• Бахтовар Сафаров
  • 20.06.2019
  • 0

Баҳс: Решаи забони форсӣ аз куҷост? (Видео)

Доктор Муҳаммадҳайдари Малойирӣ, донишманди бузурги Эрон, муътақид аст, ки ватани забони форсӣ Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Хуросони Эрони кунунӣ аст.

“Забони форсӣ аслан ба форс тааллуқ надорад. Аслан миллате бо номи Форс вуҷуд надорад. Ин забон аз Хуросони бузург меояд. Яъне, паҳнои Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Хуросони Эрони кунуниро дар бар мегирад. Забони эрониён арабӣ нашуд. Вале онҳо забони расмиашонро, ки паҳлавӣ буд, аз даст доданд. Пас забони имрӯзии мо аз Хуросон бармехезад. Нахустин шоирон аз Хуросонанд. Куҳантарини онҳо Абулаббоси Марвазист. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Мавлоно аз ҳамин Хуросонанд. Яъне, аз ҳамин Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистони кунунӣ” — мегӯяд доктор Малойирӣ.

Шумо чи назар доред? Ба гуфтаҳои ин донишманди маъруфи эронӣ мувофиқед?

ریشه‌ی زبان فارسی از کجاست؟دکتور محمدحیدری ملایری، دانشمند بزرگ ایران، سخنانی شنیدنی در باره‌ی زبان فارسی دارد…!

Opublikowany przez ‎شب هاي كابل‎ Środa, 5 czerwca 2019

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner