• Mardon
  • 13.05.2019
  • 1

Камол Насрулло ба Афзалшоҳ: Баргард, пазмони туем!

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло зимни як номаи манзуми худ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи мумтоз ва саршинос Афзалшоҳи Шодиро, ки феълан дар Олмон пас аз ҷарроҳӣ табобат мегирад “Булбули боғи Ватан”, “дурахши орзуҳои дили сӯзони мо”, “Шабчароғе дар раҳи эҳёи Меҳан”, “Худфурӯзе дар дили шабҳои Меҳан” номида, барои саломатии ӯ дуо менамояд ва муроҷиат мекунад, ки “баргард, пазмони туем”.

Нашри номаи шоир дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Афзалшоҳи Шодӣ, сарояндаи маъруф ва директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар Олмон ҷарроҳӣ шуд ва консерти дурузаи худро,  ки мебоист рӯзҳои 11 ва 12 — уми май дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд баргузор мешуд, мавқуф гузошт.

Дар мавриди беморӣ ва ҷарроҳӣ шудани худ сароянда худаш бо паёми видиоӣ хабар дод.

“Ман дар Германия 25 рӯз боз дар бемористон қарор дорам. Узр мехоҳам аз мардуми Хуҷанд. Мо ҳеҷ вақт ба мардуми Хуҷанд ноҳурматӣ намекунем. Мардуми азизи Хуҷанд ман бахшиш мепурсам. Ин ки насиб сиҳат саломат ба Тоҷикистон баргаштам рӯзашро муайян мекунем ман консерт медиҳам. Илоҳо ҳама мардуми Хуҷанди бостонӣ саломат бошанд, умри дароз бинанд”- гуфт дар паёми видиоии худ Афзалшоҳи Шодӣ. 

Пайвандони Афзалшоҳи Шодӣ ба “tajikistantimes.com” гуфтанд, ки айни замон вазъи саломатии сароянда беҳбуд ёфта, баъди чанд рӯз аз бемористон мебарояд.

“Афзалшоҳи Шодӣ чанд вақти охир аз захми меъда ранҷ мебурд ва билохира дар Олмон ҷарроҳии вазнинеро пушти сар кард. Шукр ки ҷарроҳӣ хуб гузашт ва вазъи саломатии эшон беҳбуд меёбад”-гуфт, яке аз пайвандони сароянда.

пас аз он ки хабари ҷарроҳӣ шудани Афзлашоҳи Шодӣ расонаӣ шуд, ҳазорон нафар аз мухлисонаш ба ӯ дуои шифоёбӣ ва талаби зуд баргашатан ба саҳнаро карданд.

Яке аз онҳо Камол Насрулло шоири саршиноси тоҷик аст, ки дар номаи манзуме ба Афзалшоҳ шифои оҷил мехоҳад. Инак матни он нома.

НОМА БА ДОДАРИ АЗИЗАМ, АФЗАЛШОҲИ ШОДӢ

Булбули боғи Ватан, баргард, пазмони туем,

Мо дуогӯву санохони дилу ҷони туем.

Чун дурахши орзуҳои дили сӯзони мо,

Зинда бош, эй зиндадори нусрату армони мо.

Шабчароғе дар раҳи эҳёи Меҳан будаӣ,

Худфурӯзе дар дили шабҳои Меҳан будаӣ.

Номат Афзалшоҳу афзалтар барои мо туӣ,

Номбардори барӯманди ниёи мо туӣ.

Эй садоят мондагору эй навоят мондагор,

Ёри ёрон будаӣ умре, Худоят бод ёр!

Ровии Лоиқ туиву лоиқи халқи худӣ,

Нолаи ҷонсӯзи халқи хеш дар ҳалқи худӣ.

Рӯҳи пири Панҷрӯдӣ пуштбонат бод, кош!

Ёди ёри меҳрубон тӯмори ҷонат бод, кош!

Муждаи шодӣ алайҳи дарду ғам овардаӣ,

Дар сурудат миллати моро ба ҳам овардаӣ.

Чун кабӯтар номаи ишқу вафоро мебарӣ,

Чун саломи халқ пайғоми сафоро мебарӣ.

Зинда бош, эй додари ҷон, мебарам дасти дуо,

Эй ҳама луфу муҳаббат, эй ҳама меҳру сахо.

Меҳри мо, баргард бар дил, ёди мо, боз о ба сар,

Нури мо, боз о ба чашму файзи мо, боз о ба дар.

Бозгард, эй ҷони рафта, то ки дар ҷонат кунем,

Барг барги дил бирезему гулафшонат кунем.

12.05.2019.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • ЛОЛА:

    Худованд ба Афзалшохи шодиофарину махфилоро ва гамзудои хазорон кас шифои комил ато фармо омин…..

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner