Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Ӯзбекистон нархи нон ҷиддан боло меравад

Дар назар аст, дар Ӯзбекистон қимати нон то 40-50 дарсад боло рафта ва қимати 1 дона нон то 1500 сӯм (наздики 1,5 сомонӣ) афзоиш ёбад.

Гуфта мешавад, болоравии нон дар пайи озодсозии қимати гандум ва орд сурат мегирад. Як кило орд мумкин аст, аз 1400 сӯм (1,4 сомонӣ) то ба 2000-2500 сӯм (2,1-2,6 сомонӣ) расад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки кумакҳои давлатӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва серфарзанд боло хоҳад рафт. Бино бар иттилои расмӣ, дар Ӯзбекистон наздики 1,6 миллион одам аз давлат кумак мегиранд.

Бори охир қимати нон дар Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2018 боло рафта буд. То он замон давраи тӯлоние нон дар Ӯзбекистон 600-650 сӯм (наздики 0,7 сомонӣ) арзиш дошт.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.