Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шароби садсола

Чанд муддат омӯзгорӣ намуда, айни ҳол дар ширкати байналмилалии роҳу кӯпруксозии “Синдзиян Бейсин”-и ҶМ Чин фаъолият мекунад.

Иброҳимҷон Дӯстализода соли 1991 дар деҳаи Варзикандаи Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети суханшиносии ДМТ аст. 

Чанд муддат омӯзгорӣ намуда, айни ҳол дар ширкати байналмилалии роҳу кӯпруксозии “Синдзиян Бейсин”-и ҶМ Чин  фаъолият мекунад.

Намунаи шеърҳояш дар матбуоти даврӣ интишор ёфтаанд. То имрӯз се маҷмуаи шеър — “Дуруд, фардо”(2012), ”Мусиқии нафас”(2016) ва “Пайи имдоди гул”(2018) ба нашр расонидааст. Ҳамчунин, маҷмӯаҳои илмӣ-публитсистии ӯ –“Чашмандози фолклори баъзе деҳаҳои Панҷакент”, ”Тулуъи беғуруб” ва “Аз пайроҳаи пурхатар то шоҳроҳи бузург “ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

НИЛУФАР

Эй дасти дуои моҳиён, нилуфар,

Эй покии ишқи обиён, нилуфар.

Поят ба ҷаҳони нур рӯ сӯи само,

Як ҷисми наҳифи ду ҷаҳон, нилуфар.

 МЕҲРИ МЕҲАН

Қуввае мекашад маро сӯят,

Ҳамчу оҳанрабой оҳанро.

Олиме ку ки ошкор кунад,

 Қуваи ҷазби меҳри меҳанро. 

ШАРОБИ САДСОЛА

Андар ин лаҳзаҳои танҳоӣ,

Дар таҳи токи боғи бобоӣ

Ангури хотираҳо бифшурдам.

Чӣ қадр ширин аст ,

Шароби садсола

Зи дасти соқии вақт….

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.