• Бахтовар Сафаров
  • 06.09.2019
  • 0

Ман шаҳсаворам дар ҷодаи ишқ

Кӯҳзоди Фатҳулло зодаи шаҳри Панҷакент аст. Соли 2005 факултети геологияю маъдани ДМТ-ро хатм намуд ва меҳри шеър ӯро ба факултети филология овард, ки онро соли 2010 хатм намуд.

Фаъолияти худро дар Телевизиони “Регар” оғоз карда, ҳоло муҳаррири «Телевизиони Тоҷикистон» ва муаллифи барномаҳои “Адиб ва Истиқлол”, “Минбари сухан”, “Парвози сухан”, «Пайроҳаи сабз», «Базми шеър» ва «Атри сухан» мебошад.

Бехабар

Дар базми висоли дӯст шоме, 

Ҳамроҳи рафиқҳош як мард.

Бо пираҳане, ки  обшуста-ст,

Хурсанд зи бахт, рақс мекард.

Писханд зада зи дур як зан,

Бар сӯи зани дигар бигӯяд:

Сад пора шавад либоси ин мард,

Як оби дигар занаш  бишӯяд.

Азбаски миёни ҳамсабақҳош,

Бечоратарину камбағал ӯст.

Бо ин ҳама нобаробариҳо,

Гап мешунавад  зи душману дӯст.

Он зан, ки ба ҳоли ӯ бихандид,

Донед, ки ҳамсараш ғанӣ ҳаст.

Нозида зи молу мулки  шавҳар,

Кораш ҳама умр манманӣ ҳаст.

Ӯ лек хабар надорад аслан,

Аз макру фиреби  шавҳари худ.

Вақте ки бидид маҳрухеро,

Аз ёд бибурд ҳамсари худ.

Бо он ҳама молу мулк шавҳар,

Бо сад зани ғайр ҳамканор аст.

Парвои занаш надорад, ӯро

Дар хона агарчӣ  интизор аст.

Ин марди фақири  побараҳна,

Аз зиндагӣ ифтихор дорад.

Дар синаи худ дили пур аз меҳр,

Аз баҳри ҳамон нигор дорад.

Ҳарчанд ки сарватат зиёд аст,

Ҳаргиз ту магӯ дурушт  касро.

З-он пеш, ки бар касе бихандӣ,

Боре бинигар ту пешу пасро.

Модар

Агар дунё маро номуҳтарам  бинад,

Ба гуфти ҳазрати Лоиқ маро бо чашми кам бинад.

Чӣ ғам бошад, ки ман фарди накӯ ҳастам,

Накуҳарфу накукору ва ҳам бообрӯ ҳастам.

Ман аз ҷамъи шаҳони рӯйи дунё беҳу болоям,

Агарчӣ бепулу молу агар бе ганҷи дороям.

Маро гарчӣ тамоми одами олам бигӯяд бад,

Маро андар тамоми маърака созанд агарчӣ рад.

Валекин боз дасти худ ба рӯи сина кӯбам ман,

Ки хуби хуби хуби хуби хуби хуби  хубам ман.

Агар маҳбубаи дунёпарасти ман,

Ба ишқи молу мулки ин ҷаҳон афтода масти ман.

Бигӯяд, эй гадои рӯи раҳ, бар ман чӣ даркорӣ,

Агар вақте бароям ганҷи дунёро намеорӣ?

Вале ӯ бехабар бошад, ки ман дорои дороям,

Даруни қалби гарму чашми хушбин ҷовидон ҷоям

Ва инро нағз медонам,

ки ман аз беҳтарини беҳтаринонам,

Фақат дар чашми ту , Модар!

Фақат дар чашми ту , Модар!

Ман кӯҳзодам

Ман кӯҳзодам, ту шаҳрзода,

Ман масти ишқам, ту масти бода.

Ман шаҳсаворам дар ҷодаи ишқ,

Ту андар ин раҳ ҳастӣ пиёда.

Пар во намуда сӯям наойӣ,

Сӯйи ту оям ман пар кушода.

Шодӣ бубахшам баҳрат, валекин,

Аз реги дарё дардат зиёда.

Он сон ту ҳастӣ бераҳму дилсанг,

Мемурдам, эй кош, ман дил надода…

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner