• Mardon
  • 03.06.2019
  • 0

Навбат барои харидории маводи ғизоӣ

Дар фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон садҳо нафар барои харидории маводи зарурии хӯрокворӣ, ба мисли биринҷ, шакар, орд ва равғани растанӣ бо нархҳои давлатӣ навбат мепоянд.

Бино ба хабарҳои расида аз Ишқобод, бештари ин афродро занон, куҳансолон ва ноболғон ташкил медиҳанд, аз субҳдам дар навбат меистанд.

Нархи маҳсулоти ғизоӣ дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ нисбат ба бозор арзон аст. Масалан, дар фурӯшгоҳи давлатӣ агар 1 кило биринҷ 8 манат ё 2,5 доллар бошад, дар бозор биринҷ 20 манат (ҳудуди 6 доллари амрикоӣ) арзиш дорад.

Дар ду соли ахир маводи ғизоӣ дар фурӯшгоҳҳо камчин шуда, аз рӯи навбат ба ҳар нафар танҳо ба миқдори то 3 кило маводи хӯрокворӣ фурӯхта мешавад.

Дар моҳи апрел дар Туркманистон тухм камчин шуда ва ҳоло дар фурӯшгоҳҳо ҳар харидор танҳо 10 дона тухм харидорӣ карда метавонад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner