• Бахтовар Сафаров
  • 11.08.2019
  • 0

Кунун ман ошиқи дардам

Мунир Мутриб (Муниршоҳ Гадоев) 12 декабри соли 1995 дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 2018 факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Аз соли 2015 омӯзгори фанни химия дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Шоҳмансур ва аз моҳи январи соли 2016  муҳаррири бахши илмҳои дақиқ ва рӯзноманигори нашрияи «Пайрав»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Меҳри шеъру шоири дар дили ӯ оташаки худро фурӯзон намуда, аз солҳои аввали донишҷӯияш то ҳол узви маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и устод Хайрандеш мебошад. Китоби шеърҳояш дар арафаи чоп аст.

ҶОНАМ  ФИДОИ  МОДАР

Ҷонам  фидои  модар, ҷонам  фидои  модар,

Дар  ин   ҷаҳон  саросар  гаштам  гадои  модар.

Модар  замин  бигӯям,  модар  замон   бигӯям,

Пурнуру ахтарафшон бошад самои модар.

Дар мавсими баҳорон  гулҳои  нав  шукуфанд,

Дар  чорсўи бедар хоҳам садои  модар.

Лаънат ба он, ки н-орад  ёде  зи  модари  хеш,

Дил хун шуда зи ёдаш, ҷон мубталои модар.

Ду  дида  нам  гирифта,  ин  сина  ғам  гирифта,

Дар  интизори  модар, бинам сафои модар.

Гашта  Мунири танҳо, танҳотар аз замона,

Танҳо барои модар, танҳо барои модар.

ОШИҚИ ДАРДАМ

Кунун ман ошиуи дардам,

Ҳамон дарде, ки қалби хастаро сӯзад,

Ҳамон дарде, ки ҷисму ҷон барафрӯзад,

Ҳамон дарде, ки аз меҳри зиёд аз нав,

Дили маъшуқро бар хеш бардӯзад,

Ки он дарди гаронам дарди виҷдон аст.

Кунун ман ошиқи дардам,

Замоне мешавад рангин ҷаҳони бесаробоне,

Замоне боз месӯзад ҳамон зулфи парешоне,

Замоне хандаи тифлонае орад насими дард

Замоне боз механдад ҳамон модар ба ранги зард.

Ҳамон дарди муборак дарди имон аст.

Кунун ман ошиқи дардам.

Ба гулгашти чаманзорон саду як хор мерӯяд,

Чаманзори муҳаббатро азизи дил намебӯяд,

Гуле аз хор мешармад, ки дар бандаш  бирӯёндаст,

Муҳаббатхор дар мағзи танаш роҳи ҷигар ҷӯяд.

Ҳамон ҳам дарду дармон аст.

ДИЛАМ ДИЛ ЗАД…

Дилам дил зад, ҳабиби дил, куҷоӣ?

Давои дил, табиби дил, куҷоӣ?

Ба чашми ташнаи ман ашк омад,

Чу гул хандид, дилро рашк омад.

Чароғи меҳри ту дар хонаам сӯхт,

Ба гирди шамъи ман парвонаам сӯхт.

Намегирям чу ашки абри найсон,

Дилам дил зад, ҳама кошонаам сӯхт.

Сано бар фитрати мастонаи дил,

Ки ман  хам оламе аз дил бисозам,

Барои ашки гумгашта ба саҳро

Даме бо хандаи гулҳо бинозам.

***

Баъди ту замину осмон гиря кунад,

Қалби ҳама мардуми ҷаҳон гиря кунад.

Баъди ту кабӯтаре наорад хати ишқ,

Сад нома ба даст номахон гиря кунад.

***

Баъди ту дар ин шаҳр ҳама хомӯшанд,

Овораву бечораву ҳам сархушанд.

Баъди ту ниҳоли орзу хушкида,

Дар рафти сафар гули сияҳ бифрӯшанд.    

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner