• Бахтовар Сафаров
  • 30.07.2019
  • 2

Агар як заррае эҳсос дорем…

Рухшона Асрорзода (Рухшона Норова) дар шаҳри Панҷкент зода шуда, айни замон дар синфи 6б-и МТМУ №34 ба номи А. Ҷомӣ таҳсил менамояд. Ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ ба эҷоди шеър машғул шуд. Намунаҳои ашъори ӯ дар нашрияҳои кӯдакону наврасон “Анбоз”,  “Пайрав” ва  рӯзномаи “Ҷумҳурият» ба нашр расидаанд.

Офтоби нурбор

Офтоби нурборам, модарам,

Эй нишоти рӯзгорам, модарам.

Мушфиқу ҳам соябонӣ бар сарам,

Роҳпо, чашминтизорам, модарам.

Кони лутфу хони икромам туӣ,

Хайрхоҳу хайрборам, модарам.

Дӯст медорам туро мисли Ватан,

Аз ту бошад ифтихорам, модарам.

Рост гуфтанро зи ту омӯхтам,

Ростгӯву росткорам, модарам.

Забонро пос дорем

Агар мо модаронро дӯст дорем,

Агар як заррае эҳсос дорем.

Забони модариро гум насозем,

Забони модариро пос дорем.

Забон омӯхтам бо меҳри модар,

Забон омӯхтам бо шири модар.

Агар мо қадри модарро бидонем,

Забони модариро пос дорем.

Забони модариро пос дорем,

Чун аз модар варо мерос дорем.

Кабӯтарак

Кабӯтараки танҳо,

Чӣ меҷӯӣ дар ҳаво?

Ба фикрам монда шудӣ?

Ё ин ки ташна шудӣ?

Биё, лаби бом нишин,

Лаҳзае ором нишин,

Як қатра обат диҳам,

Бас обутобат диҳам.

Бароят лона созам,

Аҷоиб хона созам.

Сипас диҳамат дона,

Шавӣ азизи хона.

Зиндагӣ бикун шодон,

Дар ҳавлияки моён.

Розӣ бошӣ, о наздам,

Кабӯтараки нағзам.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner