• Бахтовар Сафаров
  • 08.08.2019
  • 1

Аниса: Аз кулли ҷаҳон хаста шудам

Аниса  Манонова  13-уми ноябри соли  1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна бо сабабҳои мухталиф наметавонад таҳсилашро идома дихад. 

Аз хурдӣ ба шеъру адаб шавқи беандоза дорад ва ашъори шоирони классик ва муосирро мутолиа мекунад.  Ин меҳру алоқа аст, ки худаш ҳам шеър менависад. Намунаи эҷодиёти ӯро пешкаши шумо мекунем:

Ба Худо  аз худу аз кулли ҷаҳон хаста шудам,

Зи фазои ғаму андӯҳи замон хаста шудам.

Дили бечораи ман сангиву фулодӣ набуд,

Зи ҳама дарди дилу кандани ҷон хаста шудам.

Ман аз ойини ҷафо, расми хато безорам,

Дигар аз ойинаи дарднишон хаста шудам.

Чӣ бало тақдири баргаштаву даврони хазин,

Зи қазову зи ҷазову зи зиён хаста шудам.

Ситами ишқу аламҳои дилам ашк шуданд,

Бирав, эй ғуссабиёр, аз ту чӣ сон хаста шудам.

Ту надонӣ, ки чӣ ранг аст  хатар мурдани дил,

Дигар аз мотаму андӯҳи гарон хаста шудам.

Барои бехтарин дӯсту хамрозам…

Магу, ки дер шуд тайёраи бахту накуӣ рафт,

Худое ҳаст, азизе ҳаст, дуое ҳаст.

Ба роҳи қисмати бераҳму ранҷи беш,

Ба бовар бош, як мушкилкушое ҳаст.

Агарчи гаштаи қурбони ин тақдир,

Худоям чораву тадбир месозад.

Зи ашки бегуноҳии ту аз ин пас,

Ҳазорон абрро занҷир месозад.

Дар ин зиндони ҳастӣ дод бояд гуфт,

Фақат озодиву девонагӣ бояд.

Чу ту олиҳаи зебои ин дунё,

Дар ин ғурбатсаро фарзонагӣ бояд.

Ману ту дардҳои муштарак дорем,

На, балки ғуссахои кулли ин дунё.

Бароям хурдани ғамҳои ту қарз аст.

Бароям менамоӣ равзани фардо.

***

Дар қалби ту бар ман, ки набуд ҷой, намонам,

Аз шаҳри ту бори ғаму ҳасрат бикашонам.

Абри сияҳе, дар ғами худ сахт бигиряд,

Ман ҳам зи ғамат ашки зиёде бифишонам.

Овораву саргашта ба ҳар гӯшаи тақдир,

Ахбори дили хастаи худро бирасонам.

Дар вазну кавофиву дар ин даҳр нағунҷад,

Ғамнома, аламномаи  андуҳи гаронам.

Ин соати дил пораву бишкаста ба девор,

Ман аз паси ҳар сонияи умр давонам.

Чархи фалаке давр занад ғусса биёрад,

Ман қасд аз ин хомаи бечора ситонам.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • ЛОЛА:

    Ин гуна истеьдодхоро бояд беимтихон ба Донишгох кабул карда тарби намоянд….. Ку Бокиву Турсунзода?!

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner