Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Як асо аз беди хушки деҳаам

Айни замон устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров аст. Маҷмӯаи ашъораш таҳти унвони “Як чеҳра табассум” аз чоп баромадааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Эҳсон Раҷабӣ зодаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ).  Шуъбаи журналистика ва тарҷумонии ДДХ ба номи Б. Ғафуровро хатм карда, соли 2013 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Маҷмӯат-уш-шуаро”-и Фазлии Намангонӣ ва анъанаи тазкиранигорӣ дар адабиёти тоҷики охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ” ҳимоя кард.

Айни замон устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров аст. Маҷмӯаи ашъораш таҳти унвони “Як чеҳра табассум” аз чоп баромадааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

РУҶӮИ  ЯК МӮСАФЕД

Дар паси дарвозаи ту

Навҷавонӣ

Зору  музтар монд.

Мӯсиёҳӣ,

Дар суроғи кокулонат рафт,

Мӯсафедӣ,

Ҳамчу барфи боми модар монд.

Ҳолиё

Дар интизорам

Як асо аз беди хушки деҳаам,

Танҳои танҳо

Пуштаки дар монд.

Аз тиреза бинам акнун

Барф меборад,

Гиря кардам

Гиряам андар гулӯ дар монд.

ШАРОБИ МАН

Шароби ман

Аз ангуре, ки поҳои ту пахш кардаанд,

Нони ман

Аз гандуме, ки вақти майса буданаш

Дар миёнаш  лола  мечидӣ.  

Ва майсаҳо аз даври доманат  

Бўса  мечиданд,

Солҳост, ки

Аз борони бӯсаҳоят

Об менўшам. 

Нафас мекашам

Аз  ҳавои будани ту  

Ва ниёзе

Ба ҳавои дигар

Надорам.

Чанги пираҳанам

Аз роҳе,  ки туро

Ба ҳар сў мебурд

Ва маро  дар охир

Ба дасти сарди кўчае месупурд.

Эй кош,

Эй кош,

Ҳамон роҳ будам

То  ту

Туи азиз

Ба пошнаҳои баланди туфлии сурхат

Ба чаҳормағзи сарам

Тақ-тақ мезадиву  мешикастӣ

Ва пешониям  аз зарби пошнаҳои нағзи туфлият

Пош мехўрд.

ОБИ ЗАМЗАМ

Ман агар Каъба равам,

Оби замзам  орам.

Бибарам бар  сари чашма,

Чашмаи поки Ватан

Об овардани ман аз Замзам,

Нест аз баҳри савоб

Аз бари он ки биёрам

Обро бар сари об

То ки  он об хўрад

Аз ин об

То ки он об хўрад

Боре об

Ва бигўям дидӣ?

Чашмаҳомон аз он чашмаи Замзам зўр аст,

Чашмҳомон кўр аст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.