• Administrator
  • 12.04.2019
  • 2

Раддияи Субҳон Ҷалилов

Субҳон Ҷалилов, ровии шинохтаи радиои “Ватан” хабари боздошташ барои қочоқи маводи мухаддирро рад кард.
Бархе аз сомонаҳои иттилоотӣ хабари Субҳон Ҷалилов бо маводи мухаддир мунташир шуд ва ин фард танҳо ҳамноми ин ровии шинохта будааст.
Субҳон Ҷалилов дар саҳифаи фейсбукии хеш як навори кӯтоҳи видеоиро дар ин замина нашр кардааст:
“Риояи оддитарин қоидаҳои навишти хабар, риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ, ба назар гирифтани баъзе ҷузъиёти нозук дар самти расонаӣ кардани иттилоъи ба шаҳрвандон вобаста аз ҳар кас (шахсони воқеъӣ, ҳуқуқӣ — эътилофу созмону ташкилоти дигар) саводу фаҳмишу дарку фаросатро такозо мекунад….
Хушбахтона он Субҳони Ҷалил дар хабар омада ба Субҳони Ҷалил радиои “Ватан” ягон тааллуқ надорад. Субҳон чун ҳамеша ҳар субҳ интизори мухлисон дар “Субҳи Ватан” аст”.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner