• Administrator
  • 10.08.2018
  • 0

Дмитрий Брусникин даргузашт

Коргардон ва актёри рус Дмитрий Брусникин дар синни 60-солагӣ даргузашт. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Дождь» рӯзи 9 август хабар дод.

Брусникин унвони ҳунарманди хизматнишондодаи Русияро дошт. Ӯ хатмкардаи мактаб-студияи Театри Академии бадеии Маскав буд ва дар ҳамон мактаб ба ҳайси муаллим фаъолият мекард. Соли 2009 ӯ ба унвони «Арбоби ифтихории санъати Федератсия Русия» мушарраф шуд.

Соли 2015 шогирдони ҳунарманд аз «Коргоҳи Дмитрий Брусникин» ба шакли пурра ба театри драмавии Маскав пазируфта шуданд. Худи коргардон дар театр ба сифати муовини раҳбари бадеӣ кор мекард.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner