• Бахтовар Сафаров
  • 11.09.2019
  • 0

Меравам бо аллаҳои модари дарё ба хоб

Бобаки Суғдӣ (Эшназаров Абдумалик) 10 марти соли 1988 дар рустои Ровадини ноҳияи Панҷекат таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта,  Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекатро хатм кардааст.

Шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр расида, маҷмӯаи нахустинаш таҳти унвони «Баҳори ишқ» соли 2010 аз чоп баромад. Аз соли 2017 узви ИНТ мебошад

БАҲОР МЕРАСАД !..

Баҳор мерасад,

Ба гӯши ҷон

Навои набзи беқарор мерасад,

Зи тангнои кӯҳҳо

Садои нойи чашмасор мерасад.

Барои дидани дарахтҳои чашминтизор

Дубора мерасад зи роҳ баргу муғча, фавҷи гул.

Зи лобалои боғҳои сабз

Ба самъи кас навои сор мерасад.

Зи батни хок сабзаҳои сабз медаманд,

Замин шабеҳи наварус мешавад,

Чу лола бо нигоҳи пурхумор мерасад.

Булури ашки абр мефитад ба хок,

Ба мисли ашкҳои модарон,

Ки дар гуселу пешвоз,

бо ҳазор дарду изтироб.

Ба мисли қатраи симоб қатра-қатра аз дари ду дидаи ҳазин

Ба остони чашми ашкбор мерасад.

Дурахши тоҷи офтоб

Ба чашм мехӯрад зи мармари ҷабини кӯҳ,

Ки зери бори барф

Сапеду нуқравор мерасад.

Зи кӯчаҳо

Садои кӯдакони шод

Чу нағмаҳои кабки кӯҳсор мерасад.

Замони ишқу ошиқист,

Ниҳоли қомати нигор

Ба осмони чашм қад кашида мешавад баланд,

Ва шохи дасти ошиқе, ки ғарқи меваи навозиш аст,

Ба дӯши зулфи ёр мерасад.

Фазои софу беғубор,

Танини гомҳои боди субҳидам,

Насими атри домани гули чаман,

Садои шилдироси об,

Шуои гарми офтоб

Дубора мужда медиҳад, ки аз канори ҷодаҳо :

Баҳор мерасад,

Баҳор мерасад !

ДАРГОҲИ ПАДАР

Дар лаби боми падар лолахасак

Мезанад шаъшаъа чун тоҷи хурӯс.

Дар кафи дасти дарахт овезон,

Монда оинаи маҳчун фонус.

Нони гарм аст ба саҳро қоқу,

Домани дашт чу дастархон аст.

Гули печак чӣ қадар чашмрабост

Мисли зангӯла, ки овезон аст.

Об чун хуни равон дар раги ҷӯ

Медавад ин ҳамагӣ беором.

Бӯи атри нафаси гарми баҳор

Аз дами бод биёяд ба машом.

Бод ҳар сӯ ба ҳаёҳуи зиёд

Ҳамчунон тифлии ман дар тоз аст.

Дару дарвоза чу дастони падар

Бо муҳаббат тарафи ман боз аст.

Ҳар гаҳ аз роҳи сафар меоям,

Дилам аз нури фараҳ пур гардад.

Ашки шодӣ зи сари мижгонам

Қатра-қатра бичакад, дур(р) гардад.

Остони падарамро ҳар бор

Мезанам бӯса чу хуршеди саҳар.

Саҷда орам чу ба меҳроби Худо

Бар дари хонаву даргоҳи падар.

ҒАЗАЛ

Аз кӯҳистонам, ҳарири сангро болин кунам,

Аз матоъи сабзаву гулҳои тар қолин кунам.

Мекашам ман рӯкаши маҳтобро бар рӯи худ,

Хокро бистар, фурӯғи моҳро озин кунам.

Мебароям бар тамошои чароғи сояҳо,

Шом оҳанги тулӯъи хӯшаи парвин кунам.

Зиндагӣ, ки мегурезад аз камони лаҳзаҳо,

Аз шуои рангаи рангинкамон рангин кунам.

Сура хонам бо тиловатҳои боди навбаҳор,

Бо дуои сабзи баргони дарахт омин кунам.

Меравам бо аллаҳои модари дарё ба хоб,

Хобро бо ёди ғамҳои Ватан ширин кунам.

Ҳамчу Рустам бар набарди зиндагӣ омодаам,

Аспи гардунтози бахти хештанро зин кунам!

Ҳар кӣ по бо қасди бад бар Меҳани ман мениҳад,

Беибо бо гурзи муштам бар замин парчин кунам.

Пуштаҳо чун пуштибон дар пушти ман истодаанд,

Бим кай аз лашкари турку муғулу чин кунам?

Ҳар куҷо ғамҳои Меҳанро барам чун зоди раҳ,

Ҳар куҷо андешаи ин халқи некоин кунам.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner