• Administrator
  • 18.03.2019
  • 1

Бибии дарозумр

Зане дар автобус бо набераи 5- солааш меравад. Писарча бо садои баланд мепурсад:

-Бибӣ, шумо чандсола ҳастед?

Зан аз савол гурехтанӣ мешавад.

Кӯдак боз мепурсад:

-Бибиҷон, ақаллан рақами якумашро гӯед.

-Зан мегӯяд:

-Панҷ.

Кӯдак боз мегӯяд:

-Рақами дуюмаш чӣ?

Зан:

-Чор.

Кӯдак ин дафъа мегӯяд:

-Рақами сеюмаш чанд?

Ҳасиб барои хушдоман

Аҳли оила сари дастурхон ҷамъ омаданд. Хушдоман ба домодаш мегӯяд:

-Домод, ба ман ҳасиб бурида диҳед.

Домод мепурсад:

-Чӣ қадар реза кунам, оча?

Хушдоман дар ҷавоб:

-Чӣ қадаре ки дилат мехоҳад.

Домод мегӯяд:

-Не-е, оча, ман ҳасибро ба он дараҷа борик реза карда наметавонам.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Рустам:

    Ташаккур ба Шумо. Дер боз нахандида будам. Хамин хел латифахои намакинро тез тез монед.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner