• Mardon
  • 01.08.2019
  • 0

Орди мағорбаста дар фурӯшгоҳҳои Ишқобод

Сокинони шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон аз сифати орде, ки фурӯшгоҳҳои давлатӣ ба онҳо пешниҳод мекунанд, шикоят доранд.

«Ҳамсояам аз фурӯшгоҳи давлатӣ як халта орди 50-килоӣ харид ва вақте онро кушоданд, пурра мағор баста, бӯйи баде ҳам мекардааст. Халтаи ордро ба фурӯшгоҳ баргардонданд, вале фурӯшандаҳо онро бозпас нагирифтаанд», — гуфтааст як сокини Ишқобод.

Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон ордро нисбат ба фурӯшгоҳҳои хусусӣ хеле арзон мефурӯшанд. Як халта орди 50-килоӣ дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ 50 манат арзиш дорад. ( қурби расмӣ: 1 доллар 3,5 манат аст).

Гуфта мешавад дар фурӯшгоҳҳои давлатии Ишқобод орди корхонаи маҳалӣ пешинҳод мешавад. Ин корхона ба ширкати давлатии «Туркмангаллаонумлерӣ» тааллуқ дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner