• Mardon
  • 19.06.2019
  • 0

Мушовири Президенти Ӯзбекистон ба фасод гумонбар шуд

Аҳмад Юнусхўжаев,мушовири раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар фасод ва истифодаи нодуруст аз маблағҳои буҷет ба миқдори калон гумонбар шудааст.

Дар ин бора, Эркин Юлдошев, муовини Прокурори генералии Ӯзбекистон рӯзи 17 июн дар ҷамъи хабарнигорон иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Юлдошев, Аҳмад Юнусхўжаев ба ҳангоми фаъолият дар мақоми раиси Донишкадаи дорусозии Тошканд дар ҳамдастӣ бо муовинони раиси ин донишкада 2,5 миллиард сӯми буҷетро  талаю тороҷ кардааст.

Ҳамчунин, бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон дар соли гузашта 67 ходими муаасисаҳои таълимоти олӣ ва миёнаи мамлакат ба талаю тороҷи моликияти давлатӣ ва порахурӣ боздошт шудаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner