• Бахтовар Сафаров
  • 29.07.2019
  • 2

Бузургмеҳри Баҳодур

9 июни соли 1992 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ (Деваштич) ба дунё омад. Соли 2014 Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Сотим Улуғзодаро бо ихтисосии филологияи тоҷик хатм кард. Аз соли 2016 аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон аст. Аз соли 2014 корманди рўзномаи «Ҷумҳурият» мебошад.

Соли 2016 нахустин маҷмўаи шеъраш таҳти унвони «Ҳамболи турнаҳо» дар нашриёти «Истиқбол» нашр гардид ва соли 2017 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

СОАТИ МОДАРИ МАН ХУРШЕД АСТ

Соати хонаи мо хобидаст,

Модарам бетақвим,

Модарам бесоат,

Сарҳисоби гираҳи тобу табаш медонад.

Аз раҳи рафтану бозомадании Хуршед

Гузари рўзу шабаш медонад.

Аз ҳисоби ҳамаи суду зиён;

Аз рақамҳои парешони умр,

Рўзи мелоди маро медонад.

Зотан ў фалсафаи зиндагиро медонад,

Ки барои дигарон зистан аст

                                          бесоат, бетақвим…

Рўзи ў испед аст,

Ба дилаш ақрабаки уммед аст,

Соати модари ман Хуршед аст.

ЗАНУ ШЕЪРУ ШАРОБ

Зану шеъру шароб аз як таборанд,

Табу тобу сароб аз як таборанд.

Ба зан майлу ҳавас доим ҷавон аст,

Зану фасли шубоб аз як таборанд.

Баҳор аз маънӣ холӣ буд бе зан,

Зану боғу гулоб аз як таборанд.

Ба зери пои ў ҷаннат ниҳоданд,

Зану меҳру савоб аз як таборанд.

Гиреҳи қалби ў бикшо ба тадбир,

Зану илми ҳисоб аз як таборанд.

Ҳамеша нокушуда, пурмуаммо,

Зану розу китоб аз як таборанд.

Бидуни зан на май буду на шоир,

Зану шеъру шароб аз як таборанд.

ШИКОРИ ОФТОБ

Аз шикори офтоб омад дилам,

Аз канори моҳтоб омад дилам.

Дар қадамҳояш ситора мешикаст,

Партавафшон чун шиҳоб омад дилам.

Покии сад чашмаву дарё гирифт,

Дар дили оинае маъво гирифт.

Бо камоле, ки намеғунҷад ба хун,

Аз дили шаффофи об омад дилам.

Суръати нураш буд, азбас мешитофт,

Бо нафас кўҳи муаммо мешикофт.

Рози зебои Худоро мешинохт,

Худ саволи беҷавоб омад дилам.

Гаҳ замин ҷунбид, ў аз по нарафт,

Гаҳ фалак ларзид, ў аз ҷо нарафт.

Лек аз бўи гуле афтод маст,

Ин қадар пурпечутоб омад дилам?!

Ман намедонам, ки ин дил аз кӣ буд,

Ё чаро дар синаам омад фуруд?

Ҳар чӣ бодо бод, мегўям дуруд!

Бесадо, беинтихоб омад дилам…

Аз шикори офтоб омад дилам,

Аз канори моҳтоб омад дилам.

Дар қадамҳояш ситора мешикаст,

Партавафшон чун шиҳоб омад дилам.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Шоистаи Равшан. shoesteh.mavaddat@gmail.com:

    Шоире аз макони Хуршед
    Бузургмеҳр шоирест, ки гӯё чун як пораи Хуршед аз осмон ба замин фуруд омадааст. Шеърҳояш ба қалби хонанда гармиву нури тозаи хуршедӣ мебахшанд. Зеро шеърҳояш мазмуни воло, ҷилои хуршедӣ мекунанд. Сатрҳои пуррозаш ва ҳадафҳои некаш сарҳади таассуб, чорчӯбаи танги хурофот мешикананд. Ашъори ӯ бӯи накҳати гули умед мекунанд. Ба гӯши мо садои шаршараи сатрҳое, ки аз кӯҳи баланди биниши ӯ ҷорӣ мешаванд мерасанд. Таровиши ҳар каломи пур аз самимият ва моломоли ҳаяҷонбахшаш тараннумгари худи фалсафаи зиндагист, ки ба мо хонандагон умеди тоза ва орзуву омоли дурпарвоз ҳадя менамоянд.
    Бузургмеҳри Баҳодур ба хомаи худ ҷасорати қавӣ бахшидааст ва дар шеърҳояш ба мақоми инсон, хосса Модари бузургвор эҳтироми сазовор тақдим менамояд. Дар шеъри «Соати Модари ман хуршед аст» чунин сатрҳоро мехонем:

    Аз рақамҳои парешони умр,

    Рўзи мелоди маро медонад.

    Чӣ нозанин гуфта шоири боистеъдод! Модаре, ки вақту замон, рӯзи мелоди писарро бо вуҷуди парешонии замону ҳаводиси олам , бидуни соату тақвим дар умқи хотироташ ҳифз намуда. Ба назар чунин мерасад, ки Модари офтобӣ писари хуршедпарварро парвариш намуда! Ин шеърро борҳо, ба такрор бихонем симои зани тоҷики маъсум, фарзона пеши назар ҳувайдо мегардад ва иртиботи мустаҳками ӯро бо хуршеди осмонӣ пай мебарем. Дар ҳамаи шеърҳои дигари Бузургмеҳри азиз , ки ба мавзӯи модар бахшидааст изҳори бениҳоят муҳаббати дилсӯзона, дилошӯбонаро мехонем ва ёди модари кайҳо ҷаҳони фониро тарк намуда мекунем.
    Шоири умедбахш нисбати зан, кадбонуи зиндагӣ, чароғи хонадон низ бо як ҷаҳон ишқу муҳаббат ва эҳтиром тасвири ҷолиб бахшидааст. Дар шеъри «Зану шеъру шароб» низ мехонем: «Ба зан майлу ҳавас доим ҷавон аст,…» . Бале, чӣ хуб, агар майлу ҳавас нисбати зан пир нагардад, эҳтиром мудом ҷавон бимонад! Шоири боҳиммат ба вуҷуд ва ҳузури зан — баҳор ва ҳулули ҷаҳони сарсабзиро тавъам медонад:
    Баҳор аз маънӣ холӣ буд бе зан,

    Зану боғу гулоб аз як таборанд.

    Инчунин дар ин шеъри мазкур шоир равнақи илму адабро дар мақому манзалат, донишу биниши зан мебинад. Офарин ба шоири равоншинос ва мақомшинос!
    Дар шеъри «Аз шикори офтоб» мо бо асрори «Дил» ошно мегардем, ки аз ҷаҳони офтобу маҳтоб, аз сайри ҷаҳони кайҳон фуруд омада аст. Ӯ ба шикори ситорагон рафта, онҳоро вожгун сохта, сипас бо болҳои пур аз нуру ҷало ба замин фуруд омада аст ва таслими бӯи гули муаттар гаштааст. Диле, ки побастаи гулу шукуфоӣ аст, масту ошиқи олами чаманистон аст.
    Гаҳ замин ҷунбид, ў аз по нарафт,

    Гаҳ фалак ларзид, ў аз ҷо нарафт.

    Лек аз бўи гуле афтод маст,

    Ин қадар пурпечутоб омад дилам?!

    Мо хонандагони ашъори дилангези шоир Бузургмеҳр аз мутолиаи сатрҳои дилкаши ӯ меболем, ки меҳраш бузургу исмаш ҳам шойгони фазилату сифатҳои инсонии ӯст, ҳаловати зебоӣ ба даст меорем.
    Ба шоири азиз Бузургмеҳрҷон таманнои онро дорем, ки бо сатрҳое ҷаззобаш ба дарёи дили мо хонандагонро боз ҳам мавҷи шодӣ ва тараб бахшад. Бештар аз ашъораш майли зистан, ҳусну кубҳ, шаҳомот, таровати рӯзгори солим танинандоз гарданд. Бо шеърҳое, ки ба зиндагии инсон таровату бӯи гулҳои муҳаббатро зам месозад, камолоти эҷод мехоҳем ва бигзор шоир ба тасхири ҷаҳони гул, офтоб, ситоиши дили ҷӯянда машғул гардад. Бештар ба мақоми инсон, қудрату тавоноии ӯ бо хомаи ҳавсала тасвиру таровати хуршедӣ бахшад. Моро шодии беканори осмонӣ дар замини кӯчак ато намояд. Орзу дорем, ки аз макони Хуршед ҳар бор бо дастагулҳои рангоранг ва сатрҳои гарму ҷӯшон баргашта, ба қалбҳои сард гармии ишқ ба зиндагӣ меорад.
    Бо эҳтиром Шоистаи Равшан, нависанда, шаҳри Бешкек, ҷумҳурии Қирғизистон.

  • бУЗУРГМЕХР:

    БА ДАСТАНДАРКОРОНИ НАШРИЯИ ХУБИ МО — «ТОЧИКИСТОН» СИПОСУ ДУРУД МЕФИРИСТАМ. САРБАЛАНД БОШЕД, МУДОМ!

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner