• Administrator
  • 01.02.2018
  • 0

Бобоҷон Ғафуров чаро Абдулини тоторро ба Мурғоб фиристод?  

Саду ёздаҳ сол қабл дар як деҳаи соҳили чапи Волга кӯдаке ба дунё омад, ки тамоми умрашро ба Тоҷикистон, ба хидмати мардуми ин диёр бахшид. 

 Умре, ки сарфи Тоҷикистон шуд

Зоҳид Муҳабулович Абдулин дар оилаи муаззини масҷид таваллуд ёфт, вале инро дар ҳолномааш боре ҳам зикр накардааст. Вақте падараш ба ҷанги якуми ҷаҳон рафт, аз дари манзилашон қашшоқӣ сар даровард. Модараш барои аз гуруснагӣ намурдан ӯву хоҳарашро ба сағирахона супурд. Баъди аз ятимхона баргаштан дар соҳилҳои Волга чӯпонӣ кард ва даҳ пуд ҷави бар ивази подабонӣ ба дастовардаи Зоҳид барои ин оилаи фақир боигарии калон буд. Соли 1922 ба коргоҳи чӯб ба кор даромад, ҳамин ҷо ба сафи комсомол қабул шуд. Баъди хатми мактаби ҳизбии шӯравӣ сардори дастаи маҳви бесаводӣ буд. Як муддат дар рӯзномаи умумитотории «Игенче» хабарнигорӣ ҳам кард. Дар ҳамин шаҳри Бузулук ишқи аввалу охираш Сарварро ёфт. Соли 1929 Абдулин бо оилааш ба Туркманистон кӯч баст. Зану шавҳар дар кумитаи шаҳрии ҳизбии ноҳияи Тошҳавз ба кор шурӯъ карданд. Зоҳид зарурати мутахассисони кишоварзиро эҳсос намуда, бо ёрии С.М.Киров ба Донишгоҳи кишоварзии Ленинград дохил шуд. Баъди хатми донишгоҳ соли 1937 ба Тоҷикистон омад. Мудири шуъбаи фарҳанг, мудири мактаби колхозӣ, котиби кумитаи ҳизбии шаҳри Конибодом буд.

Соли 1939 чун котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияи Ашт бо 1800 нафар колхозчӣ ба сохтмони Канали калони Фарғона омад ва дар 22 рӯз меъёри кори 45 — рӯзаро иҷро карданд, ки дар ин бора рӯзномаи «Правда» дар сармақолааш навишта буд. Соле пас ӯро ба ноҳияи Пролетар, ки аз пахта ҳосили паст мегирифт, гусел карданд. Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ба ҷабҳа рафтан ариза дод, вале сарвари ҷумҳурӣ Бобоҷон Ғафуров, ки дар ин чор сол ин ҷавони тоторро хуб омӯхтаю ба чӣ корҳо қодир буданашро дарк намуда буд, хоҳиши ӯро рад кард. «Ақибгоҳ ҳам фронт аст. Мо қарор додем, туро ба Мурғоб фиристем. Ноҳияи сарҳадӣ, вазъаш ноором, танҳо ту аз уҳдаи идораи ин ноҳия мебароӣ». Зимистони соли 1941 ниҳоят сард омад. Чарогоҳро барф зер кард. Дар таърих аввалин бор барфи чарогоҳро дастӣ  тоза карданд, то чорво алафи хӯрданӣ ёбад. Ба ҷабҳа гӯшту пашм мефиристоданд. Колхозчиёни ноҳия ҳар моҳ барои истеҳсоли сурб 100 тоннагӣ маъдан меканданд.

Бозгашти дубораи Абдулин ба Конибодом

Абдулинро танҳо ба минтақаҳои ақибмонда мефиристоданд ва ин марди резаҷусса бо иродаи қавӣ, бо дилёбӣ ва софдилӣ ҳама душвориҳоро паси сар мегузошт. Чун соли 1942 Конибодом дар ҳама соҳаҳо ақиб монд, ӯро дубора ба ин шаҳр фиристоданд. Абдулин то соли 1946 ин ҷо зимоми сарвариро бар даст дошт ва бо адлу оқилӣ ном баровард. Солҳои 1946 -1951 котиби аввали ҳизбии ноҳияи Орҷоникидзеобод, баъдтар котиби дуюми кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб, котиби якуми шаҳри Кӯлоб ва солҳои 1961 – 1964 сардори раёсати истеҳсоли гӯшту шири Шӯрои нозирони халқии Тоҷикистон буд.

 Байни мардум дар бораи ин марди кору пайкор, инсони дар қавлу амал якрӯ то имрӯз ҳикоятҳое сайр доранд. Нигорандаи ин матлаб соли 1988, як сол пеш аз марги ин пири кор бо ӯ робита барқарор намуд. Он вақт Зоҳид Абдулин раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе буд. Ӯ дар бораи тоҷикону тоҷикистониён бо як ҳарорат ҳарф мезад, даҳҳо касон аз сардори бригада то раиси хоҷагӣ, сарвари мактабу раисони ҷамоатро ном мегирифт, аз онҳо ба некӣ ёд мекард. Зоҳид Абдулин чанд саҳифа аз дафтари ёддоштҳояшро ҳадя карда буд, ки то имрӯз нигоҳ доштаам ва нақли мо ҳам аз рӯзҳое шурӯъ мешавад, ки Абдулин чун сарвари коммунистон дубора ба Конибодом омад. Соли дуюми Ҷанги дуюми ҷаҳон буд…

  «Ба Конибодом зимистон расидем. Бо шароити ноҳия пештар ҳам шинос будам, аммо ин дафъа ба чашмонам бовар намекардам. Осори шуми ҷанг дар ҳар қадам эҳсос мешуд. Дар райком одамони шиносро вонахӯрдам: аксари мардон ба ҷанг рафта буданд.

 Ноҳия нақшаи пахтаро иҷро накарда буд. Аҳволи хоҷагиҳо хароб, зиндагӣ вазнин, гуруснагӣ ҳукмфармо, дар ҳар хонавода ноумедӣ. Тадбири таъҷилӣ андешидан лозим буд. Аммо — ку он тадбир?» (Аз дафтари хотира).

 Дар нахустин ҷаласаи кумитаи шаҳрӣ Абдулин масъаларо ҷиддӣ гузошт. Бо кадом роҳе набошад, пеши роҳи нобудшавии одамонро бояд гирифт. Аз худи пагоҳ мардумро хӯрондан зарур. Бо ҳар роҳ набошад…

 -Ин чӣ хел мешавад, фонди озуқа…

 -Фардо мардум хок газанд, ин озуқаат ба кӣ лозим? Медонам, мо қонунро вайрон мекунем, аммо марг ба қонунҳои мову ту парвое надорад. Фардо сарбозе аз ҷанг ояду аз гиребонат гирад, ки «ку бачаҳои ман», ҷавоби мо чӣ мешавад?

 Рӯзи дигар аз захираи шаҳр ба афтодаҳолон, фарзандони сарбозон 10 ҳазор карточка супурда шуд. Дар бошишгоҳҳо барои кишоварзон дег монданд, аз зардолуи кирмзадаи комбинат ҳам таом пухтанро ёд гирифтанд. Ҷои хоби аксар мардум ҳам бошишгоҳ шуд, то ҳама як ҷо, дами афтодан такядори якдигар бошанд.

 «Дар ин миён ба тутпаз расидем, гиёҳу алафҳои шифобахш рӯиданд. Зиндагӣ каме ҳам бошад, осуда шуд… Кишти пахта ба охир расид, чигит яксара неш зад… Ҳосили зардолу ҳам имсол нағз шуд, комбинати консерв шабурӯз кор мекард…». (Аз дафтари хотира).

Нусратҳои Ғалаба

 Зоҳид Абдулин тамоми солҳои ҷангро бо бехобӣ гузарондааст. Аспсавор деҳа ба деҳа, саҳро ба саҳро мегашт. На танҳо кори саҳро, балки амнияти  мардум дар дасти ӯ буд.

 «Онҳо ҷонфидоёни ҳақиқии ақибгоҳ буданд. Раиси колхози «Колхозобод»  Юлдош Дадоҷонов, «Коммунизм»  Аҳмад Самадов, ба номи Фрунзе  Мурод Ҳомидов, ба номи Андреев  Ашраф Ёқубов, ба номи Лоҳутӣ  Неъматулло Абдуллоев… Онҳо на танҳо сару сарвари кор, ҷояш ояд, тухмипош, оброн, тракторчӣ, муаллим буданд. Ватан хидмати онҳоро сазовор қадр намуд. Қатори онҳо ман ҳам ордени «Ҷанги Ватанӣ»-и дараҷаи 2 гирифтам. Занони давраи ҷанг дилу иродаи мардона доштанд. Оброн, тракторчӣ, тухмипош,хирманкӯбу чӯпон-ҳама  зан буданд… Руқия Бобоҷонова, Ашӯрбибӣ Азизова, Омина Мамадова, Фароғат Муҳиддинова, Мастура Ӯлмасова, Бибишарифа Нозирова, Нурбибӣ Комилова, Зебӣ Иброҳимова, Раъно Шарифова, Ризвон Каримова  ҳар яке ҷавоби даҳ мардро медоданд».   (Аз дафтари хотира).

 Соли ғалаба нусратҳои дигар низ овард. Боғҳо хуб ҳосил бастанд. Ҳамон сол ноҳияи Конибодом дар ҷумҳурӣ аз аввалинҳо буд, ки на танҳо нақшаи пахтасупорӣ, балки гӯшту ширу ғалларо ҳам иҷро кард. Агар соли 1943, соли аввали сари кор омадани Абдулин дар ноҳия 3453 тонна пахта рӯёнда бошанд, соли 1945  6058 тонна ҳосил супурданд ва ин дар ҳоле буд, ки тобистони ҳамон сол бориши шадид 211 гектар пахтазорро хароб кард. Ноҳия бо сарварии ин марди беқарор қоматашро боло гирифт, зиндагӣ осудатар шуд.

 То марг бо Тоҷикистон

Аввали соли 1946 конибодомиён Абдулинро ба анҷумани колхозчиён гуселонданд. Вале вай дигар барнагашт. Ҳанӯз анҷуман поён наёфта, ӯро ба ноҳияи Орҷоникидзеобод бурда, котиби аввали ҳизби коммунист «интихоб»  кунониданд.

  Хоҷагиҳои ноҳия солҳои ҷанг ба муфлисӣ расида, ҳамон ҳосили ночизро ҳам ғундошта натавонистанд. Ва барои Зоҳид Абдулин боз шабзиндадорию марз ба марзи замин гаштан, сахтгӯиву сахтгирӣ кардан, беқарориҳо шурӯъ шуданд. Соли 1947 вақте ноҳияи Орҷоникидзеобод дар ҳамаи соҳаҳо ба сафи аввал баромад, ӯ низ сазовори унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шуд.

  Соли 1955 вилояти Кӯлоб барҳам ёфт ва котиби дуюми кумитаи ҳизбии вилоят Зоҳид Абдулинро роҳбари шаҳри Кӯлоб таъин карданд. Чанде пас сарони ҷумҳурӣ хостанд боз ӯро чун одат ба ҷои душвортар чун балогардон бифиристанд. Аммо кӯлобиён ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд ӯро раҳо кунанд. Дар маҷлис 17 нафар сухан гирифта,талаб карданд, ки Абдулинро аз ҷой наҷунбонанд. «Дар минбар менишастаму чашмам лиқи об шуд. Охир ман ин одамони одиву хоксорро чун фарзандони худ дӯст медоштам»,-ба ёд меовард Зоҳид Абдулин.

 Замони Кӯлоб буданаш боз як ҳодиса меҳри одамонро ба ӯ зиёд кард. Солҳои шаст натиҷаи сиёсати бехирадонаи Никита Хрушев чорвои колхозчиёнро зӯран ба комбинатҳои гӯшт месупориданд. Ба Кӯлоб яке аз котибони кумитаи марказӣ омада, Абдулинро барои насупурдани аспҳои мардум танбеҳ дод. Котиб оташ гирифт: «Ман-ку як тотор, шумо тоҷик, одами таҳҷоӣ, наход надонед, ки дар шароити кӯҳсор асп барои мардум чӣ қимате дорад?» ӯ якпо истода, зарароварии қарори КМ-ро мегуфту мегуфт.

  Зоҳид Абдулин Тоҷикистонро чун зодгоҳаш Калмаюр дӯст медошт, ба мардуми дилсофу меҳнатқарини ин диёр меҳр баста буд. Дар дафтари хотироташ низ суханони гармро дар ҳаққи ин мардум арзонӣ доштааст. Сарвари вақти ҷумҳурӣ Бобоҷон Ғафуровро бо меҳри хос ёд овардааст.

Ҳамин ҷо, дар сарзамини тоҷикон ӯ чаҳор маротиба ордени Ленинро сари сина овехт, ба гирифтани ду ордени «Нишони фахрӣ», Байрақи Сурхи Меҳнат, «Ҷанги Ватанӣ» ноил гардид. Ҳамин ҷо заҳматҳояш бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ  қадр гардид. Ончунон ба ин замин меҳр монд, ки  соли 1989 дар синни 83 дар Душанбе  хок шуд. Дар маросими дафнаш гӯё тамоми аҳли ҷумҳурӣ ширкат дошт. Холо дар Орҷоникидзеобод барои гиромидошти хотираи ин фидоии диёр иқдоме карда бошанд, намедонам, аммо дар Конибодом Зоҳид Абдулин танҳо дар ёдҳо мондааст. Ҳатто дар «Майдони қаҳрамонон»-и шаҳр ба далели унвони қаҳрамониро дар гӯшаи дигари диёр гирифтанаш нимпайкараашро нагузоштанд…

  Маҳмуди АШӮРМУҲАММАД,шаҳри Конибодом

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner