• Administrator
  • 23.04.2019
  • 0

Толеъномаи 23 апрел 2019

Ҳамал(21 апрел-22 май)

Рӯзи ноорому пурмоҷарост дар нимаи дувуми рӯз воқеаҳои гуногун ҷараён мегиранд. Тавакилӣ кор накунед аз ҳангомаҷӯӣ дур бошед. Корҳои муҳиму масъулиятнокро беҳтараш ба ягон вақти дигар гузоред. дар муносибатҳои ошиқона баъзе мушкилот сар мезанад ва корҳоятон нотамом мемонад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ин рӯзро пурра ба истироҳат, ва санъат бубахшед. Ба мулоқотҳои ошиқона равед. Аз хариди калон худдорӣ намоед беҳтар мебуд, зеро хатари сарфи бисёр ва харидани моли бесифат зиёд аст. Эҳтимол баъзе моҷароҳои нохуш рӯй диҳанд, вале то охири ҳафта роҳи ҳалли онҳоро пайдо хоҳед кард. Муҳимаш дар ҳалли он аз роҳҳои қонунӣ истифода баред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Ин рӯз мумкин баъзе низоъҳои оилавӣ шуморо ташвиш диҳанд. Сабаби асосии ин нофаҳмиву ҷанҷолҳо мушкилоти иқтисодӣ ва муаян кардани “Калони оила” аст. Фаромӯш насозед, ки барои хӯҷаини хона шудан бояд бофаҳм ва таъмингари 100 % -и оила бошед. Бо дӯғу пӯписа ин кор ба шумо муясар нахоҳад шуд. Охири рӯз даромади хуби пулӣ ба даст меоред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯз нисбатан ором ва бобарор мегузарад. Саратонҳое, ки ба савдо машғуланд бурди калон мекунанд. Мушкилотҳои ҳафтаигузашта ба осонӣ ҳал мешаванд. Барои имзои шартномаҳои нав ва қарордоҳои муҳим рӯзи мувофиқ аст. Барои хариди калон инрӯз мувофиқ аст. Аз истеъмоли зиёди хӯрокҳои вазнинҳазм ва бирёнӣ худдорӣ намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи пурҳаводис буда, пур аз воқеъаҳои хотирмон мегузарад. Нимаи аввали рӯзро барои рафъи мушкилоти корӣ сарф намоед. Масалан асадҳои муҷаррад изҳори муҳаббат ба дилдода ё хостгориро ба ин рӯзҳо монанд. Дарди миён ва сутунмӯҳра дер боз шуморо азият медиҳад. Беаҳамиятӣ накунед ба назди духтур равед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Агар дар иҷрои корҳо саросема нашавед ва ба асабоният роҳ надиҳед муваффақият насибатон мегардад. Рафтори беандеша боиси сар задани нохушиҳо гашта метавонад. Дар муошират бо пайвандон таҳаммул ва сабрро пеша кунед. Охири рӯз ситораҳо сафари роҳи дурро пешгӯӣ мекунанд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нисбат ба рӯзи пешина инрӯз бобартар хоҳад буд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат ин рӯз хеле воқеаҳои аҷиб рух медиҳанд. Шумо ғайри чашмдошт ошиқу шайдои касе мешавед ва дилатон шабу рӯз ба ёдаш гум хоҳад зад. Мизонҳои эҷодкор ба барору муваффақиятҳои зиёд ноил мешаванд. Охири рӯз ба сафари берун аз шаҳр равед. Дилдодаатонро ба тамошои филм даъват кунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)


Барои амалӣ намудани идеяҳои тозаатон рӯзи мувофиқ. Дар ҳалли масъалаҳои ҷиддӣ ба фикри ҳамсаратон гӯш диҳед. Сирри касеро, ки ба шумо бовар кардааст фош насозед. Фаромӯш насозед, ки ҳар амалеро подошест. Ба дудилагӣ роҳ надиҳед қадамҳоятонро ба сӯйи мақсад устуворона гузоред. Саломатиатон хуб буда давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз дар ҳаётатон тағйиротҳои куллӣ ба амал меоянд. Воқеъаҳои хушу хотирмони имрӯзро шумо дер боз аз хотир намебароред. Зиёд ба хислати кунҷкобиатон дода нашавед вагар на ба саратон бало меоварад. Давоми рӯз аз додан ва гирифтани қарз худдорӣ намоед. Фикри хиёнат кардан ба ҳамсарро аз сар дур кунед. Фаромӯш насозед, ки агар ҳавасатон ба моли бегона шавад моли шуморо низ рабуданашон мумкин.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ин рӯз ҷаддиҳо бояд нисбатан эҳтиёткор бошанд. Нохушиҳо мисли балои аз таги по мехестагиборин яке пайи дигар баромадан мегиранд. Барои эмин мондан аз мушкилот ва осеб надидан аз ҷойҳои серодам ва сафари роҳи дур худдорӣ намоед. Аз муошират бо одамони бегона дурӣ ҷӯед. Ронандагон дар роҳ ва барқчиён ҳангоми кор бо қувваи электрикӣ эҳтиёткор бошед. Ба меҳмонӣ рафтанро низ тавсия намедиҳем.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Шумо бояд мушкилиҳои оилавиро дар мадди аввал гузоред. Хонаатонро таъмир кунед, масъалаҳои вобаста ба манзилро ҳал намоед. Ҳамеша фикру хаёлатон ба кор банд буда аз наздикон фарсахҳо дур шудаед. Ҳарчанд зери як бом умр ба сар мебаред аз дарди дилашон хабаре надоред. Сафари берун аз шаҳр ҳамроҳи наздикон ба манфиати кор хоҳад буд. Саломатиатон низ хуб аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ҳутҳо нисбати зодагони дигар бурҷҳо батолеъ ҳастанд. Ягон ҷамъомади дӯстона бе ширкати шумо хуш намегузарад. Рӯз барои харид низ мувофиқ аст. Дар коргоҳ ҳарчанд ягон навгонии хуше дар назар нест, вале мушкилоте низ дида намешавад. Барои пешгирӣ аз хурӯҷи бемориҳои ирсӣ нисбат ба он чизе, ки истеъмол мекунед бодиққат бошед. Вохӯриҳои ошиқона дар назар нест.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner