• Бахтовар Сафаров
  • 02.08.2019
  • 0

Кошонаи умеду армон

Бахтиёр Раҳмонов (Бахтиёр Раҳмониён)  29 майи соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Хатмкардаи  факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Айни замон дар Шабакаи «Фарҳанг»-и Радиои Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Муаллифи барномаҳои тафреҳӣ, ахлоқӣ ва ҳарбӣ, бо номҳои  «Фарҳангоро», «Маърифатафрўз» «Фарҳанги завқ» ва «Матонат» мебошад. Ҳамчунин, дар Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар шуъбаи тарбия ба ҳайси сармутахассис фаъолият дорад.

Ба адабиёт завқу шавқи беандоза дорад ва шеър ҳам мегӯяд.  То ба имрӯз ду дафтари шеъраш таҳти унвони «Меҳри Ватан» ва «Бахтнома» ба нашр расидааст. Узви маҳфили «Адибони ҷавон»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон —  «Чароғи абадӣ» (бо роҳбарии Рустами Ваҳҳоб) ва маҳфили «Ҳамешабаҳор» (бо роҳбарии Хайрандеш)  аст.

Бахтиёр ровии хуб аст. Садои дилпазир дорад. Махсусан дар қироати ашъори адибони классику муосир аз худ  маҳорати воло нишон медиҳад. 

Ҳамин аст, ки Маркази байналмилалии «Сипос» китобҳои «Насиҳат-ул-мулук»-у «Кимёи саодат»-и Имом Муҳаммади Ғазолӣ, «Чаҳоркитоб»-у  «Тазкират-ул-авлиё»-и Аттори Нишопурӣ, «Бўстон»-у «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Баҳористон»-и А.Ҷомӣ, «Қобуснома»-и У.Кайковус, «Футувватномаи Султонӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ» ва «Рисолаи Ҳотамия»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро  бо садои ў дар шакли китобҳои гўё (бо тарҳи ҷаддид) таҳияву пешниҳод кардааст.

ПОЯИ БАХТ

Аё, эй бахти давлат, тахти давлат,

Душанбе шаҳри нусрат, шаҳри ваҳдат.

Ту ҳастӣ тоҷиконро қиблагоҳе,

Тўи гулвожаи қомуси миллат.

Намоям васфи номатро агар сар,

Сухан гул мекунад дар рўйи дафтар.

Ба монанди кабўтар дар фазоят,

Ливои ковиёнӣ мезанад пар.

Яке суғдӣ, яке аз хоки Хатлон,

Дигар аз хоки зархези Зарафшон.

Бадахшию Ҳисориро Душанбе,

Бувад кошонаи умеду армон.

Тўи фазлу камоли мо, Душанбе,

Ҳаёти безаволи мо, Душанбе.

Ту ҳастӣ ёдгоре аз ниёкон,

Ту ҳастӣ шарҳи ҳоли мо, Душанбе.

Чаман сабзу ҳама ҷои Ватан сабз,

Шавад рўҳи ҳама андар бадан сабз.

Душанбе, эй макони илму фарҳанг,

Ба хокат мешавад шеъру сухан сабз.

Аё шаҳри умеду орзуҳо,

Тўи беҳтар зи ганҷу мулки Доро.

Умеди тоҷикони рўи дунёст,

Ки мегардад Бухоро дар ту эҳё.

Аё, эй кохи бахти Тоҷикистон,

Умеди рўзи сахти Тоҷикистон.

Набошад дар ҷаҳон чун тоҷ бе тахт,

Душанбе-пойтахти Тоҷикистон.

ОРМОНМАРДИ ИТТИҲОД

Ба устод Мирзо Турсунзода

Шеъри ту саҷҷодае дар саҷдагоҳи иттиҳод,

Ҳарфи саршори вафо андар нигоҳи иттиҳод.

Шеърҳои шуълаборат чун сипоҳи иттиҳод,

Ормонмарди Ватан будӣ ба роҳи иттиҳод.

Шаҳчанори ормони мардуми озода сабз,

То ки бошад дафтари ашъори Турсунзода сабз.

Ҳар куҷое чун падар будӣ парастори сухан,

Пуштибони шоирони сабзгуфтори сухан.

Баски будӣ чун сипаҳсолору сардори сухан,

Мекашидӣ сўи фардо бо қалам бори сухан.

Шаҳчанори ормони мардуми озода сабз,

То ки бошад дафтари ашъори Турсунзода сабз.

Дар ҷаҳон, дар ҳар диёре мардуми озода ҳаст,

Шеър ҳасту аз муҳаббат дафтаре бикшода аст.

Ҳар касе аз миллату меҳан сухан сар мекунад,

Ибтидо ҳусни каломаш номи Турсунзода аст.

Шаҳчанори ормони мардуми озода сабз,

То ки бошад дафтари ашъори Турсунзода сабз.

Бо супоришҳои халқи некбини хештан,

Ҷаҳд кардӣ баҳри рушди сарзамини хештан.

Нашр кардӣ Сулҳу Ваҳдатро ба олам бо сухан,

Такя мекардӣ ба фарҳанги матини хештан.

Шаҳчанори ормони мардуми озода сабз,

То ки бошад дафтари ашъори Турсунзода сабз

РЕЗАГУФТАҲО

Аз рафтани ту домани дил пурхун аст,

Оҳанги видои ту аҷаб маҳзун аст.

Гуфтори ҳама ба пеши ту бемаъност,

Дар матни сукути ту басе мазмун аст.

***

Агар маҳорати таҳрири хатти раҳ дорӣ,

Ба сарзамини ҳаққиқат расидан осон аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner