Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зани бедаст — дӯзандаи моҳир (Видео)

Дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди дасту пойи бутун ва ҷисми солим доштан дар кӯчаву бозор ба гадоӣ машғуланд ва ё дар ба дар гашта талбандагӣ мекунанд. Ин гуна инсонҳо кам нестанд. Вале қаҳрамони имрӯзаи мо занест, ки бо вуҷуди даст надоштан дӯзандаи моҳир буда, устои кори худ аст.

Турсуной бошандаи Хона-интернати бепарастдорони шаҳри Панҷакент буда, модарзод дастҳояш кор намекунанд ва мутассифона, ӯ ҳарф ҳам зада наметавонад.

Аммо ин монеъи зиндагии ӯ нашуд. Турсуной сӯзаниву кашидадӯзӣ ва чеварӣ омӯхт ва ҷиддӣ ба ин касб машғул шуд. Ҳоло ӯ бо пойҳояш дӯзандагӣ мекунад. Сӯзаниву кашидадӯзиҳои ӯ харидорони зиёде пайдо карданд.

Директори ин муассиса ба мо гуфт, ки Турсуной бонуи пуркор аст ва лаҳзае фориғ аз кор буда наметавонад. Ҳамеша ба амале банд аст. Ӯ бо пойҳояш коре мекунад, ки дигарон бо даст карда наметавонанд. Дар соли рушди сайёҳӣ дар намоишгоҳҳо мо ҳамеша маҳсули дасти Турсунойро ба намоиш мегузорем ва ҳамагон ба ҳайрат меоянд.

Ҳамчунин, Амонқулова мегӯяд аз маблағҳои худаш Турсуной саҳиби сарпаноҳи шахсӣ шуд.

Вақти сабти Турсуной ба ёди мо панди Саъдӣ омад, ки чунин аст: “Рӯзи сарди зимистон дар поям кафш набуд. Ба зиндагӣ нафрин хонда берун баромадам. Мардеро дидам, ки пой надошт. Бинобар ин, зуд тавба кардаму шукр гуфтам, ки пой дорам”.

Зиндагии Турсуной барои ҳар як инсони солим бояд намунаи ибрат бошад ва боиси пешрафти мо шавад.

Турсуной маъюб нест, ӯ солимтар аз нафаронест, ки ба қадри зиндагӣ намерасанд ва ҳар як нафаси ҳаётро босамар истифода намекунанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.