• Administrator
  • 23.05.2019
  • 0

Ҷавон дар эътироз ба хароб кардани манзилаш худро оташ зад

Сокини вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дар эътироз нисбати вайрон кардани манзили зисташ дар назди кормандони ниҳоди давлатӣ ба худ бензин рехта оташ зад.

Ин ҳодиса рӯзи 18 май рух дода, марди 33-сола ва падари се фарзанд бар асари оташ 80 дарсади баданаш сӯхта ва  дар бемористон фавт кард.

Модари 60-солаи ин ҷавон, ки барои наҷоти ҷавон аз оташ худро болои писараш партофта буд , бо ҷароҳати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки кормандони кадастри давлатӣ бунёди манзили ин мардро ғайриқонунӣ ва барои хароб кардани он омада буданд. Ҷавон ин ҳодисаро таҳаммул карда натавониста  худро ба коми оташ андохтааст.

Прокуратураи генералии Ӯзбекистон нисбати ин ҳодиса бо моддаи 103-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне, “ба ҳолати худкушӣ расондан” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Масъалаи тақсими замин барои бунёди манзил дар Ӯзбекистон, ки аҳолиаш аз ҳадди 33 миллион нафар гузаштааст, “доғ” маҳсуб мешавад.

Рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ Умар Файзуллоеви 43-сола дар эътироз ба ҷавоби радд барои ҷудо кардани замин барои бунёди манзил дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Тӯрткӯл раги дасташро бурид. Аммо одамон тавонистанд ӯро зуд ба бемористон интиқол диҳанд ва ин мард зинда монд.

14 декабр Нозима Эргашеваи 29 сола, як сокини дигари Ӯзбекистон ба ҳамин далел худро оташ зада буд.

Зимнан, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар маҷлиси ҳукумат дар соли 2017 аз афзоиши бемайлони худкушӣ дар кишвар ибрози ташвиш карда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner