Толеъномаи 20 июл 2018

ТОЛЕЪНОМА

hamalҲамал ( 21 март-20 апрел)

Хавфи  рехтани обрӯву нуфузатон мавҷуд аст. Дар бораи худ маълумот ва аксҳоятонро дар шабакаҳои интернетӣ паҳн накунед. Табъи нохуш ва дағалӣ ба муносибатҳои ошиқона ва ҳангоми робита бо ҳамсафари ҳаётӣ таъсири худро мегузорад. Дар ҷои кор ба амалҳои беандеша роҳ надиҳед. Баҳсу мунозира бо роҳбарият ягон фоида надорад.

savrСавр ( 21 апрел – 22 май)

Имрӯз бахтатонро пайдо месозед ё зиндагии худро куллан тағйир дода метавонед. Ягона чизе, ки боиси хирашавии табъатон мегардад, ин вазъи нохуби молиявӣ аст. Барои он ки корҳоятонро сари вақт ба анҷом расонида тавонед, бояд вақти худро дуруст тақсим карда тавонед. Агар ба ғайбату бадгӯии дигарон ҳамроҳ шавед, муносибати худро бо баъзе аз атрофиён вайрон месозед.

chavzoҶавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз вазифаи асосии шумо  муътадил сохтани муҳити хонаводагӣ аст. Фаромӯш насозед, ки оилаи тифоқ тамоми душвориҳоро паси сар месозад. Бо вуҷуди пеш омадани мушкилиҳо дар ин рӯз қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Дар роҳ боэҳтиёт бошед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Нафарони оиладор табъи дили худ зиста наметавонанд, зеро талаботи наздиконро низ бояд ба инобат гирифта тавонанд.

akrabСаратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ сар мезанад, агар шумо нармтар бошеду истиҳола намоед, кор ба муноқиша намерасад. Нафароне, ки қисми зиёди маоши худро барои қарз месупоранд, боз хароҷоти ногаҳонӣ карданашон лозим меояд. Ҳангоми сафар эҳтиёткор бошед, эҳтимоли рух додани садама вуҷуд дорад. Нӯшидани нӯшокиҳои хунук ба саломатиятон бе таъсир намемонад.

asadАсад ( 23 июл – 23 август)

Ҳама гуна сафарҳоро ба таъхир гузоред. Дар ин рӯзҳо ба ҳар нафаре, ки аз шумо кӯмак мепурсад, дасти мадад расониданро тавсия медиҳем. Вақти бештари худро бо аҳли оила ва наздикон гузаронед. Метавонед бо таъмир ва ободонии хонаву дар машғул шавед. Диққати хосаи худро ба саломатӣ равона созед.

sunbulaСунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Қабл аз кореро ба анҷом расонидан ё гаперо гуфтан нағзакак андеша намоед. Наздиконатон ба дастгирии шумо ниёз пайдо мекунанд ва ба ғайр аз шумо касе наметавонад аз уҳдаи ин кор ба хубӣ барояд. Дар муноқишае, ки дар коргоҳатон сар мезанад, ҳамроҳ нашавед. Муносибататон бо ҳамсафари ҳаётӣ беҳтар ва рӯзгоратон ширин мегардад.

mizonМизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Агар аз пайи мустаҳкам сохтани масунияти бадан нашавед, эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Хабарҳои манфиро ба дил наздик қабул накунед, табъи худро хуш гиред ва мушкиле сар намезанад. Мушкилоти пулиро ба таъхир гузоред. Муносибатҳои хуби оилавиро барбод надиҳед, вагарна баъдан муҳити осудаи оилавиро барқарор сохтан душвор мешавад.

saratonАқраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз дар баъзе масъалаҳо корчаллонӣ зоҳир кардану гоҳи дигар бо сабр буданатон лозим аст. Мушкилоти зиёде, ки ба саратон меояд, бо сабаби дигарон сар мезанад. Шиносону наздикон аз шумо кӯмак пурсида, ба корҳое ҷалб месозанд, ки ягон алоқамандӣ надоред. Кӯшиш намоед, ки ба чунин ҳолатҳо гирифтор нашавед, вагарна корҳои худатон нотамом мемонад.

kavsҚавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ташвишу мушкилиҳои рӯзгоратон дар ин рӯз зиёд мегардад. Аз он ки баъзе масъалаҳои корӣ нотамом мемонанд, руҳафтода нашавед. Маблағи дар даст доштаро сарфакорона сарф намоед, рӯзҳои наздик ба пул эҳтиёҷатон бештар мегардад. Қавсҳое, ки ҷуфти худро пайдо накардаанд, вохӯрии тақдирсоз интизор аст.

chaddiҶаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз асабатонро эҳтиёт кунед. Вақте бо нафаре ҳамкорӣ кардан мехоҳед, ба ваъдаҳои ӯ пурра бовар накунед. Дар муносибат бо наздикон эҳтимоли сар задани низоъ вуҷуд дорад. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна кор бо  муноқиша анҷом меёбад. Нафароне, ки оиладор ҳастанд,  ҳамсафари ҳаётӣ ташаббусҳоятонро дастгирӣ мекунад. Ба шахсони муҷаррадимрӯз ба мулоқоти ошиқона рафтанро тавсия намедиҳем.

dalvДалв ( 21 январ- 20 феврал)

Вақте расидааст, ки пул ҷамъ кунеду мушкилиҳоятонро рафъ намоед. Агар дар ташвишҳои худ фурӯ равед, сарҳисоби коратонро гум мекунед. Мушкилоти ночизро як тараф гузошта, танҳо фикри кори муҳимтарини худро кунед. Ҳамзамон дар ин рӯз ба саломатии худ диққати хоса диҳед.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯз барои дилхушиву сарфи маблағ мусоид нест. Дар касбу коратон пешравиҳо дида мешавад, вале дар  муносибататон бо ҳамкорон сардӣ ҳис карда мешавад. Нафарони муҷаррад бахти худро аз миёни атрофиён пайдо карда метавонанд. Агар сарчашмаи даромади худро ба касе фош насозед, маблағи хуб ба даст меоред. Вақте расидааст, ки рухсатӣ гирифта каме истироҳат кунеду аз пайи саломатӣ шавед.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply