Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эътирози дубора дар маркази Тифлис

Мухолифони Гурҷистон дар назди бинои порлумон дар маркази шаҳри Тифлис бо талаби баргузории интихоботи порлумонӣ дар соли 2020 бар асоси рӯйхати ҳизбӣ даст ба тазоҳурот заданд.

Раҳбарони иттиҳоди мухолифони Гурҷистон гуфтанд, эътирозгарон ба хотири он ки ҳизби ҳокими миллиардер Бидзина Иванишвилӣ аз созиш худдорӣ мекунад, субҳи рӯзи сешанбе роҳ ба сӯи бинои порлумонро мебанданд ва монеи баргузории ҷаласа хоҳанд шуд.

Мухолифони Гурҷистон 18 ноябри соли равон низ монеи баргузории ҷаласаи порлумонӣ шуда буданд. Вале нерӯҳои таъиноти махсус тазоҳургаронро пароканда карданд.

Муассиси ҳизби «Гурҷистони Аврупоӣ» Гига Бокерия гуфт, то мақомот гузашт накунанд, эътирозҳо қатъ нахоҳанд шуд.

Дар саҳни дохилии порлумони Гурҷистон чандин ҳазор сарбоз ва афсарони нерӯи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ҷамъ шудаанд. Мошинҳои обпош низ мушоҳида мешавад.

Пештар дабири кулли ҳизби ҳокими «Орзуи Гурҷистон» Кахи Каладзе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҷиноҳи аксарияти порлумони ин кишвар низоми интихоботиро бозбинӣ карданӣ нест. Ӯ аз мухолифон даъват кард, ки ба интихоботи порлумонии 31 октябри соли 2020 омода шаванд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.