• Бахтовар Сафаров
  • 15.08.2019
  • 0

Ҳасрати борон ба ҳазрати гул

Баҳроми Раҳматзод 3-уми апрели соли 1987 дар оилаи шоир таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров буда, алъон дар Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ба ҳайси директори он ба таҳқиқи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ машғул аст.

То имрўз девонҳои Хаёлии Бухороӣ ва Шўхии Хуҷандиро таҳияву тавзеҳ ва нашр намудааст ва муаллифи беш аз 50 мақолаи илмӣ мебошад. Ҳамчунин, китобҳои “Хамса”-и Хоҷуи Кирмонӣ ва “Варақи ҳусн” (Мунтахаби ғазалиёти Камоли Хучандӣ)-ро бо муқобалаи нусхаҳои қадима ва тавзеҳот нашр намудааст.

Рисолаи номзадии хешро дар мавзўи “Зуҳурии Туршезӣ ва анъанаҳои соқиномасароӣ дар асрҳои ХVII-ХVIII”  соли 2018 дифоъ кард. Маҷмўаҳои шеърии ў таҳти унвонҳои “Муколамаи хуршед” (соли 2008) ва “Мусиқии атр” (соли 2012) ба ҳаводорони каломи ноб пешкаш шудаанд.

Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи адабии “Падида” (соли 2013) ва ҷоизаи Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт (соли 2014) аст.

Аз номи мотамзадагони Суриё

Ин кофарон, ки дини Худоро шикастаанд,

Хуршед куштаанду шуоро шикастаанд.

Бўи умед нест дар ин хиттаи ғализ,

Гўӣ, ки болҳои саборо шикастаанд.

Аз ин ғубору чанг в-аз ин дуди оҳҳо

Таркиби шишагии ҳаворо шикастаанд.

Кас нест то само бибарад нолаҳои халқ,

Боли фаришта, дасти дуоро шикастаанд.

Ҳайронам аз кӣ шиква кунам ё куҷо равам?!

Чун дар билоди мо ҳама ҷоро шикастаанд.

Гўӣ, ки ин балозадагон пеши кўи мо

Санге заданду пои балоро шикастаанд.

Чун кўр худ надида ба айби касон шуданд,

Дар шаҳри мо чу оинаҳоро шикастаанд.

Ин занфурўш – синаи модаргазидаҳо,

Қадри занону нархи ҳаёро шикастаанд.

Гардан шикаста бод ба қавме, ки пеши Ҳақ

Шармандавор қадди ниёро шикастаанд.

Рассоми орзу

Рассоми орзуяму армон кашидаам,

Акси туро ба зарварақи ҷон кашидаам.

Яъне тамоми ҳодисаҳоро ба шеъри худ,

Бо ҳарфҳои бесару сомон кашидаам.

Донӣ чаро зи дасти дилам хун чакидааст,

Ман хорро зи пои мағелон кашидаам.

Дар шавқи ту, ки сўхтаам, рўи дафтарам

Бо рангҳои гарм зимистон кашидаам.

Чун муждае зи омадани ёрам омадӣ,

Эй шаб, туро сафеду дурахшон кашидаам.

Он гуна поку софу мубарроӣ, эй азиз,

Акси туро ба дафтари борон кашидаам.

Дигар ғазал зи дасти хаёли ту сар надод,

З-ин рў ба силки қофия паймон кашидаам.

Ҳазрати гул

Қасам ба ҳасрати борон, қасам ба ҳазрати гул,

Ки солҳост, ки ман дурам аз саодати гул.

Дилам ба базми гулу лола мекашад, аммо

Ҳавои сарди чаман медиҳад кафорати гул.

Ба маҳфиле, ки сухан аз сухан равад, ҳайф аст,

Ба одамон-ш фиристїӣ магар ишорати гул.

Ба буғзи абру ҳавои гирифтаи гардун,

Ки чашмҳои таре ҳаст дар таровати гул.

Қасам ба хушкии табъу қасам ба қаҳтии меҳр,

Ки ҷуз ба хори забон нест истиорати гул.

Баҳор омад, то нармдил кунад моро,

Вале дамид ба боғи ҷаҳон шақовати гул.

Дурўза буду шуд афсурда ҳамчунон некӣ,

Дилам, валек набахшид ин хиёнати гул.

Гули ғамест, ки дар кўчаҳои шаҳри ман аст,

Ки нест мардуми ин шаҳрро як одати гул.

Агарчи зудзавол аст, хаста шуд гоҳе,

Дил аз сафорати шабнам, сар аз садорати гул.

Дило, дубора ба ташбеҳи ростин кун рўй,

Ки нест ғайри гул ин ҷо касе ба ҳолати гул.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner