• Бахтовар Сафаров
  • 20.08.2019
  • 1

Агар ҳамрози ман будӣ

Фарзонаи Зарафшонӣ – 19. 09. 1990 дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мебошад.

Дар маҷаллаи “Ноҳид” ва рӯзномаи “Шарқи озод” фаъолият карда, айни замон корманди маҷаллаи «Паёми Суғд» аст. Маҷмӯаи шеъраш бо номи “Марвориди найсон” соли 2017 ба нашр расидааст.

Номаҳои ошиқонаи суханварон ва бузургони оламро тарҷума ва баргардон намудааст, ки дар шакли китоб омодаи нашр аст.

НОМА

Агар ҳамрози ман будӣ
Пари парвози ман будӣ,
Китоби зиндагиро сафҳагардон кардаву
як сафҳаи нав мекушудам.
ва рӯи он
тамоми сарнавишту пайнавишти ишқро ман
нақш бинмудам.
Агар ҳамрози ман будӣ,
Дубора рӯи маҳро мекушудам
Ва тоза аз тамоми тирагиҳо менамудам.
Шақоиқҳои наврӯзи баҳоронро
Ба дай чун армуғони тозаву навруста мебурдам
Агар ҳамрози ман будӣ,
Ситора мекашондам аз дили зулмот
Барои ошиқони зиндаи шаб,
Барои дилбарони покмашраб,
Чу рамзи ишқу сарсабзӣ.
Чанорони канори ҷӯйборонро
Ҳама пироҳани сабзи абад, пӯшида медидам.
Агар ҳамрози ман будӣ,
Ба номи ишқ мебастам ҳама паймону аҳди навҷавониро
вафои ҷовидониро…
Агар ҳамрози ман будӣ,
Ҳамин сон сода мебудам
Фақат розам намегуфтам ба ин сангодамони беҳиссу беҷон.
Ба вақти рустани зеҳнам
Лаби худ аз гузоришҳои берангу садову ҳарф мебастам.
Агар ҳамрози ман будӣ,
Ба ҷои кина тухми меҳр мекиштам
Ва оламро ҳама аз хандаи тифлон танинандоз медидам
Силоҳи дасти ҷоҳилро чу як гулдастаи зебои ишқофар
Ба ёру дилбару ҳамсар,
Ба номи ишқу бовар
Раҳ ба раҳ тақдим мебурдам.
Агар ҳамрози ман будӣ,
Ҳама майхонаҳо гулхона мешуд
Ва шамъи ишқ ҷонафрӯз
Ба гирдаш оламе парвонасон мастона мешуд.
Агар ҳамрози ман будӣ,
Намебудам ба ин сон сояи як хас
ва ё дашноми номардонаи нокас.
Бубин, ҷонам чунон сахт аст
Ҳамчун санг
Ба рӯи ин ҷаҳони танг
Нафасгирам аз ин оҳанг,
Аз ин оҳанги пур аз нанг:
Ҷанг, ҷанг, ҷанг…
Вале ҳайфо, ки ман
як ғунчае нашкуфтаву розам ниҳон дар дил,
Канори ҷӯйборе сард
Садои пои оби нуқрагун бар гӯш,
Таманное чунин бар лаб:
Агар ҳамрози ман будӣ,
Пари парвози ман будӣ…
Маро бахшо, ки ҳамрозам туӣ танҳо
ва ман дар кӯчаҳои бетуи танҳо
задам раҳгум
барои ҷустуҷӯи Ту,
барои ҷустуҷӯи худ.

ЯК ЗАРРАИ МЕҲАН

Осуда наям чун субҳ,
Осуда на чун хуршед.
Осуда на чун шоҳин, осуда на чун қақнус
Пуршeр чу дарёям
Пурзамзама меоям
Резам чу суруди ғам,
Нолам, ҳама чун ноям…
Осуда наям, к-аз хашм, асмо ҳама бидриданд,
То бар Зуҳалу Маҳтоб, ғамҳои Замин чиданд.
Осудагии ман монд
Дар шоми пур аз ахтар
Вақте ки ба ман маҳтоб,
Як “кулчача” мепартофт.
Осудагии ман монд дар қиссаву афсона
Афсонаи “Кӯҳи қоф” дар хотираи сабз аст.
Долон пури кафтарҳо,
Дарё пури гавҳарҳо.
Дар хонаи чашмонат, симурғи дилам мезист
Ҳоло наям осуда, ҳоло ҳама туфонам
Дар мулки Яман xанг аст.
Дар Сурияву Афғон,
Марг аст рақамгардон,
Модар ҳама гирён аст, кӯдак ҳама ҳайрон аст,
Ку кӯчаву ку бозор, он ҷумла, ки вайрон аст.
Ҳоло наям осуда
Бунёди ҷаҳон ҷаҳл аст.
Тарконидани дунё дар чашми аду саҳл аст.
Баргe, ки чӣ сон бошам?
Ашкам ба куҷо пошам?
Дил гуфт: муҳаббат пош, лабханди саодат пош,
Фархундарисолат шав,
Як зарраи меҳан бош!

СУБҲИ ВАҲДАТ

Рӯшноӣ омад, эй ёр!
Шоми зулмат рафт.
Субҳи зебои таманно,
ҳамчу он субҳе, ки дар авроқи зарринаш
ишқи сабзи ҷовидон сабт аст.
Ишқи Лайло – лоларухсори китоби Рӯдакӣ,
Ишқи Ширини Низомӣ…
Фасли зебои муҳаббат мевазад бо меҳрубонӣ,
Пушти ин дар.
Корвони барбату чангу дутор
Қитъа – қитъа роҳ мепӯяд.
Меҳрубонӣ ҳокими ин даҳр мегардад…
Ханҷари ҳирсу тамаъ бишкастааст.
Шаҳриёри субҳи осоиш ба рӯи тахт.
Рӯи олам офтобист…
Аз диле то бар диле роҳест ин ҷо,
Чашмҳо афсонахони қалбҳо.
Одамон рози ниҳони якдигарро мешиносанд…
ҳолиё
Абрҳои кинаву нафрин
Осмони қалбҳоро тира нанмояд
Раъду барқи бадгумонӣ
Нахли ишқе рози реша барнахоҳад канд.
Зиндагӣ аз ҷабри золимҳо раҳоӣ ёфта
Ҳеҷ хаффоше зи кӯрӣ
Ҳукми қатли зиндагиро мeҳри бемеҳрӣ намемонад
Пеши чашми шабравони хаста ҳоло шабчароғе ҳаст…
Марҳабо, эй субҳ!
Эй шукӯҳи сарзамини нур
Эй паёмовар зи озодӣ.
Эй ки мехонӣ ба гӯши мардуми олам
Номаи шодӣ!

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Амони Мухаммад:

    Шоираи бехтарин хастанд. Офарин. Фарзонаи дуюми миллат

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner