «Ҳар рӯз одамонро ҷамъ карда, ба чеканкакунӣ мебаранд», — гуфт хабарнигор.

«Ба хотири чеканка аз корманд 20-манатӣ ҳам ҷамъ мекунанд. То поёни мавсим ҳар як муассисаи давлатӣ вазифадор аст, ки дар як рӯз 5-6 корманди худро ба пахтазор фиристад», — иттилоъ дод ӯ.

Дар Туркманистон замин моликияти давлат аст. Мақомоти Туркманистон мегӯянд, бояд аз 550 ҳазор ҳектар замин дар сол 1 миллиону 50 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад.

Созмонҳои байналмилалӣ ҳамеша Туркманистонро барои истифодаи нирӯи кӯдакон ҳангоми ҷамъоварии пахта интиқод мекунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner