• Forsi Editor
  • 27.03.2017
  • 0

Ғазал аз Саъдӣ

Кас ин кунад, ки дил аз ёри хеш бардорад,

Магар касе, ки дил аз санг сахттар дорад.

Ки гуфт ман хабаре дорам аз ҳақиқати ишқ,

Дурўғ гуфт гар аз хештан хабар дорад.

Агар назар ба ду олам кунад ҳаромаш бод,

Ки аз сафои дарун бо яке назар дорад.

Ҳалоки мо ба биёбони ишқ хоҳад буд,

Куҷост мард, ки бо мо сари сафар дорад.

Гар аз муқобила шер ояд, аз ақиб шамшер,

На ошиқ аст, ки андеша аз хатар дорад.

В-агар биҳишт мусаввар кунанд орифро,

Ба ғайри дўст нашояд, ки дида бардорад.

Аз он матоъ, ки дар пойи дўстон резанд,

Маро сарест надонам, ки ў чӣ сар дорад.

Дереғи пой, ки бар хок мениҳад маъшуқ,

Чаро на бар сару бар чашми мо гузар дорад.

Авом айб кунандам, ки ошиқӣ ҳама умр,

Кадом айб, ки Саъдӣ худ ин ҳунар дорад.

Назар ба рўйи ту андохтан ҳаромаш бод,

Ки ҷуз ту дар ҳама олам касе дигар дорад.

غزل از سعدی

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner